casino malaysia
casino malaysia
СҲШ ва ҳуқуқи байналмилалӣ

wrapper

  Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, зикр шуд, ки «соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохтори бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ба уҳда дорад. Имсол аз таъсис­ёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст».
  Бояд тазаккур дод, ки то соли 2000-ум созмон ҳамчун Панҷгонаи Шанхай фаъолият намуда, ба ҳайси механизми ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва амнияти сарҳад рушд карда, воситаи асосии нигоҳдории сулҳу амният дар сатҳи минтақавӣ буд. Таври мисол, созишномаҳое, ки дар Шанхай (соли 1996) ва ­Москва (соли 1997) аз ҷониби сарони давлатҳои Ҷумҳурии Қазоқис­тон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҷоди эътимод дар соҳаи ҳарбӣ ва коҳиши мутақобилаи неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ ба имзо расиданд, дар нигоҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа саҳми муҳим гузоштанд.
  Лозим ба ёдоварист, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз тарафи шаш давлат (Қазоқис­тон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хитой) 15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай таъсис ёфт. Покистон ва Ҳиндустон ба ҳайси аъзо дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзо 8-9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона ба СҲШ шомил шуданд. Ба ғайр аз онҳо чор кишвар — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон мақоми давлати нозирро дар СҲШ доранд. Ҳамчунин, шаш кишвари дигар Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка шарикони муколамаи СҲШ мебошанд. СҲШ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат рушд карда, ҳоло ба созмони минтақавии байналмилалӣ, муҳимтарин василаи татбиқи сиёсати хориҷии давлатҳо дар қораи АвруОсиё мубаддал гаштааст.
Он дар рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу субот дар қораи АвруОсиё нақши муҳим дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли мавҷудияти СҲШ (солҳои 2001-2020) аз ҷониби он 108 санад, аз ҷумла, 13 шартномаи байналмилалӣ (муоҳида, хартия, протокол, низомнома, меморандум ва барнома), 22 эъломия, 23 изҳорот, 50 комюнике ва иттилоия қабул шудааст.
  Дар сатҳи минтақавӣ СҲШ ҷиҳати мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм пешсаф аст. Муоҳидаҳое, ки дар доираи он қабул шудаанд, меъёрҳои ягона ва муттаҳидсози кӯшишҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб буда, дар муқовимат ба онҳо нақши муҳим мебозанд. Бамаврид аст, аз Муоҳидаи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 ёдовар шавем, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории давлатҳоро дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави ҷиноятӣ дар асри XXI фароҳам намуд. Он бори аввал дар сатҳи байналмилалӣ мафҳумҳои сепаратизм ва экстремизмро ҷиноят тавсиф намуда, ин меъёрҳоро барои имплементатсия дар қонунгузории миллӣ пешниҳод кард. Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар муоҳидаи мазкур мавҷуданд, ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ба танзим медароранд ва муқовиматро ба таҳдидҳои террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ дар сатҳи минтақавӣ тақвият мебахшанд.
Рушди ҳамкории махсус дар доираи СҲШ меъёрҳои махсусро талаб мекунад. Ин соҳаи ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм бе меъёрҳои шартномавӣ, одатан, ғайриимкон аст. Маркази минтақавии зиддитеррористӣ (ММЗT), ки бо созишномаи махсуси кишварҳои аъзои СҲШ аз 7 июни соли 2002 таъсис дода шудааст, механизми самарабахши тат­биқи ҳадафҳо ва вазифаҳои пешбининамудаи муоҳидаи мазкур мебошад. Аз 1 январи соли 2004 ММЗТ амалҳои мушаххасро оғоз карда, объекти фаъолияти он ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистии дар замимаи муоҳида зикргардида мебошад. Танҳо тавассути меъёрҳои байналмилалӣ, ки дар қонунгузории миллӣ татбиқ шудаанд, кишварҳои аъзои СҲШ метавонанд аз амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳӣ ҷилавгирӣ ва бо тавсеаи ҳамкории муштарак онҳоро саркӯб намоянд.
  Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ду даҳсолаи охир иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бо терроризм тав­сеа ва тақвият ёфт. Моҳи октябри соли 2000-ум контингенти ҳарбии минтақавии зиддитеррористии СҲШ таъсис дода шуд. Тоҷикистон ҳамчун узви СҲШ дар хати пеши мубориза қарор дорад.
  Дар давоми 20 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон се бор раёсати ин созмони пурнуфузро ба зимма дошт. Бори аввал соли 2008 ба уҳда гирифт ва он сол бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 чорабинии гуногунҷанба доир ва масъалаҳои мубрам ҳаллу фасл шуданд. Ҳамчунин, санади ҳуқуқии хеле муҳим — Низомнома дар бораи мақоми шарики муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай омода ва барои қабул пешниҳод гардид. Дар Эъломияи Душанбе, ки 28 августи соли 2008 қабул шудааст, сарони давлатҳо ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баҳои баланд дода, барои меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
  Бори дуюм раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба соли 2014 рост омад. Дар ин давра ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе 11-12 сентябри соли 2014, мулоқоти вазирони мудофиа (Қайроққум, 1 апрели соли 2014), вохӯрии котибони шӯроҳои амният (Душанбе, 17 апрели соли 2014), нишасти вазирони фарҳанг (Душанбе, 10-11 июни соли 2014), ҷаласаи роҳбарони агентиҳои зидди маводи мухаддир (Душанбе, 19 июни соли 2014), мулоқоти роҳбарони хадамоти сарҳадии давлатҳои аъзои СҲШ (Қайроққум, 25-26 июни соли 2014), ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Душанбе, 30-31 июни соли 2014), ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии консорсиуми СҲШ (Душанбе, 10 сентябри соли 2014), ҷаласаҳои раёсати Шӯрои кории СҲШ (Душанбе, 10 сентябри соли 2014) дар сатҳи хубу сифати баланд баргузор гардиданд.
  Муҳимияти имсолаи раёсати Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки СҲШ 20 — солагиро таҷлил мекунад.
  Бегуфтугӯ, санадҳои СҲШ дар ташаккули меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нақши торафт муҳимтар мебозанд. Таҳияи ин меъёрҳо дар муоҳидаҳо, эъломияҳо ва қарорҳои СҲШ низ инъикос ёфтаанд. Агар муоҳидаҳо барои иҷро ҳатмӣ бошанд, пас қарорҳо ва эъломияҳое, ки СҲШ қабул кардааст, хусусияти тавсиявӣ, қувваи назарраси боварибахш доранд, дар сатҳи сиёсӣ амал мекунанд, ҳамчун василаи ёрирасон барои муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ хидмат менамоянд. Онҳо аксар вақт ҳамчун пайвандҳои муҳим дар раванди таҳияи меъёрҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ аҳамияти ҷиддӣ доранд. Қарорҳои СҲШ ҳамчун манбаи махсуси ҳуқуқи байналмилалӣ ҳисобида мешаванд ва қувваи ҳуқуқии онҳоро санади таъсисии СҲШ муайян мекунад.
  Бешубҳа, СҲШ ҳамчун созмони минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар минтақаи АвруОсиё собит намуд, ки дар рушди давлатҳо бо риояи қатъии санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ саҳми бориз дорад.

Саидумар РАҶАБОВ,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
http://sadoimardum.tj/minta-a-o/to-ikiston-va-a-on/s-sh-va-u-u-i-bajnalmilal/ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia