casino malaysia
casino malaysia
Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти давлат ва миллат

wrapper

   Ваҳдати миллӣ падидаи арзишманди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоест, ки бо дигар падидаҳои муҳим, аз қабили соҳибистиқлолии давлат, тамомияти арзии мамлакат, суботи ҷомеа, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ тавъам мебошад. Ҳангоми таҳқиқу таҳлил ва арзёбии ин падидаҳо маълум мегардад, ки онҳо аз ҷиҳати арзишмандиашон ҳамрадиф буда, моҳиятан яке мазмуни дигареро пурра намуда, дар ташаккулу такоммул ва таҳкимиёбии якдигар нақши муассир доранд.
  Агар мо падидаи «ваҳдати миллӣ»-ро ҳамчун зуҳуроти тамаддунӣ-фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ-сиёсӣ мавриди қазоват қарор диҳем, пас мушаххасан метавонем қайд намоем, ки он вобаста ба раванди ташаккул ва махсусиятҳои миллатҳои алоҳида дар дарозои ҳаёти таърихии онҳо ҳамчун омили муҳимми мавҷудият ва бақо нақш бозидааст. 
  Аз таърихи пайдоиши бисёре аз давлатҳо ба мушоҳида мерасад, ки ба ваҳдату ягонагӣ расидани миллат заминаи асосии бавуҷудоӣ, инкишофу тараққиёт ва устувории давлатдории он миллат гардидааст. Мусаллам аст, ки адами ваҳдату ҳамгироии миллат дар ҳама ҳолат имконияти инкишофёбии миллату давлатро монеъ гардида, барои амалӣ гардидани нақшаҳои муѓризонаи душманон заминаи мусоидро фароҳам меорад. 
  Аз таърихи миллати тоҷик баъзе ҳодисаҳои фоҷеабореро ёдовар шудан мумкин аст, ки маҳз дар шароити марказгурезию ҷудоихоҳиҳо, парокандагию бегонапарастиҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Мухтасар метавон қайд намуд, ки агар адами ин падида дар даврони бостонии аҷдодони мо яке аз сабабҳои асосии таназзул ва шикасти нахуст давлати миллии тоҷикон – Оли Сомон гардида бошад, дар ҳаёти начандон дури таърихии миллати тоҷик он муҷиби аз қисми сарзаминҳои ниёгонӣ бенасиб мондани мо шуда, дар таърихи навини тоҷикон замина ва омили асосии ба вӯқуъ омадани низоъҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида буд.
  Бо ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ ва мантиқан гузаштан ба марҳилаи нави рушд, вобаста ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии ҷаҳони муосир, раванди таҳаввулпазирӣ ва шароити инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамуд, ки эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мундариҷаи санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ – Конститутсияи ҶТ муқаррар гардида, ба сифати таъиноти меҳварии қонунгузории миллӣ ва принсипи асосии фаъолияти субъектҳои ҷомеа ва давлат бозтоб гардад. Аммо, дар оғози ин марҳилаи инкишофи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандии бавуқӯъомада ҳолати ҳуқуқӣ ва фаъолияти воқеии ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Нооромию бесарусомониҳо ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти субъектони ҳуқуқии ҷомеаи моро фалаҷ намуда, ба манфиатҳои қонунии давлат ва шаҳрванд хатари ҷиддӣ ба бор оварда буд.
  Дар ин айём гарчанде, ки дар заминаи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 (ки то соли 1994 мавриди амал қарор дошт) ва баъдан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) асосҳои сохори коститутсионии давлат, таъмини ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқӣ ва дигар махсусиятҳои субъектони конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҳукумати мамлакат барои муназзамии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини манфиатҳои аҳолӣ талош менамуд, аммо адами суботи комили сиёсии ҷомеа барои инкишофи миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон монеаҳои ҷиддиро эъҷод мекард.
  Возеҳ дарк карда мешуд, ки роҳи ягонаи баромадан аз чунин вартаи ногувор танҳо, мушараф гардидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ аст. Хушбахтона, ин муҳтаворо Роҳбари хирадманд ва сулҳофари мамлакат ба аҳли ҷомеа расонид ва бо тамоми ҳастӣ барои расидан ба ин мароми миллӣ кӯшиш менамуд. Бо ибораи дигар гӯем, барои пайдо намудани роҳҳои ҳалҳои чунин мушкилотҳо роҳбарияти олии давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо мақсаднок истифода намуд, то ки ба истиқрои сулҳи комил ва суботи сиёсӣ мушарраф гардида, фаъолияти самараноки ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, рушди устувори давлатдории муосири миллиро дар шароити пурташаннуҷи авзои ҷаҳони кунунӣ ба роҳ монад.
  Перомони ваҳдати миллӣ ва сулҳофарии тоҷикон мулоҳиза намуда, нақши муассиру мондагори фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати расидан ба ин рӯзгори босуботу пурфайз қайд намудан бамаврид аст. Маҳз хирадмандӣ, дурандешии сиёсӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстии ин фарзанди фидоии миллат буд, ки дар чунин вазъияти душвори сиёсӣ масъулияти роҳбарии миллату давлатро ба дӯш гирифта, бо ҷасорат ва рӯҳияи шикастнопазири тоҷикона, сарфи назар аз ҳама амалҳои душманони миллат, барои бақои давлату миллат талош меварзид. Ҳиммату шуҷоат ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҳувайдо мегардад, ки ӯ барои баргардонидан ва дастгирӣ намудани гурезаҳои иҷборӣ, ба хотири пойдории давлати миллӣ ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик ба гуфтушуниду мусолиҳат ва тақсими қудрат намудан бо он гурӯҳҳое, ки «мухолифон» унвон доштанд, роҳ пеш гирифт. Ин падида дар таърихи инсоният бе назир аст.  
  Ҳамин тавр, 27 июни соли 1997 ҳамчун санаи рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти миллати тоҷик, яъне рӯзи ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар саҳифаи таърихи нави миллат ба таври мондагор сабт гардида, аз таҳаммулпазирию сулҳхоҳӣ ва инсондустию ояндаи дурахшони ин миллат башорат дод.
Таҷрибаи таърихӣ барои миллати тоҷик нишон дод, ки барои ҳамчун давлати воҳид ва миллати бузург устуворона инкишоф ёфтан, ваҳдати миллиро ҳамчун омили муҳимми пойдории давлат, суботи ҷомеа ва таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шҳрванд таҳким бахшидан зарур аст.
  Падидаи «ваҳдати миллӣ»-ро, ҳамчун зуҳуроти сиёсию ҳуқуқӣ, дастовард ва руйдоди бузурги таърихии даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳисобидан барои мо тоҷикон арзанда аст.
Доир ба аҳамият ва нақши ваҳдати миллӣ дар рӯзгори таърихии миллат мулоҳиза намуда, метавон тазакур дод, ки барои миллати тоҷик арзиши падидаи Ваҳдати миллӣ камтар аз Истиқлолияти давлатӣ нест. Зеро аксарияти мардуми кишвар бевосита шоҳиди ҳол гардида, дар замири хеш эҳсос намудаанд, ки бархурдор набудан аз ваҳдат миллӣ чӣ оқибатҳои нангинеро сари миллату давлат ба бор оварда, ин ҳолат на танҳо фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мушкил сохт, балки худи ин падидаҳои муқаддасро зери суол бурд.
  Бо ҳамин манзур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор аз ин дастоварди миллат иброз дошт, ки: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Имрӯз метавон гуфт, ки миллати соҳибтамаддуну фазилатпешаи тоҷик такя бо махсусияти наҷиб ва руҳияи қавию шикастнопазири азалии худ тавонистааст дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ бо ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ исбот намояд, ки ин миллати тамаддунофар дар муқобили ҳама бадкориҳои бадхоҳонаш устувору абадзинда аст. Зеро дар чунин вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосир фақат ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, худшиносию шарафи миллӣ, зиракии сиёсӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандони мамлакат дар муқобили зуҳур ва ташаккули бесобиқаи унсурҳои хатарзо ба сифати омили ҷавобгӯ нақши муассир дошта метавонад.
 
Сангов Тоҷиддин - ходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia