Мирзошоҳрух Асрорӣ: Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ беназир аст.
- Ҷумъа, Июн 24 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
Дар шароити пуртазод, ки хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа муҳиму зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдат такягоҳу пойдевор ва рукни асосии суботу шукуфоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар роҳи таҳким бахшидани манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ роҷеъ ба китоби тозанашраш “Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба нашр расид, суҳбат намудем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
- Чун дар пешорӯи таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, дар ибтидои суҳбат ин ҷашни тақдирсоз ва нашри китоби наватонро ба Шумо таҳният мегӯем.
- Ташаккур барои табрикот! Дар воқеъ, таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои халқи шарифи Тоҷикистон ҷашни муҳиму тақдирсоз аст. Зеро маҳз расидан ба Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мардуми кишвар ба муқовиматҳои сиёсиву низомӣ хотима бахшида ба раванди созандагию бунёдкорӣ ворид гардад. Аз ҳамин лиҳоз, сиёсатшиносон расидан ба Ваҳдати миллиро баъзан бо дарёфти Истиқлоли кишвар дар як радиф мегузоранд.
- Атрофи китоби тозанашратон “Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” каме ибрози ақида менамудед.
- Рисолаи “Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи Истиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон” аз маҷмӯи мақолаҳои илмиву пиблитсистӣ иборат буда, дар он масъалаҳои муҳими ҳифзи Истиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин рисола аз се боби мукаммал иборат буда, дар боби аввали он нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули раванди эъмори давлати муосир тасвир гардидааст.
Боби мазкур аз мақолаи “Ҷойгоҳи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон” оғоз ёфтааст, ки ин бесабаб нест. Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия сухан аз сулҳу ваҳдат шунида шуд, ки он минбаъд ҷавҳари сиёсати пешгирифтаи Сарвари тозаинтихоби мамлакатро ташкил дод. Ин Иҷлосия, ки мо имсол сивумин солгарди баргузории онро таҷлил менамоем, воқеан тақдирсоз буд ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлати муосири тоҷикон дар амри таҳкими сулҳу оштии миллӣ басо бузург аст. Шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тимсоли нерӯи маънавии пешбари ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидааст.
Дар боби дувуми ин рисола, ки “Ваҳдати миллӣ-заминаи идеявии рушди устувори ҷомеа ва шукуфонии Тоҷикистон” ном дорад, масъалаҳои Ваҳдат ҳамчун падидаи арзишмандтарини сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик, ҳамчун дастоварди бузурги Истиқлол ва пойдевори ҳастии миллат ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Дар боби савуми рисола, ки “Раванди муттасили созандагии Тоҷикистон-асоси рушд ва шукуфоии ҷомеа” ном дорад, мақолаҳо оид ба ташаббусу пешниҳодоти арзишманди Пешвои муаззами миллат оид ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таҳаввулот ва пешравии пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, Роғун ҳамчун корзори фидокориҳо ва ҳаёту мамот, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ оварда шудаанд. Ин рисола барои доираи васеи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони илмӣ, ки ба масъалаҳои назарияи Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои умумимиллӣ шавқу рағбати зиёд доранд, тавсия мешавад.
- Дар сарсухани китоби мазкур академики АМИТ Кароматулло Олимов чунин нигоштааст, “Муҳимтарин афкори ваҳдати миллӣ худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ буда, имрӯз ин омилҳоро то андозае розҷӯии исломӣ иваз намудааст”. Андешаи Шумо оид ба ин гуфтаҳо?
- Устод Кароматулло Олимов-академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеан ба ин китоб бо назари таҳлилу раҳнамунсозӣ муносибат намудаанд, ки барои мо боиси ифтихор аст. Дар робита ба иқтибоси Шумо устод, ба фикри ман, қабл аз ҳама вазъи ҷаҳони имрӯзаро дар мадди назар дошта, моро таъкид месозанд, ки бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон, ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самари даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа зербинои иқтисодиву иҷтимоист ва шарти асосии пешрафту ободии кишвар мебошад.
