casino malaysia
casino malaysia
Истиқлолият ва рушди нақши иҷтимоии занон дар Тоҷикистон

wrapper

  Яке аз дастовардҳои бузург ва муҳими Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ – таҳаввул ва вусъати мақом ва нақши занон дар рушди ҳаёти ҷамъиятию иқтисодӣ, таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои такмил ва инкишофи нерўҳои зеҳнию маърифатии онҳо, ҳавасмандкунӣ ва ҷалби бештари онҳо ба ширкати фаъолона дар ҳаёти илмию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсиии ҷомеа мебошад. 
  Акнун дар  симои зан мо на танхо модар, хохар, зан, “чароғи хонадон”, балки сиёсатмадори номдор, олими асил, рохбари оқил, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ, чемпиону ҷоизадори мусобиқоти варзишии сатҳи қоравӣ ва ҷаҳонӣ, химоятгари Ватанро низ мебинем. Имрўз модарону бонувони тоҷик як нерӯи бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар буда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баробари мардҳо ва ҳатто дар баъзе соҳааз онҳо бештар саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, масъалаи беҳбуди зиндагии занону духтарон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ба вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷалб намудани онҳо чораҳои иловагӣ меандешанд. Дар воқеъ, татбиқи мунттазами қонунҳо ва қарорҳои дар зарфи 33 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тасвибшуда ва  ба мақсади таҳқим ва тавсеаи мақом ва нақши занон дар ҷомеа нигаронидашуда аллакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Мо шоҳиди сол то сол ободу шукуфо шудани Ватани азизамон, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳангу маориф, варзиш, тандурустӣ,  таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ, болоравии ҳисси худшиносии миллӣ ва дигар дастоварҳои бузург ҳастем, ки дар ҳамаи онҳо занону бонувони Тоҷикистон саҳми сазовори таҳсин гузошта истодаанд.                                                                                                  
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ширкати фаъолонаи занон  дар ҳаёти ҷамъиятию иқтисодии Тоҷикистон роҳи  мушкили расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, амалисозии орзуву ормонҳои сиёсии наслҳои гузаштаву имрўза,  ба “Мадинаи фозила” – як кишвари ҳамаҷиҳата тарққикарда ва дорои ҷомеаи  ҳамаҷиҳата нерўманд табдил додани Тоҷикистон  ҳамвор ва осон хоҳад кард.                                       
  Бо ҳамин итминону орзуҳо, ҳамаи занону бонувони Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни муборакашон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, рўзгори тинҷу осуда, муваффақияту комёбиҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.        
                                                  
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ                                              
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia