casino malaysia
casino malaysia
Андешаҳо перомуни мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

wrapper

  Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад.
Пешвои миллат дар оѓози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои милии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт. Воқеан ҳам дар он солҳо шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояи онро бо сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт. Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ гардид, қудрат ба дасти яроқдорон гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард.
  Дар ҳамин давраи ҳассос иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, масъалаи мавҷудияти минбаъдаи давлатдории тоҷиконро баррасӣ намуд.
  Дар мулоқот Пешвои миллат ин саҳифаҳои таърихи давлатдории навини моро барои он варақгардон намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бахусус ҷавонон бояд бидонанд, ки ҳаёти орому осоишта ва серу пури кунунии мо ба осонӣ ба даст наомадааст.
  Пешвои миллат ҳамчунин бо баёд овардани вазъи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷомеаи имрӯзаи кишварро ҳушдор доданд, ки сӯиистифода аз масоили динӣ, зиёдаравию таҳаммулнопазирӣ, амалҳои ғайриинсониву ифротӣ, динро вобастаи амалҳои нопок сохтан оқибати фоҷеабор дорад. Яъне, ҳаводису омилҳои муноқишаҳои низомиву сиёсии ҳамон солҳо барои халқи шарафманди тоҷик сабақи зиндагӣ гардид.
Дар мулоқот Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки муҳим он аст, ки қадри тинҷию амонӣ, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар шинохта шавад.
  Воситаи муассири шинохти ин неъматҳо қадршиносӣ аз раванди сулҳ ва пешвои қаҳрамони он аст, ки ҷони худро ба каф гирифта, ҳастии миллатро ҳифз кардаанд.
  Масъалаи дигари хеле муҳим, ки дар мулоқот аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, даъвати аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Маълум аст, ки арзишҳои волое ба монанди худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ маҳз тавассути дониш андӯхтан муяссар мегардад. Бинобарон даъватҳои Пешвои миллат оид ба аз бар намудани илму дониш, омӯхтани таъриху фарҳанги миллат, бохабар будан аз техникаву технологияи муосир, дарк намудани равандҳои ҷаҳони имрӯза, барои аҳли ҷомеаи Тоҷикистон манфиатбору судбахш аст.
  Пешвои миллат, ки адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократияву қонуниятро асосҳои олии давлатдории худ медонанд, борҳо садоқаташонро бар ин аслҳо собит намудаанд.
  Ин сиёсат кафили оромииву осудагии ҷомеаи мо ва роҳест, ки мардуми Тоҷикистонро ба саодату хушбахтиҳои бардавом мерасонад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ –
н.и.ф., сарходими илмии Шуъбаи таърихи
       фалсафаи ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia