casino malaysia
casino malaysia
Мақоми инсон ва арзишҳои ахлоқӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   Дар ин мақола чанд сухане дар бораи  мақом ва арзишҳои ахлоқии  инсон дар замони Истиқлоли миллӣ ва мухтасаре зимни ин масоил аз бузургони тоҷику форс гуфта мешавад, ки он яке аз мубрамтарин ва муҳимтарин масоили замони муосир ба шумор меравад.
  Истиқлоли миллӣ худ ба худ ва ба осонӣ ба даст наомадааст, балки бо заҳмату ранҷи зиёде бо сарварии Президенти Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми иродатманди кишварамон  иттифоқ афтодааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи инсоният шахсиятҳои бузург начандон зиёданд ва онҳо нотакроранд.  Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, аз он шахсиятҳои нотакроранд, ки тақдир насиби мардуму миллати мо – тоҷикон кардааст.
  Мақоми ин Инсон ва шахсияти бузург дар наҷот бахшидан аз бунбасту даргириҳо, бесару сомониҳои мардуми тоҷик ва ба назму низом даровардани сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ басо бузург буда, пайкору талошҳои e дар заминаи рушди миллӣ ва давлатдории навини тоҷикӣ сазовори таҳсину офарин аст. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Раҳбари хирадманду сиёсатмадор ва оқилу тавоно, балки як шахсияти бофазилат мебошанд, ки мушаххасоти шахсию инфиродии вай дар муносибати рӯзмарра бо мардуми шарифи Тоҷикистон симои лидери миллӣ буданашонро ба намоиш мегузоранд. Магар то ҳанӯз ягон раҳбари давлат ва ё кишварро медонем, ки бо мадуми ҷомеаи хеш бо чунин меҳру вафо ва ахлоқи ҳасана наздик шуда, аз ҷаҳони зиндагии  онҳо огоҳ шуда бошанд. Шахсан, ман чунин шахсият ва раҳбари бомаърифату қадршиносу хоксор ва ба мардум наздику пуротифаро надида будам ва нашунидам. Бинобар ин мо шаҳрвандон бояд шукри Худовандро кунем, ки чунин Инсони дорои инсонияти баланд, ки дорандаи  кулли арзишҳои ахлоқӣ мебошанд, насибамон кард. Ҳар қадар дар бораи фазилатҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон гӯем ва нависем, боз ҳам кам аст.
 Омӯзиши таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои  ахлоқӣ барои ҳувияту  худшиносии миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли миллӣ мусоидат менамоянд. Дар айни ҳол қобили қайд аст, ки таҳқиқи арзишҳои ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он  кумак хоҳад намуд.
 Арзишҳои  ахлоқии инсонӣ, аз қабили хайру саховат, накукорӣ,  амалҳои зебо, эҳсону бахшиш, сабру қаноатмандӣ, амалҳои мантиқона ва амсоли инҳо волотарин фаҳмиши фалсафӣ-маънавӣ мебошад. Мафҳуми арзиш  бо мақулаҳои иҷтимоӣ, ба монанди адлу адолат, меҳанпарастӣ, саодату хушбахтӣ,  инсондӯстӣ, худшиносӣ ва амсоли инҳо комилу пурра мегарданд.
 Таъкид намудан зарур аст, ки дар замони муосир тавассути Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва саъю талошҳои Пешвои хирадманду тавоно, Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои ахлоқии  мардуми ҷомеа, махсусан аҳли илму адаб  побарҷо гардида,  аз ин ҳисоб пешрафти фарҳангу тамаддун ва боло рафтани сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасад.  Зеро таҳкими арзишҳои ахлоқӣ  асоси мустаҳкамӣ ва қудратмандии истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияту осоиштагии иҷтимои кишвар гардида, заминаи эътимод ва боварии мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар меафзоянд.
  Рушди таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки натиҷаи афкори донишмандону мутафаккирони замонҳои мухталиф аст, ба анъанаи бузурги ташаккули ақлонӣ такя мекунад. Дар инкишофу пешравии  афкору ҷаҳонбинии ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандӣ мардуми кишварҳо ва минтақаҳои гуногун саҳмгузорӣ намудаанд. Файласуфи классикии немис Ф.В.Гегел принсипҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандиро дар озодии иродаи шахсӣ, баробарии умумӣ, ташаккули озодонаи афкори иҷтимоӣ, риояти адолат ва ҷиддияти рафтору аъмоли ахлоқӣ медонист [2,35].
 Бисёре аз мутафаккирони пешин низ доир ба инсон ва арзишҳои ахлоқӣ фикрҳои ҷолибе гуфтаанд, ки то имрӯз низ андешаҳои онҳоро  ҳамчун ганҷинаи бепоён истифода менамоем. Ба қатори ин мутафаккирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Саъдии Шерозӣ, Имодуддини Фақеҳи Кирмонӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва дигаронро метавон ном бурд. Ин бузургони фарҳангу тамаддуни тоҷику форс барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фазилатҳои инсонӣ саъю кушиши зиёдеро фароҳам намудаанд. Ва барои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ инсонҳои бомаърифатеро тарбия намуда, ба камол расонданд, ки бо замони зиндагии хеш ва оянда бо афкори баланди ахлоқӣ, илмӣ-амалӣ ва назари нав  баҳри расидан ба ҳадафҳои воло саъю талош намоянд. Маҳз ин ҳадафҳоро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза, ки шакли иттиҳоди оддии одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем.
  Мутафаккирони пешин новобаста бар он ки аз доираи фаҳмиши замони худ ва асосан барои муосирони хеш навишта бошанд ҳам, шашсад ҳафтсад сол инҷониб, ё зиёдтар аз он одамон аз гуфтаҳои онҳо масал мезананд ва панди  ин мутафаккиронро ҳамчун дарси таҷрибаи рӯзгор ва зиндагӣ қабул намуда, саъю талоши зиёде намудаанд, ки принсипи эҳтироми ахлоқиёти башарро тавассути осору саргузашти хеш  нишон диҳанд. Яке аз чунин мутафаккирони намоёни асри XIII Саъдии Шерозӣ мебошад, ки  насиҳатҳои талхи худро барои тамоми гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, аз шоҳ то гадо, аз вазир то пешрав пешниҳод кардааст. Зиндагии ҳақиқии одамон, бо тамоми мухолифатҳову мураккабиҳояш, бо ҳама фарозу нишебҳояш дар сатҳи донишу биниш ва таҷрибаи ҳаётии Саъдии ҷаҳондидаву одамшинос ба маърази баён омадааст. Ҳикмати инсонӣ дар «Гулистон»  ба дараҷаест, ки ҳар кас метавонад дар маҷлису маҳфилҳо аз он иқтибос кунад ва ё аз номи Саъдӣ масал занад. Ҷумлаҳои кутоҳи пурмазмун, насри мусаҷҷаи ҳикматнок, назми ҳаётиву ибратомӯзи бисёр ҳикоёти «Гулистон» ва ҷузвҳои хулосавии онро ба амсолу ҳикмат табдил додаанд. Барои исботи ин андешаҳои хеш чанд намунае аз суханони ҳикматомези Саъдӣ меоварем: «Озурдани дӯстон ҷаҳл аст», «Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомушӣ», «Андеша кардан, ки чи гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хурдан, ки чаро гуфтам», «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез», «Кутоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд», «Ҳар киро сабр нест ҳикмат нест» [4,12].
  Панду андарз ва ҳикмати инсонӣ дар асарҳои ба насри мусаҷҷаъ навишташуда то замони Саъдӣ ҳам дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла зимни рисолаҳои фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, динӣ, ҳуқуқӣ ва китобҳои таърихию тамсилӣ ифода ёфтаанд, аммо дар ин асарҳо ҳаёт ва рӯзгори гурӯҳ ва табақаҳои мухталифи одамон, ахлоқу одоби ҷомеа бевосита аз рӯи тасвири рӯзгори воқеии онҳо ба инобат гирифта нашудааст. Панду андарзҳои «Бустон» ва «Гулистон» бошанд комилан иҷтимоист ва таълимоти ахлоқии Саъдӣ дар ин бобат аз ҳаёти воқеъӣ сарчашма гирифтааст. Масоили дунявӣ муҳимтарин воситаи ақидавии ин асарро ташкил медиҳад. Ба ин минвол нақши инсон ва аъмоли неку бад дар осори Саъдӣ ҷои намоёнро ишғол кардааст. Саъдӣ наҷобат ва накуиҳои инсониро ва ҳамчунин ахлоқи зишти онҳоро  ба қалам додааст, ки ҳамчун як дарси панду ибрат барои башар боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, Саъдӣ дар нақши қаҳрамонони ҳикоёти «Гулистон» на танҳо натиҷаи мушоҳидоти худро дар бораи арзишҳо, чигунагии феълу атвор, майлу хоҳишҳо ва фикру зикри муосирони худ иброз доштааст, балки умуман, сиришти навъҳои башариро таҳқиқ намудааст. Аз ин ҷо, тавассути суханҳои тунду тези хеш дар «Гулистон» арзиш ва беарзишии табақаҳои иҷтимоиро рӯи об овардааст. Саъдӣ дар натиҷаи дидану омӯхтан ва шинохтани одамони замони худ гӯё образҳои ҷомеаеро тасвир кардааст, ки назиру монанди онҳо дар ҳар асру замон дида мешавад. Бо ин ҳама Саъдӣ мехост, ки инсонҳо оқилтару комилтар шаванд, ҷомеаи башарӣ истеҳком ёбад, мулк ободу мардум осудаву озод бошанд. Ин ният ва мақсади поку башардӯстона дар «Гулистон» абадияти ном ва таълимоти Саъдиро таъмин кардааст:
              Тани одами шариф аст ба ҷони одамият,
              На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

   Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ ( ас. ХIV) аз ҷумлаи мутафаккироне буд, ки ба масоили давлату давлатдорӣ, ҳифзи  ҳақу ҳуқуқи мардум, баланд бардоштани сатҳи илму маърифат, ахлоқи давлатдорӣ ва сохтори марказҳои иршодӣ (фарҳангӣ) диққати махсус додааст.
Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Девони ашъор», ва маснавиҳои         «Суҳбатнома», «Муҳаббатнома», «Китоб-ул-маориф», «Тариқатнома» ва  «Сафонома» доир ба масоили дар боло номбурда ва дигар масъалаҳои ахлоқӣ –маънавӣ ва иҷтимоии замони ӯ бахшида шудаанд. Асари машҳури Имоди Фақеҳ «Суҳбатнома» дар бораи одоб, махсусан одоби аҳли ҳукм ва фармон, одоби остондорон, (соҳибони марказҳои иршодӣ), толибони илм, одоби аҳли тариқат, одоби аҳли дунё, одоби мусофирон, одоби футувват ва ғ. баҳс намудааст.
«Суҳбатнома» ба номи яке аз ҳокимони давр Хоҷа Ғиёсиддин Муҳаммад, фарзанди Хоҷа Рашид-ад-дин Фазлуллоҳ (вазир, табиб ва муаррих) бахшида шудааст:
   Ҷаноби амири фақирони мулк,
  Муроди замири фақирони мулк.
   Вазири ҷавонбахш султоннишон,
               Ки чархаш ниҳод   рӯй бар остон[3,218].
  Равише, ки Имоди Фақеҳ дар назми ин китоб риоят намудааст, ин аст, ки нахуст ӯ ба гуфторе дар бораи ҳақу ҳуқуқи инсон ва одоби даҳгона мепардозад.  Дар ибтидо доир ба бевафоии даврон ва ба эътибор нагирифтани адолату эҳтироми ахлоқӣ  дар ҳақу ҳуқуқи аҳли илму фарҳанг ва умуман инсонҳои замонаш аз тарафи соҳибони давлат ва дастгоҳи он шикоят намуда менависад:
Ман он  шодмонрӯй ғамгин дилам,
 Ки аз ғусса хун гашт мискин дилам.
Ҷафо бурдаву бар наёварда оҳ,
Ситам дидаву карда дар худ нигоҳ.
  Вале Имоди Фақеҳ баъдан аз шикваву шикояти замон ва шоҳу амирони замон даст кашида, ба таълиму тарбияти мардум ва амирону давлатдорон рӯй меовард. Ӯ бо дили худ нахуст ба машварат мепардозад ва аз қалби худ чунин ҷавоб мешунавад:
Ки бархез, эй кудаки худпараст,
 Ки ҷоми маи ғафлатат карда маст.
Зи парвонае кам мабош, эй писар,
Ба даст ор шамъеву давлат бибар.
 Назар ба сипеҳр афкану кори ӯ,
 Ки аз меҳр гармаст бозори ӯ [3,222].
  Имоди Фақеҳ дар ҳангоми ба назм даровардани «Сӯҳбатнома»-и худ остондар буд ва ӯ яке аз мубаллиғони илму маърифат барои пешрафти фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи маърифати давлатдории давлатдорони замонаш ба ҳисоб мерафт. Вай зимни насоеҳе, ки дар нахустин боб ба аҳли ҳукму фармон медиҳад ва онҳоро ба равише, ки бояд аҳли суҳбат дар пеш гиранд, роҳнамоӣ мекунад ва равшанӣ меандозад, ки барои ин табақа аз мардум ҳиммат хостан аз пешвоёни тариқат зарур аст:
Ило, эй сазовори тахти киён,
Ба фармони ту бахт баста миён.
 Ба инсофу эҳсон тавон ёфт мулк,
К-  аз ин ҳар ду Нушервон ёфт мулк.
Шаҳ аз уҳдаи мулк наояд бурун,
 Чу ҳиммат наҷӯяд зи аҳли дарун[3,223].
  Имод подшоҳону давлатдоронро ба риояти ҳолу аҳволи бенавоёни мазлум даъват намуда, онҳоро аз оҳи гадоёну бечорагон барҳазар медорад ва ба ин роҳ аз ҳақи онҳо ҳимоят мекунад, ки ин раҳнамоиҳои ӯ то имрӯз ҳам арзишҳои худро гум накардааст:
 Зи сузу ниёзи гадоён битарс,
Зи дарди дили бенавоён битарс.
 Чу оина равшандилӣ пеша кун,
Зи аҳли саҳаргоҳӣ андеша кун[3,223].
  Равиши Имоди Фақеҳ дар «Сӯҳбатнома» чунин аст, ки аввал гуфторе, дар одоб баён мекунад ва ҳикояти тамсилиеро меорад ва сипас ба насиҳат мепардозад. Ӯ сиёсатмадорона хитоб ба хештан насоеҳро хотима медиҳад ва он гоҳ гуфторе аз одоби дигарро оғоз мекунад. Мутафаккир таносуби миёни охирон байтро ба ҳикоят риоят менамояд. Чунонки  пас аз «одоби аҳли ҳукм ва фармон» ба подшоҳ панд медиҳад, ки:
 Вазифаи хирадманди ҳушёрҷӯй,
 Ки бошад саборо зи гулзор бӯй[3,223].
  Имоди Фақеҳ ба амирону мақомдорони замони хеш маслиҳат дода мефармояд, ки аввалан бо хирадмандон машварат кун  ва дуввумин нисбат ба аҳли илму фарҳанг дилҷӯиро пеша кун:
     Шаҳо, машварат бо хирадманд кун,
          Бикаш хасму бадхоҳ дар банд кун.
Муроди охирони ғурбат барор,
Маҷӯ як дам аз аҳли суҳбат канор.
 Бар арбоби давлат шукӯҳе талаб.
 Сазовори суҳбат гурӯҳе талаб.
  Зи ҳар кишваре номдоре бихон,
        Зи ҳар лашкаре шаҳсаворе бихон……[3,224].
   Имоди Фақеҳ донишмандонро, ки мушкилоти улум ва масоили душвор, ҳатто корҳои давлату давлатдорӣ ба нерӯи илми онҳо ҳал мешавад ситоиш мекунад ва толибони илмро ба омӯхтани дониш даъвату ташвиқ менамояд. Аз ин ҷо,  ӯ обрӯ ва иззатро дар талаби илму дониш дониста, аз илми бе амал безорӣ меҷӯяд ва муътақид аст, ки олимон бояд дар  корҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ахлоқи суннатии мардум нисбат ба беилмон бештар бикушанд, то ки кумаке шавад ба равиши дурусти давлатдорӣ ва адолати иҷтимоӣ нисбат ба мардум[3,224].
    Имоди Фақеҳ дар он ақида буд, ки илм ва тақво бо ҳам бошанд ва аз назари ӯ илму дониш омӯхтану олим шудан аз барои ҷадал кардан нест. Бинобар ин Имод аз олими намоёни ғавғогар ва беимону худхоҳ ба шиддат безорӣ меҷӯяд ва ба аҳли илму фазл муроҷиат намуда менависад:
                                         Мабош аз фузулони гарданфароз,
                                         Вазифаситонони коҳилнамоз.
                                         Мадориснишинони тазвирҷӯй,
                                         Мақомпарастони таъбиргӯй.
                                         Амомадарозони кутоҳназар,
                                         Дили омаро бурда аз раҳ ба дар.
                                         Ҳазар кун зи ноаҳли меҳрокуб,
                                         Ки кас дар намозаш наёрад ба чӯб [3,226].
  Аз назари ӯ барои он ки толиби илм гумроҳ нашавад, бояд, ӯ соҳиби устоде бошад ва бо роҳнамоии ӯ ҳидоят бишавад. Ба андешаи Имод хоҳ подшоҳу амирон ва хоҳ аҳли илму адаб бояд риояти ҳақи устодро воҷиб донанд ва дар баробари ин адаб доштанро ба онҳо ёдовар мешавад. Дар ин бора ӯ ҳикоятеро меорад, ки чунин аст: Ҷавоне муаддаб ва поксиришт шабе барои вузӯ гирифтан ба сарчашмаи об меравад. Ҳамин ки аз вузӯ фароғат ёфт яке ба ӯ гуфт, ки ҳангоми вузӯ гирифтан болотар аз устод нишаста будӣ ва ҷавон чун аз ин вазъият огаҳ шуд, зи хиҷолат чеҳрааш чун коҳ зард шуд ва:
                                          Ба паҳлу биғалтид то пеши пир,
                                          Ба гардун расонид оҳу тафсир.
                                          Ба инсофу  шукрона узраш бихост,
                                          Ки беҳурматӣ бо бузургон хатост[3,227].
  Пас аз марг ӯро дар хоб дидаанд, ки гуфт ба инсофи устод бахшида шудам. Бинобар ин аз нигоҳи Имоди Фақеҳ  манзалат ва мартабаву арзиши устоди роҳнамо аз ҳар чи бештар аст, аммо дар ин замон мутаассифона обрӯ ва мақоми устод нисбатан моҳияти худро гум кардааст, ки чунин аҳвол на танҳо ба пешрафти илму фарҳанги ҷомеа, балки ба кори давлату давлатдорӣ ва ҳақу ҳуқуқи мардуми ҷомеа осебпазир аст. Зеро бидуни устод ва донишманди бомаърифат ва раҳбарии ӯ - пешрафт дар ҳама корҳои зиндагӣ нисбатан хом ва сатҳи анҷом мепазирад. Барои он ки чунин аҳвол рух надиҳад, ҳар як маъмур хоҳ дар фарҳангу иршод ва хоҳ дар давлату давлатдорӣ ва муассисаҳои илмомӯзӣ мақоми хосаи худро бояд дошта бошанд. Имоди Фақеҳ дар кори давлатдорӣ  арбобони ситамгару ҷоҳил ва тамаъкорро, ки зулму ситамро ба табақоти мухталифи ҷомеа раво медиданд, зери танқид гирифта мефармояд:
                                   Тамаъ дар гаронии гандум макун.
                                   Ба шамшери кин қасди мардум макун.
                                   Маноли заифони даҳоқин баранд,
                                   Аз он хуни эшон хавоқин хӯранд [3,227]
  Ақидаҳои Имоди Фақеҳ  дар бораи арзишҳои ахлоқии оини кишвардорӣ ва риояти ҳақу ҳуқуқ ва адолату иҷрои  аҳкоми давлатдорӣ дар асари дигари ӯ «Китоб-ул-маориф», боз ҳам саҳеҳтар баёноти худро ёфтааст. Вай дар замони Амир Муборизиддин зиндагӣ мекард ва барои ҷамъ омадан ва муътақид сохтани аҳли илму фарҳанг аз Амир Муборизиддин дархости сохтори хонақоҳеро мекунад. Он вақтҳо хонақоҳ аз як тараф маркази иршодӣ буд, вале ҳадафи Имод дар асл дар он ҷо ҷамъ овардани аҳли илму адаб буд, ки тарки ватан накарда, дар он ҷо паноҳ гиранд ва ҷаласаву барномаҳои илмӣ-адабии худро анҷом диҳанд. Ҳамин тариқ, хонақоҳ  мақоми марказҳои илмӣ – фарҳангии замони муосирро дошт; аз тарафи дигар сохтани хонақоҳ як  ҳушдор ва роҳу равише буд, ки шоҳу амиронро бо илму иршод наздик месохт, то ки онҳо низ соҳиби маърифату илм бошанд.  Ва аз тарафи дигар инҷо аз ҳуқуқи башари он замон ҳифз карда мешуд, ки онҳо тавонанд, дар ин марказҳо ба омӯзиши илму дониш ва навиштани ашъору осори хеш машғул шаванд. Ҳол он ки дар он даврон ҳазорҳо инсонҳои башар дар зери султаи амирони худхоҳ ва хунхору муқтадири муғул қарор доштанд ва бо як ишораи онҳо ҳар гуна мусодира, зиндону куштор ва қатли оммаҳои ҳаросангез анҷом мепазируфт ва аксари кулли донишмандон сарзамини хешро тарк намуда, ба кишварҳои дигар, махсусан Ҳиндустон сафар менамуданд.
Шахсиятҳое мутаннафиз ва мавриди эҳтироме чун Саъдии Шерозӣ ва Имоди Фақеҳ, ки манзури олитар аз шеър гуфтан доштанд, метавонистанд зимни изҳори роҳи адлу инсоф  мардумнавозиву эҳсонро ба умарову султонҳо ва фармонравоён биёмӯзанд ва дар торикиҳои истебдод худкомӣ чароғи ҳидоятеро барои онҳо пешниҳод кунанд. Имод дар насиҳатномаи хеш пандҳои ҳакимона ба Амир Муборизиддин, ки марди қудратманд ва дар баробари душманон бераҳм буд дода ва ба қавли худаш китобе навишт, ки ҳар фасл аз он китоб даре аз биҳишт аст:
     Назар бигушой, эй шоҳи адубанд,
Худоро бандаву моро Худованд.
     Ба чашми ақл дар ҳоли ҷаҳон бин,
     Ки бодат то абад равшан ҷаҳон бин [3,263].
  Тавассути сиёсати пешгирифтаи худ Имод амирронро ба таври ноаён ба адлу адолат, омӯзиши илму маърифат ва ахлоқи ҳамида ҷалб намуда, то ки онҳоро аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва ғафлату гумроҳӣ дур созад.
  Имоди Фақеҳ барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, аз қабили озодии матбуот, озодии сухан дар чаҳорчӯбаи қонуни ягонаи замонаш ақоиди худро тавассути асарҳои хеш иброз намудааст, чунонки дар боло мухтасар баён гардид. Андешаҳои Саъдии Шерозӣ ва Имоди Фақеҳ барои замони муосир муфид буда, дар эҳёи маънавии фикрӣ барои  ба даст овардани ахлоқи баланди инсонӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ  ва ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва тарбияи ҷавонон, ки бо замони муосир бо афкори илмӣ ва назари нав  баҳри ба ҳадаф расидан ба ниятҳои неку хайр талош намоянд. Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯз, ки шакли иттиҳоди оддии одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ  амалӣ гардонем.
Муродова Тоҷинисо
номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илми  Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ-и
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Таҳлили девон ва шарҳи ҳоли Иммодуддини Фақеҳи Кирмонӣ. Навиштаи дуктур Аҳмади Нозирзодаи Кирмонӣ. Бо кушиши дуктур Фарҳоди Нозирзода. Теҳрон, 1374.
  2. Саъдии Шерозӣ. «Гулистон». Душанбе, 1988. 214с.                    

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia