casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубрамияти ҳалли масоили рушди соҳаи маориф ва илм

  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки ба масъалаи рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳалли масъалаҳои бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мешуморанд.
Пешвои миллат рушди соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номид. Зеро, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва миллат мебошад. Дар замони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки заминаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.   Муфассал ...
Хондан 312 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Меҳргон-дирӯз ва имрӯз

  Ҷашни Меҳргон, ки ҳамакнун ба диёри хушбоду ҳаво, Меҳани азизи мо - Тоҷикистон мерасад, мероси пурарзиши аҷдодӣ ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Меҳргон чун Наврӯз аз даврони бостон дар байни мардумони эронитабор ҷашни бузург дониста мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳору соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол, таодули тирамоҳӣ ва ҷашни кишоварзон аст. Гузаштагони мо онро ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ таҷлил мекарданд. Муфассал ...
Хондан 333 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(3 Овозҳо)

Ҷашни Меҳргон ва меҳрпарастӣ

  Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз  ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.    Муфассал ...
Хондан 381 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ибтидои таҳаввулоти азим

Ба истиқболи 30-умин солгарди
Иҷлосияи таърихии XVI-и Шӯрои Олии
  Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-умин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Иҷлосияи мазкур дар рӯзҳое баргузор гардид, ки Ватани азизи мо душвортарин айёмро аз сар мегузаронд. Кишварамонро хавфу хатари порашавӣ таҳдид мекард ва  ҷанги кулфатбори шаҳрвандӣ руз ба руз доман паҳн менамуд, ки ин вазъ ба ҳолати равонии мардум таъсири амиқ расонда буд.
Воқеан ҳам он, касоне, ки моҳи ноябри соли 1992 худро бо ҳазору як мушкилу хавфу хатар аз замин ва ҳаво ба шаҳри Хуҷанд, ба иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ расонда буданд, вакилони Шӯрои Олӣ, аъзои ҳукумат, вазирон, раисони вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо интизори муъҷиза набуданд. Муфассал ...
Хондан 364 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia