casino malaysia
casino malaysia
«Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст!»

wrapper

  Ҳамасола 9 сентябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.  Ин сана дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Бахшида ба ин ҷашни бузурги миллӣ ба унвонии АМИТ «Ховар» мақолаи ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:
 — Дар воқеъ, Истиқлолиятияти давлатӣ озодии ҳар як фард ва дар маҷмӯъ тамоми миллат ва шаҳрвандони мамлакатро дар вазъи ҳукми ҳамагонии қонун замонат медиҳад. Ба даст овардани озодии сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро дарёфт намоем. Аз ин рӯ, мо бояд дар бунёди давлати соҳибистиқлолият бо ифодаи иродаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем, то битавонем, ҷомеаро ба пояи баланди рушди «иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ бардорем», бахусус, дар вазъи  нави муносибатҳои  байналмилалӣ, ки тарбияи худшиносии миллӣ  ва ватанпарастӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад.
  Соҳибистиқлолият будан аллакай худ маънои доштани тафаккури  озод  ва соҳибихтиёриро ифода менамояд.Ба  ибораи дигар,   як инсон метавонад дар анҷоми корҳои худ озод бошад, аммо аз истиқлолиятияти камтаре дар корҳояш баҳраманд гардида, он корро бо ёрии дигарон  ба анҷом расонад. Пас, он инсон озод аст, вале истиқлолиятияти нисбӣ дорад, на истиқлолиятияти комил. Аз тарафи дигар, агар як инсон ё миллате имконият дошта бошад, ки мустақилона кореро анҷом диҳад, вале бар сари роҳи ӯ монеа пайдо шавад, он инсон ва ё ҷомеа мустақил ҳаст, аммо комилан озод нест.
Ҳамин тавр, алоқамандии мафҳуми “истиқлолиятият” ва озодиро чунин хулоса намудан мумкин аст, ки озодӣ ба маънои набудани монеа барои анҷоми корҳо тавассути як шахс ё як миллат аст ва фарқ надорад, ки он мустақилона сурат мегирад ё ғайримустақилона. Аммо истиқлолият ба маънои тавоноии худ ба худ ва ба танҳоӣ анҷом додани корҳоро мефаҳмонад, ки ҳатман шахс ё ҷомеа бояд озод бошад, то битавонад он корро анҷом диҳад.
Бояд  зикр кард, ки фаҳмиши истиқлолият ва озодӣ бояд танҳо як баҳс ё гуфтӯги  расмӣ набошад, балки он бояд ба як баҳси хеле ҷиддӣ дар сатҳи илмӣ, табдил ёбад. Имрӯз дар бисёр  кишварҳои ҷаҳон падидаи  «истиқлолият» маҳбубияти зиёде пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз, сиёсати истиқлолиятиятхоҳӣ  бояд хусусияти илмӣ дошта бошад, зеро илм арзиши мустақил дошта, фашанги ҳама гуна пешрафти идоракунии давлатдории миллӣ мебошад.  Яъне ҳифзи истиқлол ин ҳимояи  давлату миллат  ва манфиатҳои  миллӣ  ба ҳисоб меравад.
  Беҳуда нест, ки мафҳуми   «истиқлолият» дар амалия ҳамчун истиқлолияти олӣ ва  мустақилият истифода мешавад, ки   яке эълон мешаваду  дигаре эътироф. Ҳамин тавр, соҳибистиқлолии  кишвари моро  айни замон 192  давлати дунё  эътироф кардаанд ки инро истиқлолияти том меҳисобанд. Агар  соли 2013 равобити дипломатии Тоҷикистон  бо 128 кишвари ҷаҳон  барқарор гардида бошад, соли 2020 шумораи онҳо ба 178 расидааст, ки  ин  тақвияти эътирофи истиқлолияти давлатдорӣ мебошад. Инчунин, формулаи маъмули маънои истиқлолият волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст. Ҳамин аст, ки имрӯз  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтаанд ва кишварҳои ҷаҳон  онро  ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор эътироф кардаанд.
  Бояд тазаккур дод, ки имрӯз мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандорӣ пайваста заҳмат кашему мардумро дар рӯҳияи  ватанхоҳию ватанпарастӣ тарбия намоем.
Хамин тавр, мо бояд идеология ё ин ки роҳҳои  ҳифзи  истиқлолияти сиёсиро ташвиқу тарғиб намуда, муҳимияти онро барои  бақодории миллат баррасӣ карда тавонем. Барои ҳалли ин гуна масъалаҳо аз нигоҳи назариявӣ бояд тамоми дастоварду арзишҳои миллиро ба истиқлолияту озодӣ вобастаю пайваста донем. Аз тарафи дигар, усул ё идеологияи муносибатҳоеро ба миён овардан лозим меояд, ки  барои рушди ояндаи давлату миллат ва худшиносии миллӣ хизмат намуда тавонад.
Ҳоло дар замони ҷаҳонишавии босуръат хавфу хатар  на фақат ба фарҳангҳои миллӣ таҳдид мекунад, балки  ба соҳибистиқлолиятии давлати миллӣ низ таҳдид дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои нигоҳдории истиқлолияти миллӣ аз таҳдидҳои гуногун бар асари ғолиб шудани нақшаҳои корпоратсияҳои трансмиллӣ ва нуфузи бештар пайдо кардани шабакаҳову иттиҳодияҳои сиёсии минтақавӣ, аз қабили панисломизм ва пантуркизм аз тамоми роҳу воситаҳо истифода бояд бурд. Истодагароӣ  дар ин самт, пеш аз ҳама, ба ташаккули  идеологияи миллӣ  вобастагӣ дорад.
  Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки барои татбиқи барномаҳои  рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки имрӯз симои кишварамонро ба куллӣ дигаргун сохтаанд, талош намоем. Пешрафтҳои дар ин самт ба даст овардаамон ҳама самараи истиқлолияти сиёсӣ мебошанд ва мо  вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани маҳбубамон, бо худогоҳии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ боз ҳам афзуну устувортар гардонем.
  Ҳамин аст, ки  сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвардар ин самт имрӯз намунаи беҳтарини ташвиқу тарғиб мебошад, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои маънавии истиқлолият ва ҳувияти миллӣ заминаи воқеӣ  мегузорад. Дар ин росто, дастоварду арзишҳои ниёгон, китобдорию маорифпарварӣ, комёбиҳои қадимаи шаҳрдорӣ, ҳунармандӣ бузургтарин нишонаҳои соҳибтамаддун будани миллати тоҷик мебошанд, ки дар хотираи таърихии мардумони мо нақши абадӣ доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолиятӣ  бо ташаббуси  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳомоти  шаҳру диёру кишвар  боз ҳам  боло  рафт, соҳаҳои  гуногуни  ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам қавитар  намуданд.Ташаббусҳои Пешвои миллат ҳамчун  Сарвари  сиёсӣ  дар сатҳи  ҷаҳонӣ  вобаста ба пешниҳодҳои  илмию  амалӣ беназиранд. Барои рушду инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар  дар замони соҳибистиқлолиятӣ ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат ифодагари мақому мартабаи баланди Пешвои миллат  ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист.
  Хулоса, қобили зикр аст, ки  ҳеҷ мутафаккир ва ҷомеашинос  озодии мутлақ ва номуназзамро намеписандад. Ҳар қадаре,  шаҳрвандони мо ҳуқуқу озодиҳои худро донанд, худшиносу худогоҳ бошанд, бо ҳамон андоза дар рушду нумӯи  соҳибистиқлолиятии кишвар  нақш гузошта метавонанд. Имрӯз ҳифзу нигаҳдорӣ ва  эҳтироми  истиқлолияти давлатӣ барои  ҳар як шаҳрванд ва тоҷикони  бурунмарзӣ   бузургтарин  арзиш ва дороии   миллӣ  ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд  тамоми  дастовардҳои  замони соҳибистиқлолиятиро ба соҳибистиқлолиятӣ  ва  сарвари сиёсии давлат вобаста дониста, ба хотири дар амал  татбиқ намудани ҳадафҳои миллӣ истиқлолияти  давлатиро  бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ  эътироф намоем.
Абулқосим Лоҳутӣ дар ин бора хуб гкуфтааст:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,
Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест.
Муборак бод озодӣ ва истиқлолияти миллӣ!

Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
https://khovar.tj/2022/08/zindag-ozodii-insonu-isti-loli-st-andesha-oi-noibi-prezidenti-akademiyai-millii-ilm-oi-to-ikiston-doktori-ilm-oi-siyos-professor-abdura-mon-mu-ammad/ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia