Кароматулло Олимов: «Донишмандон таълимоти офтобмарказиро бузургтарин кашфиёти Берунӣ хондаанд»
- Душанбе, Июл 25 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Бо пешниҳоди ҳамсоякишварҳо – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия ЮНЕСКО 1050-солагии мутафаккири тоҷики Хоразм Абурайҳони Беруниро ба рӯйхати муҳимтарин ҷашнвораҳои солҳои 2022 - 2023 шомил намудааст. Акнун ҷашни олим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ба таври густурда таҷлил мегардад, ки боиси ифтихор мебошад. Воқеан ҳам, Абурайҳони Берунӣ дар ақсои олам аз бузургтарин алломаҳои асрҳои миёна эътироф шудааст. Аз омӯзиши зиндагинома ва мероси илмии донишманди забардаст метавон хулоса намуд, ки ӯ дар илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ, нуҷум, география, этнография, геология, ботаника, антропология, фармакология, таърих таҳқиқот бурда, бо кашфиёту назарияҳои саҳеҳи худ олами илмро мунаввар сохтааст. Дар доираи таҷлили солгарди Абурайҳони Берунӣ хабарнигори «Ҷумҳурият» бо академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар атрофи дастовардҳои беназири ин нобиға, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд, суҳбат орост.
- Абурайҳони Берунӣ донишманди зуфунун буд ва қариб дар ҳамаи соҳаҳои илм таълифот дорад. Гузашта аз ин, оламиён ӯро чун як пажӯҳишгари ихтироъкор шинохтаанд, ки ин ҳақиқатест бе баҳс. Агар сухан атрофи муҳимтарин кашфиёти Берунӣ равад, дар ин шумор кадоме аз онҳоро метавон номбар кард, ки боиси сабти исми ӯ дар таърихи башарият гардидааст?
- Ба шаҳодати муҳаққиқон, Абурайҳони Берунӣ тамоми илмҳои замонашро аз бар кардааст. Аз осори боқимондааш маълум аст, ки ба атроф ва пайдоиши одаму олам назари олимона меафканад, ба ҳар илме, ки рӯ овардааст, дар он ба бозёфти ҷолибу бемисл даст ёфта ё дар ин замина назари илмиву фалсафии худро мушаххас изҳор доштааст. Дар осораш, аз ҷумла дар бораи физика, коинот, нуҷум, астрономия, андеша меронад, ки бозёфтҳои бикраш то ҳол дар олами илм маълуму машҳуранд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Чунончи, масоҳати Заминро бори нахуст ӯ муайян намуд ва он аз ҳисобҳои имрӯза, ки донишмандон анҷом додаанд, хеле кам тафовут дорад. Саҳми ӯ дар илми риёзӣ, хосса инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид сохтани назарияи ададҳои бутун низ бузург аст. Дар ин росто кашфиёти зиёди Беруниро дар илми ҷуғрофия - пастиву баландиҳо ва умқи замин, маъданҳои қаъри он ки дар ин бора дар осораш маълумот додааст, дар он даврон метавон беназир донист. Ва, албатта, ин ҳама дар илм кашфиёти ҷолиб ва заминаи хубе барои оянда гардид, ки дар асоси он донишмандон боз чандин бозёфтҳои нави илмӣ намудаанд. Агар гап сари муҳимтарин кашфиёти ӯ равад, бояд бигӯям, ки муҳаққиқон ғояи таълимоти офтобмарказиро бузургтарин кашфиёти Берунӣ унвон кардаанд. Воқеан ҳам, ӯ аввалин донишмандест, ки низоми геосентризмро (таълимоти юнониёни қадим дар бораи Замин, ки гӯё Замин маркази беҳаракати Коинот буда, Офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи он давр мезадаанд) зери суол мегузорад ва низоми гелиомарказии оламро (таълимоте, ки Офтобро маркази ҳаракати сайёраҳо ҳисоб менамояд) пешниҳод мекунад. Ҳарчанд барои бо идеологияи замонаш муқобил нашудан, низоми заминмарказиро низ эътироф кардааст.
- Аммо, устод, дар ин маврид андешаи дигаре низ ҳаст, ки тибқи он, астрономи Лаҳистон Коперникро муаллифи низоми гелиомарказӣ мешуморанд.
- Дуруст гуфтед, чунин андешаҳо мавҷуданд ва ба ин, аслан, онҳое бовар доранд, ки аз таърихи илми Шарқ, хосса аз осори Абурайҳони Берунӣ, бехабаранд. Ҳол он ки Берунӣ садсолаҳо пеш аз Коперник илми нуҷумро омӯхтаву дар мавриди гелиомарказӣ андешаи илман асоснок пешниҳод намуда буд. Ин кашфиёт дар олами илм ниҳоят муҳим ва дорои аҳамияти хос буд. Ӯ дар ин бора, аз ҷумла дар китоби «Қонуни Масъудӣ» чунин иттилоъ додааст: «Офтоб барои дигар ситораву сайёраҳои гирди он манбаи нигаҳдории тартиби ҷойгирии онҳо мебошад ва мақоми он дар байни онҳо ба мисли мақоми подшоҳ аст дар нисбати мамлакат. Ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ба ҳаракати Офтоб вобаста мебошад, он ҳаракати дигар ҷирмҳоро идора менамояд». Бо гузашти замон, бо рушди илму технология дурустии ин андешаи Берунӣ собит шуд.
Ӯ дар осораш, ҳамчунин, Заминро сайёраи ҳаракаткунанда хонда, ишора менамояд, ки он дар гирди меҳвари худ давр мезанад. Дар бораи ҳаракати ҷисмҳо ба сӯйи маркази Замин низ баҳс менамояд, ки ин фикри баъдан пешниҳоднамудаи физики бузурги англис Исаак Нютонро дар мавриди қувваи ҷозибаи Замин ба ёд меорад. Вай ба омӯзиши шуои кураи Замин, ки то ин замон кашф нашуда буд, дар донишомӯзӣ назарияи наве ба вуҷуд овард. Берунӣ ҳазор сол қабл аз Эйнштейн мавҷудияти зарраҳои ташкилдиҳандаи нурро пай бурда, онро аъзои латифа ном ниҳод. Ногуфта намонад, ки сарчашмаҳои таърихӣ далолат аз он мекунанд, ки глобусро ҳам бори нахуст ӯ сохтааст.
Соли 1018 Султон Маҳмуди Ғазнавӣ Хоразмро забт намуда, Абурайҳонро ҳамроҳи сипоҳи худ ба Ҳинд мебарад. Ӯ дар ин кишвар бо донишмандони зиёде ошно шуда, ба омӯзиш ва пажӯҳиш мепардозад ва арзи ҷуғрофии 11 шаҳрро дар Ҳинд муайян месозад. Баъди ба зодгоҳаш омадан, глобусро меофарад ва барои муайян намудани самти шаҳрҳо истифода мебарад.
- Дар замоне ки ҳар гуна маълумоти нави илмӣ, мушоҳидаҳои ҷуғрофиро ба куфр пайваст мекарданд ва иддае аз уламои мутаассиби ислом ақидаҳои пешқадами илмии табиатшиносиро инкор мекарданд, ба Абурайҳони Берунӣ чӣ гуна муяссар шуд, ки мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсонро кашф ва таъкид намояд?
- Воқеан ҳам, дар ин маврид имрӯз ҳарф задан боке надорад, зеро илм ва ҳам ҷаҳонбинии илмии ҷомеа то дараҷае рушд намуда, ки ин ҳама дар назар як далели собитшудаи маъмул аст. Аммо он айём барои Берунӣ ва уламои дигар дар ин бобат гуфтан хеле душвор буд ва хатари ҷонӣ ҳам дошт. Хосса мавриди курашакл будани Замин ва гардиши он дар атрофи меҳвари худ ва Офтоб. Берунӣ, аслан, аввалин нафаре буд, ки масъалаи мавриди назарро аз олами ислом (чандин қарн пеш аз олимони Аврупо) пешниҳод намуда буд ва ин назарро баъзе аз олимони Ҳинд дар ҳамон замон дастгирӣ менамуданд. Ҳарчанд Берунӣ ғояи ҳаракатпазирии Заминро пешниҳод ва дастгирӣ карда бошад ҳам, зоҳиран аз ошкор гуфтани он меандешад, зеро муҳите, ки зиндагӣ ва фаъолият дошт, созгор набуд. Ифротиёни тангназари аз илм бехабар метавонистанд ӯро ба куфр маҳкум бисозанд. Аз ин ҷост, ки дар ин бора ва баъзе дастовардҳову андешаҳои илмиаш фақат дар асарҳояш барои аҳли назар сухан рондааст. Ин доираи ашхоси пешқадам андешаву пешниҳодоти Беруниро ҳимоя ва ҷонибдорӣ менамуданд. Олимони Аврупо баъдтар, тавре муҳаққиқони таърихи илм собит сохтаанд, миёнаҳои садаи XIX ба тарҷума ва омӯзиши осори ӯ пардохта, ба ин восита, аз бозёфтҳои беназири илмиаш огоҳӣ ёфтаанд. Аммо то ин замон, бузургтарин олимони табиатшиноси тоҷику форс, аз ҷумла Умари Хаём, Насриддини Тӯсӣ ва амири донишманди ӯзбек Улуғбек, ба осори ӯ такя ва истинод овардаанд. Асарҳои Берунӣ ба аксар забонҳои ҷаҳон тарҷума ва бозёфтҳояш дар олами илм эътироф шудаанд.
Албатта, бозёфтҳои илмии ӯ дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. То Берунӣ низ уламое буданд, ки Замину Осмон, табиати олами атрофро меомӯхтанд ва дар ин бора китобҳо низ доштанд, ки Арасту ва Батлимус аз ҷумлаи онҳоянд. Берунӣ дар баъзе мавридҳо андешаҳои ин донишмандонро аз ҳақиқат дур хонда, ҷузъе аз онҳоро зери суол мегузорад, аммо ин ҳама заминаи асосӣ барои донишандӯзии ӯ гардиданд. Ӯ устод ва роҳнамои хубе дошт бо номи Абуалӣ ибни Ироқ. Муҳимтарин хусусияти андешаву ақидаҳои Берунӣ, ин нигоҳи таърихӣ ва илмӣ ба масъалаҳо мебошад. Аз ин ҷиҳат, ӯ пайваста талош варзидааст, то дар ҳама мавридҳо ҳақиқати илмии ин ё он масъаларо дарёбад. Ба андешаи Абурайҳони Берунӣ, ҷаҳон ҳамеша тағйирёбанда аст. Ақидаи тағйир ёфтани қишри Заминро пеш гузошта, оид ба масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, дарёҳо, ҳаракати қитъаҳо ва ҷойивазкунии баҳрҳо баҳс мекунад. Мисол меорад, ки биёбони Саҳро (Сахара) як замон бисёр сероб буд, аммо дар натиҷаи аз байн рафтани обҳо, биёбон шудаву ободӣ аз миён рафтааст. Ҳатто андешаву ақидаҳои мардумони гуногунро дар бораи пайдоиши инсону олам меорад ва дар бисёр масъалаҳо шубҳа менамояд, зеро «он санҷида нашудааст ва он чи санҷида намешавад, ба он бовар намудан душвор аст», - мегӯяд ӯ. Аз ин ҷиҳат, мехост, ки ҳақиқати илмии ҳар масъаларо собит намояд. Ин методи бисёр муҳими илмӣ аст, ки дар асри X Берунӣ ҳам пешниҳод ва ҳам дар асарҳои худ риоя намудааст. Тавре аз осораш маълум мегардад, афкораш ба ратсионализм пайванд аст. Яъне, меҳвари асосии заминаи таҳқиқоташ ақлгароӣ аст. «Ҳар чизе, ки мушоҳида мешавад ва ақл онро қабул менамояд, хулосаи илмӣ аз мантиқи ҳамин масъала сар мезанад», - мегӯяд ӯ.
- Берунӣ дар муайян кардани тақвимҳо ва сабабҳои ба вуҷуд омадани солу моҳ ва солҳои шамсию қамарӣ низ андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Мазмуни мухтасари корҳои ӯ дар ин самт аз чӣ иборат аст?
- Дар осори Берунӣ, дарвоқеъ, ба ин масъала хеле таваҷҷуҳ атф шуда. Чунончи, дар фасли «Дар мабдаи сол ва моҳ»-и китоби «Осор-ул-боқия» ақидаҳои мардуми гуногунро дар бораи солу моҳ ва соли кабиса шарҳ додааст. Солро ӯ чунин таъриф мекунад: «Сол бозгашти Офтоб аст дар фалакулбуруҷ ба нуқтае, ки аз ҳамон нуқта ҳаракат кардааст». Бозгашти дувоздаҳгонаи Моҳро дар фалакулбуруҷ як соли қамарӣ ташкил мекунад.Ҷиҳати ҷолиби баёни Берунӣ дар муайян шудани сол аз рӯи ҳисоби гардиши Офтоб ва Моҳ ин аст, ки ба ақидаи ӯ гардиши ситораҳои дигарро мардум бе расад дида наметавонанд. Бинобар ин, ба Офтоб ва Моҳ рӯ овардани мардум ин будааст, ки онҳо ҳолати ҳаво, наботот, ҳайвонот ва дигаршавии фаслҳоро ба Офтоб ва Моҳ вобаста медонанд ва ба онҳо имтиёз додаанд. Дар ҳамин китобаш ӯ дар бораи тақвими румиён, суриёниён, мисриён, эрониён, ҳиндуён ва дигарон маълумоти дақиқ ва муфид додааст, ки аз дониши васеъ ва дақиқназарии ӯ шаҳодат медиҳанд. Ин маълумоти Берунӣ имрӯз барои донистани таърихи илми нуҷуму ақидаи мардумони гуногун ва тақвими онҳо хеле арзишманд аст.
- Воқеан, аз Берунӣ чун асосгузори антропология дар сарзамини Шарқ низ ёд менамоянд.
- Бале. Ба он хотир, ки бори аввал маҳз ӯ усули муқоисавию таърихии фарҳангҳоро ба роҳ монда буд. Ин усулро метавон дар китобҳои “Осор-ул-боқия”, “Мо-лил-Ҳинд” ва “Китоб-ул-ҷамоҳир-фи-маърифат-ил ҷавоҳир” мушоҳида кард. Дар ин китобҳо сабабҳои пайдоиш ва фаъолияти ҷомеаро шарҳ дода, аз ҷумла, зарурати ба ҳам омадани одамон, қобилият ва ба ҳам эҳтиёҷ доштани онҳоро, таъкид намуда, мегӯяд, ки одамон дар тафовут аз дигар ҳайвонот дар танҳоӣ вуҷуд ва фаъолият дошта наметавонанд. Сабаби тафовути пӯсти одамонро на ба ҳодисаҳои фавқулода, балки ба ҳолати минтақаҳои табиӣ, ба макон ва ҷойи зисташон алоқаманд медонад, ки аз нигоҳи илми муосир дуруст аст.
Дар маҷмуъ, Берунӣ ба тарзи тафаккури илмие, ки дертар дар Аврупо васеъ паҳн гардида, боиси пешрафти улуми табиатшиносӣ ва технология гардид, саҳми сутуданӣ гузоштааст. Шояд ба ҳамин хотир, дар толори аҳли илм дар Созмони Милали Муттаҳид муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ки ин ҳам эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хидматҳои ӯ ба тамаддуни башарӣ буда, боиси ифтихори мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, мебошад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47008
http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=47008