casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паёми навбатии Пешвои миллат- роҳнамои стратегӣ

  Муаррифии  анъанаву суннат ва меросу  арзишҳои миллӣ  дар  Паём  ҳамчун сиёсати  муваффақи  фарҳангии Президенти мамлакат баррасӣ гардидааст, ки барои арҷгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ  арзиши баланд  ва муҳимияти таърихию фарҳангӣ  дорад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо  хабарнигори АМИТ “Ховар” ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Абдураҳмон МУҲАММАД иброз дошт. Андешаҳои мавсуфро дар робита ба  масъалаҳои ҳаётан муҳим- ҳимояи  арзишҳои миллӣ, пос доштани  таҳкими  давлатдории миллӣ ва ҳифзи  забони тоҷикӣ дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ манзури хонандагон мегардонем. Муфассал ...
Хондан 2024 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Самтҳои асосии сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Президент ба Маҷлиси олӣ

  Паём  ин муроҷиати  Президент  ба парлумон мебошад, ки зимни он    масъалаҳои  муҳими давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ  барои  як мӯҳлати  муайян матраҳ мешаванд. Паёми солонаи Президент аввалин бор соли 1790 дар ИМА  аз ҷониби Ҷорҷ Вашингтон ба Конгресс дар Ню Йорк ироа шудааст. Аммо  соли 1801 Президенти он вақтаи ИМА Томас Ҷеферсон ба он тағйирот илова  намуд ва иброз дошт, ки Паёми солона бояд ба таври хаттӣ пешниҳод шавад. Дар замони Иттиҳоди Шурвӣ  Паёми роҳбари давлатӣ  дар шакли маърузаи сиёсии аз ҷониби Котиби Генералии  КМ ҲКШС дар съездҳои ҳизбӣ ироа мешуд. Муфассал ...
Хондан 1928 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар ҳаёти иҷтимоии кишвар Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа, нерӯи фаъолгардонии шаҳрвандон, дастурамал ва роҳнамои фаъолияти ташкилоту институтҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Паём ҳуҷҷати муҳими дурнамои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи бурду бохти ҷомеа ва роҳнамои рушди минбаъдаи хоҷагии халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар як Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад. Муфассал ...
Хондан 541 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Паём - раҳнамои фардо

  Тоҷикистони муосир – ҷамъиятест, ки ба таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯй оварда, нуктаҳои асосии ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги хешро такмил менамояд ва роҳҳои ҳаёти иҷтимоии худро баҳри ҳаллу фасли масоиле равона намудааст, ки дар заминаи рушди тамаддуни башарӣ пеш меоянд. Яке аз роҳҳои асосии ба ин ҳадаф дастрасӣ пайдо намудан, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак бо мамолики пешрафтаи ҷаҳон аст. Дар ин замина баланд бардоштани   сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши илму дониш дар инкишофи иқтисод ва фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад. Муфассал ...
Хондан 1999 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(5 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia