casino malaysia
casino malaysia
Паём - раҳнамои фардо

wrapper

  Тоҷикистони муосир – ҷамъиятест, ки ба таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯй оварда, нуктаҳои асосии ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги хешро такмил менамояд ва роҳҳои ҳаёти иҷтимоии худро баҳри ҳаллу фасли масоиле равона намудааст, ки дар заминаи рушди тамаддуни башарӣ пеш меоянд. Яке аз роҳҳои асосии ба ин ҳадаф дастрасӣ пайдо намудан, ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак бо мамолики пешрафтаи ҷаҳон аст. Дар ин замина баланд бардоштани   сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ ва нақши илму дониш дар инкишофи иқтисод ва фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.
  Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили зина ба зина пеш рафтани асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши бориз дошт. Дар Паём маҳз ба манзури таҳкими фаъолияти самтҳои асосии пешрафти ҷомеа зикр шуд, ки “ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон аст”.
  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо  махсусияти нусратофарин ва ояндаафрӯз фаро гирифта, умед ба фардои неки дурахшонро бо қадамҳои баҳодурона тавсиб менамояд.
  Соли гузашта дар таърихи инсоният як қатор нобасомиҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки баъзе онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Аз қабили  пайдоиши бемории сирояти коронавирус, ки бар вуҷуди инсоният хатарро ба миён овард, оламро ба бӯҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ кард ва ҷомеаи моро низ дар канор намонд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба вазъияти баамаломада ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, тандурустӣ ва ғайраҳо тағйиротҳои дахлдор ворид намуд. Аз ҷумла ба соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳо иловатан ҷудо карда шуд, ки барои хариди доруворӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб роҳандозӣ шуд ва дар кишвар барои табобати   сироятшудагон аз ин беморӣ беш аз 30 беморхона бо 7000 кат илова бо 92 муассисаи тиббӣ, 16 ҳазор кат  ва 5400 табибону кормандони тиб сафарбар гардониданд. Ҳамчунин дар ин баробар аз      1-уми сентябри соли 2020 нафақаи музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз ва ҳаҷми маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз ва нафақи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.
   Дар соли сипаригардида низ ба амнияти озуқавории кишвар аҳамияти махсус дода, дар ин росто оиди баланд бардоштани истеҳсолот аз ҳисоби  васеъ намудани майдонҳои кишт нуктаи  муҳими паёмро дар бар мегирифт.  Ин буд, ки дар  ин давра иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ба вуҷуд омадани 300 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ  аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мамлакат бо вуҷуди пандемияи КОВИД-19 боз ҳам дар ҳоли густариш қарор дорад. 
   Масъалаи дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Парлумон намудаанд ин таъкиди пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти “сабз”  мебошад.  Яъне авзои имрӯзаи ҷомеа моро боз ҳам  водор месозад то дар ин раванди пурталотуми бемайлони иқтисодӣ боз ҳушёртар муносибат намоем.
    Соҳаи саноат яке аз бахшҳои муҳими кишвар барои бартараф намудани камбудиҳои иқтисодӣ ба шумор рафта, боиси хеле коҳиш ёфтани  вобастагии  бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид. Аз ин рӯ, барои боз ҳам ҷоннок гардонидани ҳаҷми истеҳсолоти саноатии рақобатнок, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон барои зиёд намудани соҳаи саноат хело муфид аст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ва ҳоло дар мамлакат танҳо 27 фоизи захираҳо истихроҷ ва коркард шудаанд, ки ин ҳолат дар самти  расидан ба   ҳадафи чаҳоруми кишвар қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ Сарвари давлат ба сохторҳои ба ин масъала марбут  дастур доданд то дар кишвар ҳаҷми истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ боз ҳам зиёд карда шавад.
    Яке аз роҳҳои рушди дигари самаровари Тоҷикистон ин зиёд намудани неругоҳҳои обии барқӣ ба шумор меравад. Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии кишвар дар рӯзҳои аввали истиқлолият ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули рушди худ тавонист зина ба зина ин ҳадафро амалӣ намояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бо маблағи умумии 11,3 миллирад сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии “Норак”, “Сарбанд”. “Қайроқум” ва дар доираи лоиҳаи “СASA-1000” сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500- киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди дигар нерӯгоҳҳои барқии обӣ ба қайд гирифта шудаанд.
    Бунбасти коммуникатсионӣ яке аз мушкилотҳое буд, ки Тоҷикистонро дар ибтидои истиқлолият дар канор намонд. Аммо вобаста ба тараққиёти кишвар ин ҳолат бартараф шуд. Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмиллалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешвад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки имрӯз кишвар дар самти озод шудан аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ ба дастовардҳо ноил гардидааст.
    Маънавиёт қисмати умдаи Паёми Сарвари давлатамонро ташкил медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимни он, ки чун ҳамеша, зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид карданд, як қатор вазифаҳоеро ба миён гузоштаанд, ки барои ҷомеаи мо, махсусан, дар шароити имрӯз ва дар иртибот бо дигаргуниҳои бунёдии фардои кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Мавриди эътибори хос қарор додани таълими фанҳои табиатшиносию дақиқ ва риёзӣ, тақвияти қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, пурзӯр кардани назорат ба сатҳи дониши шогирдони муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои мазкур аз ҷумлаи вазифаҳои умдатарин таъкид гардид. Ҳамчунин Сарвари мамлакат барои боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола ба роҳ мондани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро пешниҳод кардаанд. Рушди маориф аз нахустин солҳои истиқлолият дар ҷумлаи афзалиятҳои давлати ҷавони тоҷикон қарор мегирифт,  яъне ин бахши кори маориф низ ҳанӯз аз ҳамон давраҳо вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат мавриди назари роҳбарияти олии мамлакат буд. Мисли тақвияти тафаккури техникӣ, бо назардошти талаботи рӯз ба омӯзиши ихтисосҳои техникӣ ва касбу ҳунарҳои коргарӣ бештар ҷалб кардани насли ҷавони мо ва ниҳоят, соле ҳам «Соли фарҳанги техникӣ» эълон гардида, дар ин замина иқдомоте амалӣ шуд. Худи раванди компютерикунонии мактабҳо, ба шабакаи интернет пайвастани онҳо ва таълими технологияҳои иттилоотӣ ба толибилмон, ки барномаи давлатии марбути ин масъалаҳо давра ба давра чанд маротиба тамдид шуд, як бахши кори тавсеаи тафаккури техникӣ аст ва зимнан, имконоти шогирдони моро ба гирифтани дониш зиёд кардааст.
   Дар Паёми соли 2019 масъалаи вусъати бахшидани омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд. Дар Паёми имсола бошад, Пешвои миллат  ба Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карданд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои  риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Озмуни  даврҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявии олимпиадаҳоро доир ба ин фанҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронда, ғолибон аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда шаванд.
   Чуноне медонем, таъкиди нақши умдаи ҳифз ва омӯзиши забони модарӣ дар бақои фарҳанги миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, забонҳои русию  англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ ва воситаи маърифатнок кардани ҷомеа низ идомаи ҳамон сиёсатест, ки давлати мо аз нахустин солҳои таъсисаш ҷиҳати ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун нишони ҳастии миллат ва тавсеи омӯзиши забонҳои русию англисӣ роҳандозӣ карда, онро тавассути қонуну як силсила барномаҳои давлатӣ собитқадамона амалӣ мегардонад. Аҳамияти масъалаҳои мазкур на фақат кам нашудааст, балки бо мурури замон торафт тақвият меёбад.
   Боло бурдани эҳсосоти ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар ҷомеа тавассути роҳандозии омӯзиши амиқи таърихи гузаштаи халқамон сурат гирифта истодааст. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат,  хусусан насли наврасу   ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Масъалаи худшиносӣ, ки мақому манзалати инсонро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.  Бо ибораи дигар худшиносии миллӣ натанҳо маълумот, балки пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар, дин ва дигар арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ба шумор меравад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем». Аз ин рӯ, олимону донишмандонро даъват намудаанд, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумиамон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Хурсандибахш аст, ки бо дастури Сарвари давлат шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди президентӣ муҷаддадан аз чоп баромада ба ҳар як оилаи мамлакат тақсим шуда истодааст. Тавассути ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат ҳар яки мо аз таърихи чандинҳазорсолаи  хеш дарки дуруст ҳосил кунем, ба таассубу хурофоти мухталифи сиёсиву динӣ, ки асрҳо боз домани миллатамонро гирифта, монеаи рушди густардаи он шудаанд, баҳои воқеӣ дода тавонем ва ҷаҳониёнро бо аслу насаби хеш беҳтар ошно созем.
   Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки соли гузашта бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаҳои хуб дод. Инро мо дар афзоиши теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дигар китобхонаҳо, дар зиёд шудани шумораи харидорони китоб тавассути ярмаркаҳои интишороти «Адиб» баръало мебинем. Бо дастури Пешвои миллат минбаъд ин озмун ҳамасола баргузор мешаваду маблағҳо ба ғолибон бештар гардидаанд. Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо маънавиёт рабт дорад, ки он ҳам минбаъд идома пайдо мекунад. Ин ҳама тадбирҳо дар собиқа дида намешуданд. Равшан аст, ки давлат сиёсати рушди нерӯи инсонӣ, камолоти маънавию зеҳнии ҷомеаро тақвият медиҳад.
   Имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек дорад ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафарро дарк мекунанд. Ин аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолонаи занону духтарон зиёд ба мушоҳида мерасад. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳимми таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи ироаи Паёми имсола саҳми занон дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд ва танҳо дар соҳаи маориф 73 фоиз ва дар соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ 68 фоизро бонувон ташкил дода дар дигар соҳаҳи ҷомеа нақши назаррас доранд. 
   Амалияи ҷамъиятӣ нишон додааст, ки ягон давлат бидуни муносибат бо давлати дигар рушд накардааст. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини истиқлолият тавонист зина ба зина муносибати дипломатиашро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор намояд. Имрӯз тибқи Паёми Пешвои миллат алакай 178 кишвари дунё  Тоҷикистонро ба расмият шинохтаанд. Дар ин росто кишвари мо низ ҳамчун яке аз узви фаъоли созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ чун Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад ва кӯшиш дорад ин ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳад. Дар сурати  вусъат ёфтани чунин ҳамкориҳо мо метавонем ҷалби саёҳони хориҷиро ба кишварамон зиёд намоем.
   Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад. Масъалаи мубрами амнияти минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо дар сарҳади аввали авлавияти калидии сиёсати хориҷии кишвар фаро мегирад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ва имрӯз низ Тоҷикистон фаълияти байналмилалиашро дар асоси консепсияи сиёсати хориҷаш ба роҳ монда истодааст.
    Дар охир ба хулосае омадан зарур аст, ки дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ бо роҳҳои бархурдор намудани таърихи худ, гузаштаҳои неки худро зинда кардан, арҷ гузоштан ба анъанаву суннатҳои қадимаи худ ба хотири он аст, ки сатҳи маърифати мардумро бедор намуда, ба худшиносию худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Мардум гузаштаи худро ба хотир биёранд, огоҳ шаванд, ки гузаштагони онҳо киҳо буданд, чӣ доштанд ва дар кадом дудмон сабзидаанд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ
ходими пешбари илмии
 Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia