casino malaysia
casino malaysia
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ

wrapper

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 - уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, барои рушди  қонунгузории ватанӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, аз ҷумла дар соҳаи идоракунии саноат роҳи тоза пешниҳод намуд.
  Президент дар баромади худ қайд намуд, ки “баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шудааст. Дар ҳамин радиф, бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст”[1].
  Барои ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинӣ карда шуда роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳаллу фасл намоянд. Бинобар ин Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм  ӯҳдадор карда шудаанд, ки дар самти ташкили низоми самараноки тайёр намудани мутахассисон ва бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, оид ба таъсиси маҷмааҳои саноатии илмӣ, аз ҷумла паркҳои инноватсиониву технологӣ чораҷӯӣ намоянд. Бо ин максад ҳамасола ду баробар зиёд намудани сафи донишҷуён ва мутахассисоне, ки ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос фиристода мешаванд, ба назар гирифта шудааст[1].
  Вазифаҳои дар назди масъулини соҳа гузоштаи Президенти мамлакат воқеан муҳим ва барои саноатӣ гардонидани кишвар зарур аст. Бо баробари ҳамин ба андешаи мо, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳал бояд аз илми ҳуқуқи идоракунии давлатӣ, менеҷменти ҳуқуқӣ бархурдор бошанд. Аққалан Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳануз соли 2007 қабул карда шудааст хуб донанд, зеро ин маҷмӯи қонунҳо, қонунгузории типи замони нав буда дар меъёрҳои он шаклҳои муҳими идоракунии ҳуқуқии давлатӣ, тартиби қонунии пешбурди расмиёти идоракунӣ сабт карда шудааст.
   Назарияи идоракунии давлатӣ талқин менамояд, ки идоракунии давлатӣ яке аз намудҳои идоракунии иҷтимоӣ ва намуди махсуси фаъолияти давлатӣ буда, аз дигар шаклҳои фаъолияти давлатӣ ба монанди- фаъолияти қонунгузорӣ, судӣ, назорати прокурорӣ ва ғайра бо хусусият ва таъиноти худ фарқ менамояд.
   Идоракунии давлатӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ бо чанд аломатҳо муайян карда мешавад, масалан:
  1. Идоракунии давлатӣ шакли фаъолияте мебошад, ки тавассути он ҳокимияти ягонаи давлатӣ вазифа ва салоҳиятҳои худро амалӣ мегардонад;
  2. Идоракунии давлатӣ фаъолияти зерқонунӣ мебошад, ки дар асоси қонун ва баҳри иҷроиши қонун амалӣ мегардад;
  3. Идоракунии давлатӣ дорои хусусияти иҷроӣ ва амрдиҳандагӣ мебошад. Яъне вай талаботи дар қонунҳо ифодаёфтаи вазифаҳои давлатиро иҷро менамояд ва барои бояду шояд иҷро намудани онҳо дар доираи салоҳияти худ амр медиҳад, баҳри амалигардонии салоҳияти худ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кабул менамояд;
  4. Идоракунии давлатӣ аз тарафи субъектони махсус амалӣ мегардад, ки бинобар хусусияти фаъолиятиашон онҳро мақомоти идоракунии давлатӣ ном мебаранд.
  Идоракунии давлатӣ дар шароити ҳозираи инкишофи давлатдорӣ, ба танзими дақиқи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ниёз дорад. Дар он қонун воситаи асосии идоракунии давлатӣ эътироф гардида, ҳамаи санадҳои инфиродие, ки мақомоти иҷроия кабул менамояд, ба низоми мураттаби танзими қонунгузорӣ иваз мегардад. Ифодаи ин равандро, аз ҷумла дар қабулшавии қонунҳои соҳавӣ мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар созмони иктисодиёти ҳуқуқӣ ҳиссагузор мебошад.
  Бояд тазаккур дод, ки дар давлати муосири ҳуқуқбунёд ва демократӣ ҳокимияти иҷроия тобеи дигар шохаҳои ҳокимияти расмӣ нест, он мустақиман фаъолият бурда, ба нерӯи бузурги созандагӣ соҳиб аст. Аз ин боис, дигар шохаҳои ҳокимият ҳуқуқ доранд аз болои вай назорат баранд. Агар ҳокимияти иҷроияро бо дигар шохаҳои ҳокимият муқоиса намоем, вай аз ҷиҳати ташкилӣ-ҳуқуқӣ хеле тавоно маҳсуб меёбад. Захираҳои моддӣ ва молиявии кишвар, номгӯи васеи мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, сохторҳои қудратии ҳифзи ҳуқуқ (ба монанди артиш, милиса, агентиҳо ва хадамотҳои давлатӣ ва ғайра) ба низоми ҳокимияти иҷроия мутаалиқ мебошанд. Зиёда аз он, дар шароити кунунӣ маъмурияти оммавӣ (хокимияти иҷроия) дар таъмини бехатарии давлат, инсон ва ҷомеа, рушди иктисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии таҳдидҳои глобалӣ ҳиссаи арзанда дорад.   
   Ҳамин тариқ, мақомоти идоракунии давлатӣ ба сифати дастгоҳи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (маъмурияти давлатӣ) барои ба иҷро расонии қонунҳои давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.
   Қайд намудан зарур аст, ки дар фаъолияти ҳокимияти иҷроия назорат ва контрол ҳиссаи арзанда доранд, бе амалигардонии шаклҳои номбурдаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ иҷроиши дақиқ ва якхелаи қонунҳо ғайриимкон мебошад. Аммо санҷишҳои такрорӣ, хусусияти субъективӣ ё корруптсионӣ дошта садди роҳи идораи самараноки давлатӣ мегарданд. Инро ба назар гирифта Президенти мамлакат дар Паёми худ қайд намуданд, ки «барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷишии ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро   зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар мӯҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад»[1].
    Ба андешаи мо ин гуна санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қонунгузории ба низом даровардашуда Кодекси «контрол ва назорат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад. Ба мақсад мувофиқ будани чунин номгузорӣ  кардани ҳуҷҷати мазкур ба чанд омилҳо вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳама  ин қонунгузорӣ мафҳум ва моҳияти «назорат» ва «контрол» ро кушода, тартиби ягонаи ба низом даровардашудаи ин падидаҳои ҳуқуқиро мушаххас менамояд. Субъектони салоҳиятдори амаликунанда, тартиби пешбурди назорат ва контрол, мӯҳлатҳои қонунии гузаронидани онҳо, оқибатҳои дар натиҷаи амали нодурусти назоратбаранда ба вуҷуд ояндаро муайян месозад.  
   Зимнан бояд қайд намоем, ки мафҳумҳои контрол ва назорат дар қонунгузории амалкунандаи ватанӣ (асосан дар матни тоҷикӣ) ҳамчун падидаҳои ҳуқуқии баробарвазн, ҳаммонанд ифода шудаанд, аммо ин мафҳумҳо аз ҷиҳати моҳият, максад ва вазифаҳо, таъинот, шакл ва намуд аз ҳамдигар фарк доранд.
   Масалан, моҳият ва мазмуни контрол ифодаи он аст, ки мақомоти салоҳиятдори ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ё судӣ), ки пешбурди контролиро амалӣ мегардонанд, бо истифода аз чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқӣ аз ҷониби макомоти ҳокимияти иҷроия шахсони мансабдори он  содир намудани конуншиканӣ, бояду шояд иҷро накардани онро ошкор намоянд. Мақомоти контролбаранда ҳуқуқ дорад, камбудиҳои ошкор намударо бартараф намояд, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашад, муҷозот гузорад ва дигар тадбирҳои мустаҳкам намудани қонуниятро андешад.
   Назорат ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ хусусиятҳои хосро дорад, ки бо он аз контрол фарқ карда мешавад. Назорат мафҳуми васеъ ва паҳншавандагиро доро мебошад, соҳавӣ ва байнисоҳавӣ шуда метавонад (масалан назорати санитарӣ, назорати прокурорӣ ва ғ.). Назорат ҳуқуқи ислоҳ намудани қонунвайронкуниҳои ошкорнамударо надорад, вай оиди аз байн бурдани нуқсонҳо ва қонуншиканиҳо масъала мегузорад ва бартараф намудани онҳоро талаб менамояд.
    Назорати давлатӣ яке аз фишангҳои муҳими таъмини қонуният дар идоракунии давлатӣ мебошад, моҳияти он пешбурди доимӣ ва мунтазам аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори махсуси давлатӣ буда, фаъолияти мақомот, шахси мансабдори онро дар бар мегирад, мақсади таъмин намудани қонуниятро дорад.
    Қайд кардан зарур аст, ки консепсияи коркард ва қабул намудани Кодекси контролӣ-назоратӣ дар адабиёти ҳуқуқӣ дер боз мавриди муҳокима карор дорад, аз ин хотир шояд Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар асоси пешниҳод ва дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ин қонунгузории замони навро қабул намояд.

         

Иброҳимов С.И.

                                             Мудири шуъбаи ҳуқуқи

 давлатии ИФСҲ АМИТ

                                                       доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

 профессор.

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»// URL: http: www.mmk.tj

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia