casino malaysia
casino malaysia
Тоҷикистон барои коҳиши шиддати паёмадҳои эҳтимолии бемории короновирус ба ҳаёти ҷомеа

wrapper

   Имрӯзҳо афкори ҷамъиятӣ ва фазои маҷозии бештари кишварҳоро масоили марбут ба паёмадҳои эҳтимолии бемории ҳамагири вируси COVID-19 фаро гирифта аст. Пешниҳоди диду назарҳои мухталиф гувоҳи хеле амиқ ва густурда будани таъсири ин падида ба ҷанбаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеаҳои муосир мебошанд.  
   Қобили зикр аст, ки то авҷи буҳрони  марбут ба коронавирус дар фазоҳои мазкур таваҷҷӯҳи олимону коршиносон бештар ба омӯзиши масоили глобализатсия ва оқибатҳои он нигаронида шуда буданд. Зимни ин таҳлилҳо таъкид мегардид, ки моро раванди ҷаҳонишавӣ ба тадриҷ ба эъмори як ҷомеаи истеъмолӣ мувроҷеҳ месозад ва дар ин замина моделҳои мухталифи чунин як ҷомеаи эҳтимолӣ таҳия мегардид. Ин аз ҷониби афкори ҷамъиятӣ мусбат ва ё бетарафона қабул мегардид, зеро истеъмол ҳамеша қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон буда, шарти муҳим барои рушди иҷтимоӣ ва таъмини идомаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Пас аз зуҳуру домангустарии пандемияи вируси COVID-19  на танҳо тарзи ҳаёти миллионҳо одамон тағйир ёфт, балки дар ин ҷараён самти омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дигаргун шуд.  Мавзуи бештари пажуҳишу интишороти расонаҳои имрӯза бештар ба баррасии ин бемории ҳамагир ва оқибатҳои он бахшида мешаванд. Бар асари чунин таҳаввулоти мафкуравӣ аллакай аломатҳое аз худ гувоҳӣ дода истодаанд, ки тамоюлоти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи арзишию сохторӣ дигаргун мешавад. Моделҳои ҷомеасозӣ роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи бехатар ва ё амниятгаро мераванд. Он арзишҳое, ки пештар по бар ҷой буданд, акнун ҷойи худро ба арзишҳои дигар медиҳанд.  Яъне ҳарчанд ҳеҷ кас аниқ намедонад, ки пас аз карантину маҳдудиятҳо вобаста ба COVID-19  ҳаёт чӣ гуна тағйир меёбад, аммо ҳоло уфуқҳои тасвири нави дунёи муосир ба тадриҷ пайдо шуда истодааст.
   Оқибатҳои эҳтимолии пандемияи короноварис ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ пеш аз ҳама дар дигар шудани тафаккури одамон ва дигар шудани робитаю муносибатҳои онҳо бо муҳиту арзишҳои дар он амалкунанда зоҳир мегардад. Аҳёнан робитаю муносибатҳои пештар фаъоли одамон акнун тамоюли худканорагирию худмаҳдудсозиро касб карда, он таъсири ногувор инчунин ба фазои ҳамгиройиҳои байни кишварҳою минтақаҳои алоҳида мегузорад.
Таърихшиноси ҷавони яҳудӣ Ювал Ной Харари, муаллифи китоби машҳури «Sapiens: Таърихи мушаххаси инсоният» мегӯяд, ки ҳоло ҷаҳонишавӣ ноком шуд, зеро бесарусомонӣ дар ҷаҳон ҳукмрон аст ва ҳукумати ҳар як кишвар мустақилона амал мекунад. Фикри Харари аз он ҷиҳат дуруст аст, ки вобаста ба вазъи баамаломада давлатҳо айни замон барномаи ягонаи мубориза бар зидди ин вирусро надоранд. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бар асари таъхиркорӣ дар таҳияи чорабиниҳои пешгирии ин вабои ҳамагир зери тозиёнаи танқид гирифтор шудааст. Протоколи СУТ доир ба табобати ин беморӣ пешниҳод шудааст, ки он низ мухолифини худро дорад. Чӣ тавре ки иброз намудем дар асоси заминаҳои объективии буда ҳар як давлат бояд бо дигар давлатҳо ҳамкорӣ кунад.
   Албатта бидуни нақшаи умумии мубориза бо ин беморӣ, инсоният аз он ба осонӣ халос намешавад. Давлатҳои абарқудрате, ки дар гузаштаи наздик ба худ вазифаи нозири ҷаҳониро касб карда буданд, онҳо низ кӯшишҳои таъсиррасонии худро ба тамоми ҷаҳон кам намудаанд. Вусъати чунин ҳолат сабаби пайдоиши афкори гуногун дар ҷомеа мегардад, ки баъзе аз ҷанбаҳои бартариятдоштаи он инҳоянд: ин вируси сунъӣ аз ҷониби ин ва ё он давлат баҳри манфиати иқтисодӣ паҳн карда шудааст (давлатҳо якдигарро сабабгор эълон мекунанд); ин вирус аз ҷониби гурӯҳи махсуси сарватмандони трансмиллӣ барои пеш бурдани сиёсати манфиатдори худ паҳн шудааст; ин вирус ҷазои офаридгор ба инсони ҷомеаи истеъмолӣ аст; ин вирус натиҷаи беэҳтиётии инсон ба саломатии худ аст; ин вирус аз ҷониби ин ва ё он давлати абарқудрат баҳри таҳти ҳукмронии тоталитарӣ ва ё куллӣ ба воситаи эмкунӣ дохил  намудани чипҳо ба организми одамон паҳн карда шудааст ва монанди инҳо.
Шояд  сабабҳои эҳтимолии дигаре низ дар афкори  ҷомеаи башарӣ бошад, ки ин чанд намунаи онҳо буд. Албатта дар оянда ҷомеаи илмӣ сабаби дақиқи пайдо шудани ин вирусро муайян мекунанд, аммо имрӯз масъалаи муҳим - ин бартараф  намудани оқибати пандемия мебошад. Дар баробари ин имрӯзҳо мебинем, ки новобаста аз вусъати чунин хатар ба инсоният гурӯҳҳои ҷудогонае  низ ҳастанд, ки  манфиатҳои ғаразноки худро аз амонию  сиҳатмандии инсоният болотар мегузоранд. Аз вазъият истифода бурда ба воситаи сомонаҳои гуногун мардумро ба бесарусомнӣ даъват мекунанд. Бинобар ин мушкилоти дигари ҷомеаи давраи пандемия ин дар шабакаҳои иҷтимоии интернет паҳнсозии масоили чолишбарангезе аст, ки бештари вақт ғайриобъективона  мебошанд. Масалан, чунин ба назар мерасад, ки барои гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пайдо шудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва зиёд шудани миқдори сироятшудагону фавтидагон мояи хурсандӣ менамояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе афрод ягон камбудиро дида онро ҳамчун як парчами тафриқаандоз бод медиҳанд, вале намегӯянд, ки барои чӣ мо бетарафем ва ё кори мо танҳо ба ваҷд омадан аз мушкилоти ҷомеа асту мардумро ба воҳимаю таҳлука андохтан?
   Аз оғози паҳншавии COVID-19 Ҳукумати кишвар новобаста аз мушкилоти иқтисодии кишвар, кӯшиш намуд, ки чораҳои бехатариро андешад. Тоҷикистон яке аз аввалин шуда сарҳадоти заминиву ҳавоиро баст, албатта ин ба бюджету иқтисодиёти кишвар зарбаи сахт буд, лекин барои Ҳукумати Тоҷикистон амнияти шаҳрвандон дар навбати аввал меистад, ки аз ин ҷиҳат нодида гирифтани заҳмату меҳнати Ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат ғайриадолатона мебошад. Ситоди ҳукуматии зидди паҳншавии COVID -19 ҳама чораҳоро сари вақт андешида истодааст. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ин масъалаи эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад, ки дар шабакаҳои  иҷтимоии интернет масоили чолишбарангезе буд. Новобаста аз имконотҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои тадриҷан ва бе талафоти калон ба сатҳу сифати протсесси таълим ба карантин баромадани хонандагону донишҷӯёнро хеле хуб ташкил намуд.  Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва ҷиҳати пешгирӣ аз сирояту паҳншавии короновирус аттестатсияи хатми хонандагон синфҳои 9 ва 11 – и таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона бе иштироки хонандагон ташкил карда шуд.  Инчунин Вазорати маориф ва илм дар бораи пардохти музди меҳнату рухсатпулии омӯзгорон, гузориш дод, ки он сари вақт пардохт хоҳад шуд. Ин амалҳо низ аз он далолат менамоянд, ки Тоҷикистон барои пешгирию боздоштан аз паҳншавию сироятёбӣ омодагӣ дошт.
Як ҳолатро шахсони тафриқаандози шабакаҳои иҷтимоӣ дарк кардан намехоҳанд ва ё дарк мекунанду иқрор намешаванд, ки дар Тоҷикистон тамоми имконоту шароит барои ҳифзи саломатӣ, пешрафти иҷтимоӣ, пешрафти соҳибкорӣ на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он, барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ, мавҷуд мебошад. Имконот барои зиндагии шоиста мавҷуд буда, дурусту оқилона ва самараноку бовиҷдонона истифодаи ин имконот дар дасти худи мост.
Ҳукумати  кишвар бо Сарвари мардумии худ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили рушди босуботи кишвар барои пешгирӣ ва зиёдшавии ин вирус ва роҳҳои сабук намудани оқибати иқтисодии пандемия тамоми чораҳоро меандешад. Вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон вобаста ба пешгирию  паҳншавии ин вирус дуруст мебошад.  Давлатҳое, ки ҳолати фавқуллода ва карантини сахт ҷорӣ карданд, ҳоло тадриҷан ба карантини нарм мегузаранд. Ин ҷо як ақидаро дар бораи фитрати азаллии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кардан мехоҳам. Ҳанӯз чанд соли охир Президенти мардумии мо аз тамоми минбарҳо дар бораи сарфакорӣ,  озодагӣ, захиранамоӣ, ободкорӣ, амнияти озуқаворӣ таъкиду пешниҳодҳо мекунанд. Имрӯз мо натиҷаҳои ин даъватҳоро дида истодаем.
   Тибби муосир собит намудааст, ваҳму воҳима ва тарс ин заминаи сироятшавӣ мебошад. Мо набояд аз хурсандию сурур рӯй гардонему ба тарсу воҳима  ғӯта занем. Имрӯз мо роҳи дурусти пешгирифтаи Сарвари худро бори дигар дарк мекунем. Дурустии сиёсати роҳбарӣ маҳз дар чунин вазъиятҳои фавқуллода маълум мешавад. Танҳо сарҷамъию дастгирии якдигар ҷомеаро аз вартаи ин гуна буҳронҳо нигоҳ медорад. Новобаста аз ин, мушоҳида мекунем, ки вобаста ба вазъияти мавҷуда аз ҷониби аксар сокинони кишварамон талаботи оддии беҳдоштӣ риоя намешаванд. Маълум аст, ки дар чунин ҳолатҳо нафақат сироятшавӣ зиёд мешавад, балки ҳисороти ҷониву молӣ низ меафзояд.  Дар давраи пандемия ва хатар ба ҷони одамон ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, барои бартараф кардани оқибатҳои он чора андешем.
 Охирин  Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020,  шаҳодати ғамхории ҳамарӯзаи Сарвари давлат дар пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии  COVID -19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат, Ҳукумат ва фарзандони саховатпешаи ватандӯсти кишвар ҷавоби бебаҳс ба чолишҳои иғвоангези баъзе ашхоси ҳангоматалаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
  Роҳандозии чорабиниҳои маҳдудсозанда танҳо масъалаи хусусӣ нест, балки як падидаи дастаҷамъона мебошад. Он танҳо ба амали мақомот алоқаманд нест, ки мо бетараф интизори қарорҳои он бошем, бояд дарк кунем, ки маҳдудиятҳои шахсии ман барои дигарон, барои ҷомеае, ки ман дар он зиндагӣ мекунам, муҳиманд.  Масъулияти шахсии ҳар як шахси ҷомеа калиди наҷот ва мавҷудияти муқаррарии ҷомеаи шаҳрвандии худи мо аст. Ва ин на танҳо ба масъалаҳои паҳншавии вируси КОВИД-19 дахл дорад, балки ин танҳо як намунаи хеле хуб аст барои андеша кардан, барои васеъ кардани ҷаҳонбии худ, ки амали ҳар як инсон оқибатҳои иҷтимоии худро дорад. Чунин рафтор на танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода бояд ҷой дошта бошад, ғамхорӣ нисбати дигарон, дар ҳаёти ҳаррӯза, дар шароити муқаррарӣ ҳамчун як чизи оддии ҳаррӯзаи шаҳрвандон бояд бошад.  Чун мо мехоҳем дар ҷомеаи шаҳравндӣ зиндагонӣ намоем, рафтори ҳар яки мо бояд барои дигарон намуна бошад, на танҳо нисбати як шахс. Мо бояд дар бораи атрофиён на камтар аз худамон хавотир бошем, зеро ин кафолати пешрафти дастаҷамъонаи мост.
  Ба гуфтаи сиёсатшинос Марк Лоуренс Шрад, пандемия зарфияти мафҳуми ватандӯстиро боз ҳам бойтар гардонид. Тамоюлоти анъанавии қудратталабона онро тарк хоҳад кард, зеро такя ба қудрати силоҳ барои мубориза бо вирус кӯмак нахоҳад кард. Ҳоло ватандӯстони асосӣ ва ҳимоятгарон одамони либоси расмӣ нестанд, балки духтурон, ҳамшираҳои шафқат, дорусозон, коргарони дӯконҳо ва соҳибони тиҷорати хурд мебошанд. Аксари онҳо бо хатари ғайричашмдошти сироят ба марг рӯ ба рӯ мешаванд. Албатта ба ин ақида пурра розӣ шуда наметавонам, лекин ҳақиқат дар он аст, муносибат ба тиб низ дигар хоҳад шуд. Дар соҳаи тиб муносибатҳои байналмиллалӣ ривоҷ меёбанд. Ин муносибатҳо барои рушди тибби касбию анъанавӣ мусоидат хоҳанд кард. Як табиб дар як тарафи дунё ягон роҳи муолиҷаро пешниҳод мекунад, ки аллакай он ба воситаи сомонаҳои интернетӣ дар дигар тарафи дунё амалӣ карда мешавад. Дар мубодилаи афкори тиббӣ мубодилаи иттилоотро зиёд хоҳад кард.  Мубодилаи афкор оид ба пешгӯӣ, табобат ва ихтироъҳои соҳаи тиб меафзояд. Аз як тараф ниёз ба таҷҳизоти замонавии тиббӣ зиёд шавад, аз тарафи дигар омӯзиши маҳсулоти табии тиббӣ ба роҳ монда мешавад. Тоҷикистон, ки аз лиҳози тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш бой мебошад, барои саноати дорусозӣ мекӯшад, ки талабот ба чунин давоҳо берун аз кишвар низ зиёд хоҳад шуд. Пандемия собит намуд, ки ба масоили пешгирии бемориҳо муносибат дигар карда шавад. Дар самти омода кардани мутахассисон, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ  муносибати худи шаҳрвандон дигар хоҳад шуд. Ба масъалаи пешгирии бемориҳо ва инчунин роҳҳои омӯзишу риоя намудани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ низ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ муносибати ҷиддӣ талаб мекунад. 
  Ҳамин тариқ, таҳлили мақолаҳои коршиносони мо нишон медиҳад, ки пандемияи коронавирус ҳамчун боз як санҷишу дарси зиндагӣ барои ҳар як инсон боқӣ мемонад ва набояд моро ба дилшикастагиву ноумедӣ биёрад. Ин рӯзҳои мушкил низ мегузарад, танҳо сарҷамъӣ, иродаи қавии мо, инсондӯстӣ, боварӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ватандории мо бояд устувор бошад.
 
 
 
 
Содиқӣ Насиба,
Раиси Кумита оид ба илм,
 маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони
 Маҷлиси намояндагони МО ҶТ,
 узви фраксияи ҲХДТ.
доктори илмҳои фалсафа 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia