casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Андешаҳо перомуни мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

  Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад.
Пешвои миллат дар оѓози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои милии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт. Воқеан ҳам дар он солҳо шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояи онро бо сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт. Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ гардид, қудрат ба дасти яроқдорон гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард. Муфассал ...
Хондан 356 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Истиқлолият ва рушди нақши иҷтимоии занон дар Тоҷикистон

  Яке аз дастовардҳои бузург ва муҳими Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ – таҳаввул ва вусъати мақом ва нақши занон дар рушди ҳаёти ҷамъиятию иқтисодӣ, таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои такмил ва инкишофи нерўҳои зеҳнию маърифатии онҳо, ҳавасмандкунӣ ва ҷалби бештари онҳо ба ширкати фаъолона дар ҳаёти илмию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсиии ҷомеа мебошад.  Муфассал ...
Хондан 216 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт…(ибрози андеша оиди бузургии модар)

   «Мо ба азму ирода ва маъсулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо маъсул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»  Эмомалӣ Раҳмон
   Зан-Модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замин ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар як лаҳзаи зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад.
  Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад, зеро роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан -модар қудрате ато намудааст, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Муфассал ...
Хондан 238 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Ҷойгоҳи модар дар рушди тафаккури кудак

  Тамоми буду набуди инсон аз он вобаста аст, ки аввалин хиштҳои ҳастии инсон аз тарафи модар чи гуна гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар модар аввалин меъмори ҷисм ва қалбу рӯҳи инсон аст. Модар аввалин нафарест, ки бо тифл аз оғоз бе забону бо забон ба таври мустақим гуфтугӯ мекунад ва ба саволу ниёзҳои кудаконаи ӯ бо меҳр посух медиҳад. Ин модар аст, ки барои тифли хурд ҷаҳони бузургро мекушояд, дар замири тифл дунёи навро меофарад, ва баъдан аввалин шуда ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии инсонро парвариш ва ташаккул медихад. Дар ин маврид гуфта мешавад, ки аввалин мураббии фалсафа ҳам барои инсон модар аст. Зеро маълумоти аввалинро дар бораи ҳастии беканор ба тифл модар медиҳад. Муфассал ...
Хондан 272 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia