Нидои Ватан
- Сешанбе, Май 04 2021
- Андешаи муҳаққиқон
Ватан як бори дигар имтиҳон хоҳад зи мову ту,
Барои ҳифзи нангу ном ҷон хоҳад зи мову ту.
Агар садсолаҳо омад ҳуҷуми хунфишон бар он,
Амон аз теғи ваҳшисиратон хоҳад зи мову ту.
Нишон додем сулҳу ваҳдати худро дар ин олам
Зи ваҳдат бар адӯ мушти гарон хоҳад зи мову ту.
Агарчанде шиори мост сулҳу дӯстӣ, аммо,
Гаҳе мардона разми беамон хоҳад зи мову ту.
Замони Рустаму Бӯмуслиму Афшин гузашт акнун,
Чунин як қаҳрамонӣ ин замон хоҳад зи мову ту
Агарчи пирам аммо хуни нангу ор меҷӯшад,
Зи бас имрӯз нерӯи ҷавон хоҳад зи мову ту.
Ватан як бори дигар имтиҳон хоҳад зи мову ту,
Диҳам мардона бар ҳифзаш чу ҷон хоҳад зи мову ту.
Академик Кароматулло Олимов
Академик Кароматулло Олимов