- Коршиносон ваҳдатро як механизми пуриқтидори миллатсозию давлатсозӣ маънидод кардаанд. Лутфан, бигӯед, ки дар таҷрибаи ба даст овардани ваҳдати тоҷикон кадом омилу заминаҳо ҳамчун механизим ва ё усулҳои бунёдгузорӣ мавриди истифода қарор гирифтанд?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлоламон мебошад. Ба ҳамин маънии такдирсоз ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии падидаи ҳамкорӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳою субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафти халқамон ба шумор меравад.Тараққиёти ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва рушд меёбад.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ истифодаи васеи арзишҳои мафкуравӣ зарурати аввалиндараҷа доранд. Онҳо омили муҳими таъминкунандаи талаботи амниятии одамон, мустаҳкамсозии асосҳои суботи ҷамъиятӣ мебошанд. Бо мурури таъмини халалнопазирии ин ниёзҳои аввалия дар давраи ҳозираи тараққиёти ҷомеаамон, талабот ба зиндагии шоиста ташаккул ёфта истодааст ва вазифаи ваҳдати миллӣ низ аз мусоидати созанда ба ин равандҳо иборат мегардад. Давлат на танхо таҳкимбахши ваҳдати миллӣ, балки мақоми ҳалли манфиатноки масъалаҳои мубрами ҳаёти гуногунҷабҳаи ҷамъиятӣ низ мебошад. Иқдоми давлат дар татбиқи сиёсати фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ ва дар он баробар ҷой додани мақому манзалати арзишу анъанаҳои фарҳангии ватанамон баёнгари ин қазоватҳоянд.
- Ваҳдати тоҷикон ҳамчун модели нодир ва фарогир эътироф шудаасту натиҷааш воқеияти раднопазир аст. Ба андешаи Шумо, барои дигар давлату мамолики гирифтори низоъ ин таҷрибаро то куҷо истифода бурдан мумкин аст?
- Созмони Милали Муттаҳид аз аввали раванди расидан ба Ваҳдати миллӣ, бахусус дар ҷараёни мулоқотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мухолифин, ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ саҳми боризро дар сулҳу оштии тоҷикон соҳиб аст. Ҳанӯз баъд аз чанд моҳи ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон соли 1998 дар Созмони Милали Муттаҳид нахустин Конференсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши сулҳу оштии тоҷикон доир гардида буд, ки дар он ба ҳамаи кишварҳои гирифтори низоъ омӯхтану дар амал татбиқ намудани сулҳи тоҷиконро тавсия дода буданд. Минбаъд низ ин масъала борҳо ҳамчун як амали нодир дар амри расидан ба сулҳу оштии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аммо, ба андешаи мо, расидан ба сулҳу оштии миллӣ чанд омили хоси миллати тоҷикро дошт, ки онҳо дар амри дастёбӣ ба сулҳу созиш хеле муҳим буданд. Қабл аз ҳама рӯҳи тавоно ва иродаи оҳанину азми росихи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон омили асосии таъмини сулҳу оштии миллӣ буд. Дувумин омили муҳим ин иродаи халқи тоҷик, ки аз маърифату шуури миллии мардуми кишвар ва фарҳанги сиёсии ҷомеа сарчашма мегирифт, мебошад.
- Имрӯз мухолифини кишвар аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода карда, бо ҳар гуна туҳмату буҳтон ваҳдати сокинони кишварро халалдор месозанд. Ба андешаи Шумо, омили густариш ёфтани ин зуҳуроти номатлуб дар чист?
- Ба фикри ман ба ин саволи Шумо чанд рӯз пештар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавоб гуфтанд, ки бори дигар тири хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар истода бо ҳар роҳу восита хиёнаткорона ба Ваҳдати миллии мо мехоҳанд халал ворид кунанд, хок хӯрд. Ҳамаи амалҳои душманони миллати тоҷик, нерӯҳои хиёнатпеша далели онанд, ки имрӯз ҳам дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ, динӣ дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор менамоянд. Аз ин хотир, дар чунин шароити такдирсоз мо ҳамагон бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон дода, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми бадхоҳону душманони халқу кишвар афтодани шаҳрвандони алоҳидаро роҳ надиҳем.
Аз ин хотир баҳри ҳифзи ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ чунин падидаҳои номатлубро, ки душмани ваҳдати миллӣ аст, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти чомеа бояд рафъ намоем. Зарур аст, ки мо ҳамагон бештар аз ҳарвақта тақвият бахшидану густариши фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангии ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯйро, ки қабл аз ҳама, баҳри аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор диҳем.
- Кадом роҳҳои муосиру манфиатоварро ба хотири ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои давлатӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ манфиатовар меҳисобед?
- Тоҷикистон, ки ҳоло кӯшиш дорад дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, ба кишварҳои тараққикардаи чаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад, бояд гузаштаи худро хуб дарк намояд, бо шуури пурғановати таърихию анъанаҳои бойи ниёгони худ, бо ҳифзи менталитет ва ҳувияти миллии худ, ки дар маҷмӯъ ифодагари андешаи миллии тоҷикон мебошанд, ба тамаддуни ҷаҳони муосир ворид шавад. Мо бояд таърихи гузашта, урфу одати ниёгон, маросими суннатӣ, ҳаёти маишӣ ва тарзи зиндагии миллати худро хуб донем, омӯзем ва беҳтарин ҷиҳатҳои онро дар шароити нав идома ва инкишоф диҳем. Чунки онҳо дар тӯли таърихи чорҳазорсола воситаи асосии ҳастии миллат, худшиносию худогоҳии мардуми мо буданд. Аммо мо бояд ҳар чизеро, ки ба орият мегирем, ба он ҷанбаи маънавӣ-миллӣ диҳем. Он сабақҳо, донишҳо, дастовардҳо ва ҳунаре, ки мо аз таърихи гузаштаамон ва аз таҷрибаи ҷаҳониён мегирем, бояд ба андешаи миллии имрӯзаамон мувофиқ ва мутобиқ гардонем. Бояд дар ёд дошт, ки ҳар гуна нақша, лоиҳа, мақсад ва ғараз дар ибтидо дар андеша ва ё худ ҳамчун андеша пайдо шуда, танҳо тавассути андеша амалӣ мегарданд. Ҳамин тавр, Ваҳдат ва ҳампайвастагии мардуми Тоҷикистон низ дар шароити вазнину сангини муқовиматҳои мусаллахонаи солҳои 90-ум ҳамчун андешаи миллӣ пайдо шуда, оҳиста-оҳиста тамоми қишрҳои афкори ҷамъиятии тоҷику тоҷикистониёнро фаро гирифт. Дар охири солҳои 90-ум ин андеша тавассути сиёсати хирадмандонаи сарвари давлати тоҷикон, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии доираи васеи равшанфикрону хирадмандони миллат дар ҳаёт амалӣ гардида, дар саросари кишвари соҳибистиқлол густариш ёфта истодааст. То замоне ки дар шуури миллати тоҷик чунин андеша ва Ваҳдати милливу эҳёи он зинда аст, ҳалқи тоҷик ҳамчун миллат дар арсаи ҷаҳон ҷовидона хоҳад монд.
- Дар арафаи иди Ваҳдат ба мардуми шарифи Тоҷикистон чӣ таманниёт доред?
- Дар хотимаи суҳбат бори дигар ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо осмони софу беғубор, рӯзгори осоиштаву пурсаховатро орзу менамоям.
Суҳбаторо
Саида НАРЗИЗОДА,
Бознашр аз : рузномаи “Мароми пойтахт” №24, 22.06.2022