casino malaysia
casino malaysia
Кӣ бояд интихоб шавад?!

wrapper

   Дар зиндагӣ ҳақиқат, воқеъият ва адолати иҷтимоӣ дар шакли нисбият ҳаст ва мо бояд ба ин се истилоҳ ба чашми хирад назар афканем ва эҳсосӣ нашуда, бо андешаи амиқ донем, ки Кӣ бояд интихоб шавад ба сифати Президенту Сарвари кишварамон, то ки раванди зиндагии мо аз нав ба баҳамрехтагӣ табдил нашавад. Чунки ҳар нафари нав агар ба сарварии кишварамон интихоб шавад, ҳатман қонун ва роҳу равиши худро дорад ва шояд боиси баҳамрехтагии ҷомеаи тоза ба оромишу осудагӣ соҳибгардида шавад.
  Аз ин ҷо, Кӣ бояд интихоб шавад? Ҳамон шахс интихоб шавад, ки ин кишвари ғоратшудаву ноободро ободу сарсабз намуда, дар шакли замонавӣ ва дунявӣ ва бо фарҳанги воло сохтааст ва сохта истодааст. Ҳамон шахсе интихоб шавад, ки бо сарварии Он кас мардуми мо ба Истиқлолият, Ваҳдат ва Парчами миллӣ сазовор гардид ва ба дунё ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддун муаррифӣ шуд. Ҳамон шахсе интихоб шавад, ки бисту нуҳ сол боз бо заҳмату риёзати зиёд бо мардум ҳамқадаму ҳамнафас шуда, барои беҳбуди зиндагӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа саъю талош намуда истодааст. Ҳамон шахсе интихоб шавад, ки дар кишвар сулҳу амниятро  барқарор намуда, мардумро ба ягонагиву ваҳдати миллӣ даъват намудааст. Бояд ҳамон шахсе интихоб шавад, ки фарҳангу суннат, маросиму анъана ва тамаддуни қадимаи мо тоҷиконро эҳё намуд ва ба мардум имконият дод, ки ин маросиму анъанаҳоро ҷашн гиранду насли имрўзаву ояндаи хешро аз он огоҳ намоянд, то ки ҳувияти миллии хешро фаромӯш накунанд. Ҳамон шахс бояд интихоб шавад, ки Неругоҳи обӣ-барқии Роғунро бо талошу заҳматҳо ва гуфтугузорҳои зиёде ба кор андохтанд ва ҳоло ду агрегати он қобили истифода аст. Ҳамчунин муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иртиботи солимро бо кишварҳои хориҷ ва ҳамсоя барқарор намуд. Ҳамон шахсе бояд интихоб шавад, ки мардум ба Ў ва сарварии он кас бовариву итминон доранд ва эҳтирому самимиятро нисбати вай қоиланд.
  Дар зимн, кори давлату давлатдорӣ кори саҳлу осон нест ва ин сохтусозҳо ва барқарории сулҳу амният, иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ва муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо ақлу заковат ва маърифату фарҳанг ва сиёсати волову хирамандонаи давлатдорӣ ва давлатсозиро талаб мекунад. Интихоби номзади нав шояд барои беҳбуд набошад. Бинобар ин, қалбан интихоби ман Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  

Т. Муродова,
ходими пешбари илмии ИФСваҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia