Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо барои рушди инсон ва ҷомеа
- Панҷшанбе, Фев 16 2023
- Андешаи муҳаққиқон
Тайи даҳсолаҳои охир бо ба вуҷуд омадани мушкилоти сершумори ҷомеаҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамчунин мушкилоти экологӣ ҷомеаҳо аз таваҷҷӯҳ ба рушди иқтисодӣ ба баррасии тамоми ҷанбаҳои рушд, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ гузаштанд. Барои таъмин намудани таърифи дақиқи мафҳуми рушди устувор ва тарзи ташаккули он таърихи мухтасари раванди рушди стратегияҳои миллии рушди устувор зикр шудааст.
Аз нигоҳи Комиссияи ҷаҳонии муҳити зист ва рушд, рушди устувор рушдест, ки ба ниёзҳои насли имрӯза ҷавобгӯ буда, ба қобилияти наслҳои оянда барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо осеб нарасонад. Ин таъриф тасдиқ мекунад, ки дар ҳоле ки рушд барои қонеъ кардани ниёзҳои инсон ва беҳтар кардани сифати зиндагӣ зарур аст, ин рушд бояд бидуни кам кардани зарфияти муҳити зист дар қонеъ кардани ниёзҳои ҳозира ва оянда анҷом дода шавад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, баъзе кишварҳо дар сатҳи миллӣ стратегияҳо таҳия ва амалӣ кардаанд. Ҳуҷҷати рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид 2030 таҳти унвони " Тағйир додани ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 17- ҳадаф ва 169 ҳадафро барои аз байн бурдани камбизоатӣ, мубориза бо нобаробарӣ ва ҷилавгирӣ аз тағирёбии иқлим дар 15 соли ояндаро дар бар мегирад". Стратегияҳои миллӣ бояд ба татбиқи Ҳуҷҷати рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шуда ҳамчун ҳуҷҷати сатҳи баланд мувофиқ бошад.
Се сатҳи таҳияи сиёсат вуҷуд дорад: сиёсатҳои асосӣ, сиёсатҳои стратегӣ ва сиёсати амалиётӣ. Сиёсати асосӣ мақсадҳои асосии мамлакатро ифода намуда, аз ҷиҳати шумора хеле кам ва аз ҷиҳати миқёс хеле васеъ аст. Сиёсати стратегӣ барои пешбурд ва амалӣ намудани сиёсатҳои асосӣ таҳия карда мешавад ва сиёсати амалиётӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилотҳоро муайян мекунад.
Стратегияи миллии рушди устувор "маҷмӯи ҳамоҳангшудаи равандҳои муштарак ва пайваста такмилшавандаи таҳлил, муҳокима, эҷоди тавонмандӣ, банақшагирӣ ва сармоягузорӣ, ки ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ҷомеаро бо мақсади ноил шудан ба мувозинат муттаҳид мекунад". Стратегияи муассири рушди устувор саъю кӯшишҳо ва тавонмандиҳои ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро барои эҷоди дурнамо барои ояндаро муттаҳид мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. Стратегияи миллии рушди-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рўзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.
Диққати асосӣ дар Ҳадафҳои рушди устувор ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.
Машваратҳои миллӣ аз рўи рўзномаи Ҳадафҳои рушди устувор имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмўи тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушд-2030 инъикос ёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо: маориф, тандурустӣ, шуғл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд.
Тоҷикистон кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд. Биниши ояндаи дарозмўҳлати кишварамон - нигаҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некўаҳволии мардум бетағйир боқӣ мемонад. Рисолат, ё моҳияти пешрафти минбаъда – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфон, аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Дар паёми навбатӣ низ беҳтар намудани масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафт.
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хизмат намудан, ҳамзамон хислати илҳомбахширо дорост. Паёми Пешвои миллат ҳар як шаҳрвандонро ба корҳои созандагиву бунёдкории ҷомеа раҳнамоӣ намуда, бо ин восита барои бештару беҳтар ободу зебо гардидани ватани азизамон замина мегузорад. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ устувории суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ваҳдату ягонагии мардум омили асосӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу оромӣ расидан ва саҳм гузоштан ба корҳои ободониву созандагии ҷомеа вазифаи ҳар шахси худшиносиву ватандӯст мебошад. Ба қавли Пешвои миллат, давлати моро ба ҷуз худамон, касе аз бегонагон омада, обод намекунад.
Зиёзода Н. И
ходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ходими илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции