casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Роҳи давлатҳои динмеҳвар сӯи варта аст!

  Бо талошу заҳмати мутахассисони соҳаи телевизион саҳифаҳои тираи солҳои 90-уми таърихи халқи тоҷик варақгардон шуда, нақшаҳои хабисонаи душманони миллати мо, махсусан роҳбарону аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар доираи филми мустанади “Хиёнат” бо далелу рақамҳои муътамад давра ба давра ба маърази тамошои сокинони ҷумҳурӣ гузошта шуданд. Ҳарчанд дидани саҳнаҳои даҳшатбори амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии наҳзатиҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо душвор бошад ҳам, вале ин наворҳо ба мисли оина асли рӯйдодҳоро нишон медиҳанд, ҳақиқатеро, ки наҳзатиҳо бо тамоми талоши имрӯзаи худ бо роҳи паҳн кардани бофтаҳои дурӯғин ва беасос дар  шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз наметавонанд онро инкор кунанд.

Муфассал ...
Хондан 1748 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(63 Овозҳо)

Забони тоҷикӣ чун шеъри Рӯдакӣ зебост

  Ашъори безаволи Рӯдакӣ дар ганҷинаи адаби мардуми форсизабон, алалхусус, халқи тоҷик саҳифаи пурҷилоест.
 Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷахонӣ», ки 6 сентябри соли 2011 бахшида ба 1150- солагии устод Абуабдулло Рӯдакӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзгору осори алломаи тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Оли Сомон ёдовар шуда, ки аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши таърихи ниёгон, илму дониш, рӯ оварда, мардумро ба тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкориву инсондӯстӣ даъват намуда буд. Муфассал ...
Хондан 765 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Эмомалӣ Раҳмон бо таҷлили 5500 солагии Саразм - рӯҳи тамаддуни мардуми ориёаслро зинда кард!

  12 сентябри 2020  Тоҷикистон 5500 солагии Саразмро ҷашн мегирад. Бояд тазаккур дод, ки таҷлили ин ҷашн барои на танҳо тоҷикон ва мардуми ориёасл, балки  кулли аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ  ва геополитикӣ дорад. Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии "Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ"-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт. Муфассал ...
Хондан 1762 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(65 Овозҳо)

Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони Истиқлол. Тоҷикони ватандор имрӯз дар атрофи Пешвои миллат муттаҳиданд!

    Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад ва инчунинин дар арафаи муҳимтарин чорабинии сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлат садо баланд карда, ба тӯҳмату бӯҳтони навбатӣ дар нисбати  Ватан  ва ҳамиллатони худ даст мезананд. Хоинони Тоҷикистон, то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома медиҳанд. Муфассал ...
Хондан 665 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia