casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Кӣ бояд интихоб шавад?!

   Дар зиндагӣ ҳақиқат, воқеъият ва адолати иҷтимоӣ дар шакли нисбият ҳаст ва мо бояд ба ин се истилоҳ ба чашми хирад назар афканем ва эҳсосӣ нашуда, бо андешаи амиқ донем, ки Кӣ бояд интихоб шавад ба сифати Президенту Сарвари кишварамон, то ки раванди зиндагии мо аз нав ба баҳамрехтагӣ табдил нашавад. Чунки ҳар нафари нав агар ба сарварии кишварамон интихоб шавад, ҳатман қонун ва роҳу равиши худро дорад ва шояд боиси баҳамрехтагии ҷомеаи тоза ба оромишу осудагӣ соҳибгардида шавад. Муфассал ...
Хондан 723 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Выборы Президента Республики Таджикистан-2020: мнения и правовая действительность. НИАТ «Ховар» представляет компетентные мнения ученных

  Право в любом обществе признается универсальным инструментом регулирования общественных отношений. По этим основаниям, любые общественно значимые явления в настоящее время регулируются законами и другими нормативными актами. Это положение наиболее актуализировано в настоящее время, когда структура общественных отношений становится сложной, а их регулирование приводит к ранее не известным, не апробированным правом явлениям. Муфассал ...
Хондан 665 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Тоҷикистон барои коҳиши шиддати паёмадҳои эҳтимолии бемории короновирус ба ҳаёти ҷомеа

   Имрӯзҳо афкори ҷамъиятӣ ва фазои маҷозии бештари кишварҳоро масоили марбут ба паёмадҳои эҳтимолии бемории ҳамагири вируси COVID-19 фаро гирифта аст. Пешниҳоди диду назарҳои мухталиф гувоҳи хеле амиқ ва густурда будани таъсири ин падида ба ҷанбаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеаҳои муосир мебошанд.  
   Қобили зикр аст, ки то авҷи буҳрони  марбут ба коронавирус дар фазоҳои мазкур таваҷҷӯҳи олимону коршиносон бештар ба омӯзиши масоили глобализатсия ва оқибатҳои он нигаронида шуда буданд. Зимни ин таҳлилҳо таъкид мегардид, ки моро раванди ҷаҳонишавӣ ба тадриҷ ба эъмори як ҷомеаи истеъмолӣ мувроҷеҳ месозад ва дар ин замина моделҳои мухталифи чунин як ҷомеаи эҳтимолӣ таҳия мегардид. Ин аз ҷониби афкори ҷамъиятӣ мусбат ва ё бетарафона қабул мегардид, зеро истеъмол ҳамеша қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон буда, шарти муҳим барои рушди иҷтимоӣ ва таъмини идомаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Пас аз зуҳуру домангустарии пандемияи вируси COVID-19  на танҳо тарзи ҳаёти миллионҳо одамон тағйир ёфт, балки дар ин ҷараён самти омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дигаргун шуд.  Мавзуи бештари пажуҳишу интишороти расонаҳои имрӯза бештар ба баррасии ин бемории ҳамагир ва оқибатҳои он бахшида мешаванд. Бар асари чунин таҳаввулоти мафкуравӣ аллакай аломатҳое аз худ гувоҳӣ дода истодаанд, ки тамоюлоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи арзишию сохторӣ дигаргун мешавад. Моделҳои ҷомеасозӣ роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи бехатар ва ё амниятгаро мераванд. Он арзишҳое, ки пештар по бар ҷой буданд, акнун ҷойи худро ба арзишҳои дигар медиҳанд.  Яъне ҳарчанд ҳеҷ кас аниқ намедонад, ки пас аз карантину маҳдудиятҳо вобаста ба COVID-19  ҳаёт чӣ гуна тағйир меёбад, аммо ҳоло уфуқҳои тасвири нави дунёи муосир ба тадриҷ пайдо шуда истодааст. Муфассал ...
Хондан 714 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Истиқлоли давлатӣ аз муқаддасоти миллӣ аст!

  Баъди пошхўрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар интиҳои асри ХХ миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мардуми кишвар имрӯзҳо 29-солагии ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун ҷашни муқаддастарини мардумӣ таҷлил мегирад. Истиқлолият волотарин, пурарзиштарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик ва давлату давлатдорӣ мебошад. Истиқлолият ва соҳибдавлатӣ ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Муфассал ...
Хондан 1098 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(5 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia