Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубрамияти ҳалли масоили рушди соҳаи маориф ва илм
- Чоршанбе, Окт 19 2022
- Андешаи муҳаққиқон
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки ба масъалаи рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳалли масъалаҳои бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мешуморанд.
Пешвои миллат рушди соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номид. Зеро, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва миллат мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки заминаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ташаккулу рушди бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 10 соли охир (солҳои 2012-2022) соҳаи маориф ва илм ба таври назаррас рушд ёфта истодааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои таҳсилот, аз ҷумла мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гашта, барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам меоварад. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфта, он ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ эътироф мегардад. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешаванд.
Маҳз дар даврони Истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд.
Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ дар Паём таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.
Президенти мамлакат ба таври ҷиддӣ таъкид намуданд, фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама давру замон устувории ҳаёти маънавии ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллат аз соҳаи илму техника, маорифу маданият ҳифзи шаъну шарафи онҳо, иштироки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа, ҳамзамон аз идеологияи пешрафта ва ягонаи он вобаста аст.
Устувории ҳаёти маънавӣ, инкишофи шахсият, ки дар заминаи он аз неруи равшанфикрона ва пешрафта ташаккул ёфта, бо мафҳуми озодӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ зич алоқаманд аст. Инкишофи маънавӣ ва ваҳдат дар ҳамҷоягӣ ҳама вақт озодиро мехоҳад. Дар сояи озодӣ ҳақиқат фирӯз мешавад ва ҷаҳон роҳи камолотро мепаймояд. Рӯҳе, ки истиқлолу ваҳдат надорад ва тобеи дигарон ё мутеъи тамоюлоту шаҳвати хеш аст, нерӯманд нест.
Пешвои миллат ба олимони ҷомеашинос муроҷиат намуд, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоем.
Омўзиши таърихи давлатдории ниёгонамон ва худшиносии миллиамон пур аз далелҳое мебошанд, ки мавриди ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуда метавонанд.
Таҷлили илмии таърихи давлатдории ниёгон сабаби шиносоӣ боз ҳам наздиктар ба саҳифаҳои бозкардаи гузаштагонамон – эҳёи хотираи миллат ва ёддошти қаҳрамонони он мутафаккирони оламшумулаш ба мисли Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсию Сино, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, мисли Наврўзу Тиргон, Меҳргону Сада гардида оламиён ба эҷодкории миллати тоҷик эътиқоди қавӣ ҳосил намудаанд. Бинобар ин миллати тоҷик ҷонибдори адолату ростӣ ва ҳақиқати таърихӣ буда, дар ташаккули маънавиёту алосати миллӣ, рушди давлатдориву падидаҳои ҳуқуқ барҳақ аз ниёгони худ ифтихор менамояд.
Давлатмуродзода Б.Д.
ходими хурди илмии Шуъбаи
таърихи давлат ва ҳуқуқи
таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Забытый Ренессанс
- Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар замони соҳибистиқлоли тоҷик
- Инъикоси сиёсати иҷтимоӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таъғиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
- Роль Эмомали Рахмона в утверждении и развитии Конституции