casino malaysia
casino malaysia
Наврӯз рукни умумиэътирофшудаи тамаддуни инсонӣ ва нишонаи фарҳангофарии тоҷикон

wrapper

                                                                               «Наврӯз асолатан ибтидои корҳои
                                                                          наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни
                                                                           парвариши руҳ ва афкори солим,
пиндору кирдору рафтори нек аст.»
Э.Раҳмон

  Наврӯз, соли нав, бостонитарин ҷашни мардумии орёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз ҳамагонитарини ҷашнҳои башарият ба ҳисоб рафта, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ якуми фарвардин (аввали ҳамал), мутобиқ ба 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Дар ин рӯз офтоб ба хати устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Наврӯз – вожаи тоҷикӣ буда, ин ҷашн аз аҳди бостон то ба ин замон бо ҳамин ном машҳуру маъмул аст.
  Дар рӯзгори инсоният ҳар як ҷашн ва иду маросимҳои роиҷгардида вобаста бо ҷаҳонбинӣ, дарк, эътимод ва арҷгузории мардум ба он ҷойгоҳи ба худ хос дорад. Зеро ҳар як падида маҳсули ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва эҷоди халқияту миллати муайян ва дар маҷмӯ инсоният ба ҳисоб меравад.
  Наврӯз аз зумраи падидаҳои маънавии бостониест, ки муҳақиқон таърихи пайдоиши онро фаротар аз шаш ҳазор сол ҳисобида, ба давраи шуури мифологии ориёитаборон, замони салтанати Каёниён ва ба оғози тамаддуни инсонят нисбат медиҳанд. Масъалаи матраҳ он аст, ки оғози чашнгирии Навруз хеле кадимтар аз замони зуҳури Зардушт ва китоби «Авесто» маъмул шуда, комилан ба дину мазҳаб алоқамандӣ надорад.
Дар «Авасто» ба ин маънӣ омадааст, ки Ахура-Маздо пас аз 3000 соли ҳукумронии ҷаҳон аз ҷониби мабдаи бадӣ – Аҳриман мағлуб мегардад ва Чамшед тавассути рӯшноӣ ба Аҳриман ғолиб омада, он рӯзро Наврӯз меномад.
Доир ба таърихи таҷлил ва вижагиҳои Наврӯз як қаттор мутафакирони аҳди бостон, асрҳои миёна ва замони муосир ибрози андеша намудаанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва Умари Хайём дар "Наврӯзнома" маълумоти муҳимро роҷеъ ба иди Наврӯз ҷамъ овардаанд.
  Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар асараш «Мулук ул- арз вал- анбиё» чунин баён медорад, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.
  Муҳақиқи форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ  таҷлили Наврӯзро ба подшоҳии Ҷамшед ва динро нав кардани он нисбат медиҳад.  
  Аввалин маълумотҳо перомони вижагиҳои Наврӯз дар сарчашмаҳои бостонии асри ду ба мушоҳида мерасанд, ки аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар давраи давлатдории Ҳахоманишинҳо, (тақрибан солҳои 648-330 то мелод) хабар медиҳанд. Дар ин айём ҷашни Наврӯз ҳамчуни маросими идонаи дини Зардуштӣ, иди давлатии Ҳахоманишҳо ба ҳисоб мерафт.
Наврӯз дар даврони ҳукумронии аҷнабиён, ки муҷиби аз байн рафтани бисёре аз дастовардҳои беназири ориёитаборон гардида аст, устувор монда, на танҳо ҷойгоҳи худро аз даст надод, балки дар байни халқияту миллатҳои гуногунзабону гуногунфарҳанги сарзамини паҳновар густариш ёфт.
  Иди Наврӯз борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию бегонаситезии аҷнабиён ва иқдомҳои зишту муғризонаи бадхоҳони тамаддуни тоҷикӣ дучор омада, сарнавишти ба мисли миллат пурфоҷиаю пурҳаводис ва таззодҳои мушкили марҳилаҳои гуногуни таърихро рахна сохта, то ин замон расида, боз мақоми азалии хешро дарёфта ҷашни байналмиллалӣ гардида аст.
Чунин иқдомҳои муғризонаи бегонагон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ низ, ба мушоҳида мерасид. Дар солҳои 20-и  қарни гузашта ҷашни Наврӯз анъанаи хурофотпарастӣ ҳисобида шуда, таҷлили он дар тамоми ҳудуди давлати мазкур мамнӯъ эълон гардида, аз феҳристи ҷашнҳо ихтисор шуд.  
   Мусаллам аст, ки таҷлили Наврӯз аз сароғози пайдоишаш на танҳо дар сарзамини таърихии империяи ориёитаборон, балки фарохтар аз он машҳур шуда буд Дар давраҳои баъдӣ низ, иди Наврӯз новобаста аз маҳдудсозиҳо ва мамнӯъэълоннамоиҳои бегонагони зимомдор аз ҷониби муътақидон ва арҷгузорони фарҳанги волои ниёгонӣ бо шаҳомоти хоса таҷлил мегардид.   
Марҳилаи нави эҳё ва инкишоф Наврӯз ба барҳамхурии ИҶШС рост меояд. Вобаста ба ин ҳолат, яъне дигаргуншавии авзои сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоии ҷомеа таҷлили Наврӯз дар бисёре аз давлатҳои соҳибистиқлоли пасошуравӣ сифати навро касб намуда, ба хусус, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун, иди миллӣ ва дорои мақоми давлатӣ эътироф гардид. 
  Дар асоси маълумоти расмӣ ҳоло дар ҷаҳон 13 кишвар Наврӯзро ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил менамяд. Айни замон, иди Наврӯз дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Ҳиндустон. Македония, Босния ва Ҳерсоговина, минтақаҳои Курдистони Ироқ, (ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистони) Федератсияи Россия ва як қаттор  кишварҳои дигар таҷлил мегардад. Гузашта аз ин, дар замони муосир ҳудуди таҷлил гардидани Наврӯз бозҳам густариш ёфта, он ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ворид мегардад. Бо ибораи дигар, ҳавзаи Наврӯз тавсеа ёфта, кишварҳоеро ба мисоли Россия, Чин, Гурҷистон, Македония, Босния Ҳерсоговина, Канада, ИМА (ва амсоли инҳо) фаро мегирад.
Пас, бо эътимод метавон тазакур дод, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан, мардумони то ҳанӯз аз гавҳари Наврӯз бархурдорнабударо фаро меирад, ки хушбахтона, ин падида ботадриҷ дар ҳоли инкишофи назаррас мебошад.
  Муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО бо назардошти моҳият ва махсусиятҳои беназири иди Наврӯз, ки дар инсондустонаю табиатпарварона будан ва паҳноии фарогирии ҷуғрофӣ он бозтоб мегардад, 30 сентябри соли 2009 онро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарӣ ворид намуд. Дар ҳамин алоқамандӣ, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010, дар иҷлосияи 64- уми худ дар чорчӯбаи банди 49-и рӯзномаи иҷлосия «Фарҳанги ҷаҳон» аз тариқи ризоият таҳти унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» Қатънома қабул кард. Дар асоси таъиноти мазкур, 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эътироф гардида, ин падидаи маънавии ҷаҳонии бостон боз ҷойгоҳи воқеии худро дарёфт. Иқдоми мазкур ба хазинаи тамаддуни ҷахонӣ ворид гардидании ҷузъи асосии фарҳанги ориёиро бозтоб намуда, шоистаи эътирофи умум ва арҷгузорӣ будани онро ҳувайдо месозад.
  Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат, Эмомали Рахмон бо эътимод ва ифтихор аз ин пдидаи бузурги ниёгон, ҳамчун меросбари фарҳанги беназири ориёитаборон дар ҷодаи ба тасвиб расидани қарори таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эътироф намудани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз», саъйу талошҳои пайгиронаю муассирро анҷом даданд. Далели воқеӣ он аст, ки то ба истиқлолият комёб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як роҳбаре аз кишварҳои ҳамҷувор натавонист ба чинин ташаббус иқдом намояд.
 Мушаххасан, доир ба раванди мавҷудият ва сатҳи таҷли гардидани Наврӯз дар дарозои таърих метавон қайд намуд, ки Наврӯз дар замони мавҷудияти Сомониён дубора эҳё гардида, бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. дар даврони сафавиҳо ва шайбониҳо бошад, таҷлили Наврӯз вобаста ба диди ноогоҳонаи зимомдорони муҳтасиб, ҳамчун анъанаи мухолиф бо арзишҳо ва меъёрҳои мазҳабӣ мамнӯъ эълон гардида буд. Минбаъд Наврӯз дар давраи Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва замони истилои муғулҳо иди Наврӯз дар сатҳи гуногун таҷлил мегардид.
  Мусаллам аст, ки Наврӯз дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро аз нав соҳиб гардида, аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. 
Бояд тазакур дод, ки мутаасифона, гоҳҳо ба мушоҳида мерасад, ки вобаста ба ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳияшон баъзе руҳониён таҷлили иди Наврӯзро амали нодуруст  ва мамнӯъ арзёбӣ менамоянд. 
Имрӯз, хушбахтона дар Ҷумҳурии Точикистони Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эътироф гардида, шаҳомати бештар касб менамояд. Наврӯз барои мо тоҷикон падидаи беназиру бузурги маънавест, ки дар дарозои таърих онро хифз намудаем ва дар замони муосир он дар радифи забони модариямон чузъи таркибию асосии хуввияти миллии моро ташкил дода, мояи ифтихору сарчашмаи худшиносиямон ба ҳисоб меравад.
  Ба ин маъно, Пешваои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «Наврӯз – таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст».
Хулоса, падидаи Наврӯз ҳамчун рукни умумиэътирофшудаи фарҳанги инсонӣ, маҳсули тасаввур, тафаккур, ҷаҳонбинӣ, дониш, хирад, андеша ва фаросати азалии ниёгони миллати тоҷик аст, ки хусусияти тамадунофарӣ, бунёдгузорӣ, созандагӣ, зебоипарастӣ ва устуворию пояндагии ин миллатро ҳувайдо сохта, ҳамчун дастоварди маънавии беназири инсонӣ ҷаҳони тамаддуни башариятро маъно мебахшад.
 
Сангов Тоҷиддин 
ходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи
давлатии Институти фасафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia