casino malaysia
casino malaysia
Пешвои миллат – бунёдгузори  Ваҳдати миллӣ

wrapper

  Сулҳу ваҳдат чи гуна калимаҳои гуворое ҳастанд, ки   метавонад ба қалби  ҳар фарди солимақл бо як меҳру муҳаббати самимӣ ҷо гирад.  Қабл аз ҳама, бояд инро донист, ки  маънои истилоҳи  сулҳ  ин ифодагари якдигарфаҳмиву фарзонагӣ, ҳамдиливу муросо, орзуву ормон  ва поктинативу нексириштиро дар бар мегирад. 
 Ваҳдат бошад,  ба ҳам сар омадан, ягонагӣ, сар аз як гиребон бурун овардан,  нумую саодати  даврони ҳастии инсон   ва беҳтарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон маҳсуб меёбад.
  Аз ин ру, маҳз ба ҳамин хотир  бояд қайд кард, ки   мо дар арафаи 24 –умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Аммо  боре ҳам андешидаем, ки ин ҳама хушбахтию сарбаландӣ, тинҷию оромӣ ва ин ҷашни муқаддаси миллӣ чи гуна пойдор гардид? Бале, нахуст мо бояд ба ин масъала пеш аз ҳама дар бораи саъю кушиши беандозаи фарзанди фарзонаи миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ёдовар шавем.
 Вале моро зарур аст, ки   аввал  рӯ ба таърихи ниёгони хеш биёрем. Баъди пароканда гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навтаъсис ба бисёр мушкилиҳо гирифтор шуд. Падидаҳои нангин, ба мисли, гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ, нобоварӣ, хусумату бадбинии байниҳамдигарӣ, ба амал омаданд, ки ин ҳама нокомиҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид, ки мислашро таърих боре ҳам дар ёд надошт…   
  Ҷангҳои мусаллаҳона бошад, боиси халалдор шудани зиндагии осоиштаи мардум  гардид, ки  дар натиҷа ҳатто ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарарҳои калон ворид гардиданд. Вазъият то он дараҷае мушкил шуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ хеле вазнин гардида, тамоми қишрҳои ҳаёти ҷомеаро ба бӯҳрони душвор оварда расонид.  Вале дар баробари ин ногуфта намонад, ки баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки ватан намуданд. Дар фазои нооромӣ, то  ҳатто даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардидаанд.
  Ҳамчунин бояд қайд кард, ки бисёри ҳамватанони мо аз ҷою сукунати худ маҳрум гаштанд, чунки  хонаву дари онҳо валангор гардида, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монда, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда, ба бисёр кишварҳо гуреза шудаанд. Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро душман ва қотили якдигар созанд ва мақсадашон ин буд то, ин ки миллати куҳанбунёдро аз байн бурда, мардумро бе ватан гардонанд.
  Дар ҳамон вазъияти басо сангину ноором дар Иҷлосияи  ХV1–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16– уми ноябри соли 1992 дар  Қасри Арбоби шаҳри  Хуҷанд баргузор гардида буд, хушбахтона бо райъи вакилон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳамон вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буданд, ки : “То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба  меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонанд ва то охирин гурезаҳои  иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда,  барои  гулгуншукуфоии кишвари азизамон садоқатмандона  хизмат мекунам”.
 Сипас Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезаҳо Комиссияи ҳукуматӣ ташкил намуда, ба кишвари Афғонистон сафар намуданд. Пешвои миллат бо ҳамватанони иҷборӣ ҳамсуҳбат шуда, онҳоро тавонистанд ба Ватанамон  баргардонанд.    Танҳо бо хоҳишу талошҳои Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раванд Мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шуруъ шуд. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар охир 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид.
 Ҳамчунин қобили зикр аст , ки Пешвои миллат аз ҳамон лаҳзаи ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба масъалаҳои муҳими халқу мамлакат, таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони  кишвар равона карда буданд ва танҳо фаъолияти сиёсии ӯ буд, ки ҳамчун Сарвари давлат  бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳ ва  Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист ва танҳо он сиёсати оқилонаву дурандешӣ ва сулҳхоҳии ӯ боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон нобуд гардидаву  имрӯз дар Ватани азизамон сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву дустӣ ҳукмфармост. Маҳз барои ҳамин мо ин Қаҳрамони миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  ҳар лаҳза ба забон мегирем! Хушбахтона, имрӯз ин истилоҳ дар забони ҳамаи хурду бузурги диёри азизамон хело дилнишин ва  бо як меҳру муҳаббат садо медиҳад, ки ин ҳам аз  хидматҳои бузурги Пешвои миллат дарак медиҳад, ки тамоми саъю кушиши худро баҳри ободу зебо гардонидан ва таъмину сулҳу Ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолият талош меварзаду сидқан ба мардуму миллати хеш ҷоннисорӣ менамояд.   
  Дар охир бояд зикр намуд, ки мо тоҷикон чун миллати бонангу номус ва сарбаланд бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва бо ифтихор ва итминони комил метавонам иброз намоям: пояи сулҳу амниятро дар ин сарзамини сарсабзу хуррам, фарзанди оқилу донои кишварамон, Пешвои миллат устуворӣ бахшид.  Ва бояд ҳар фарди солимақлу солимфикр инро донад, ки Ваҳдати миллӣ муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ба  он ҳама бояд арҷгузор бошанд.
  Чуноне ки,  шоири тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ мегуяд:
 
Ҳама тан пайи Сулҳу Ваҳдат шудем,
Алорағми андӯҳу зиллат шудем,
Чу чашми  ҳақиқат  намудем боз,
Ба ҳам даст додему миллат шудем.
 
 
 
          Шокимова Дилрабо
ходими Шуъбаи онтология,
гносеология ва мантиқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia