casino malaysia
casino malaysia
Андешаи муҳаққиқон

wrapper

Андешаи муҳаққиқон

Ҳикмати Наврӯз ва ҳувияти миллӣ

         Ҷашни Наврӯз яке аз пояҳои асосии фарҳанги ориёӣ ва таҷассумкунандаи анъанаҳо дар муносибатҳои  иҷтимоӣ мебошад, ки аз аҳди қадим  то ба имрӯз  ба мо, тоҷикон, ҳамчун  мерос расидааст. Он ҳанӯз дар аҳди ҳукмронии Пешдодиён Наврӯз аз тарафи шоҳони Ҳахоманишӣ ҳамчун ҷашни соли нав расман шинохта шуда буд. Маълум аст, ки Наврӯз - 21-уми марти мелодӣ,  таърихан, чун ҷашни миллии пешвозгири Соли нав  дар байни мардуми Шарқ ва Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур гаштааст.
Агар мо ба сарчашмаҳои таърихӣ рӯй оварем, маълум мекунем, ки Наврӯз ҳатто пеш аз подшоҳони аввал ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ, адолат бар бадӣ, рамзи покӣ ва озодиҳои маънавӣ ҷашн гирифта мешуд. Аммо, ба ақидаи мо, шоҳони ориёӣ ҳикмати Наврӯзро, ки ба нуру рӯшноӣ ва адолату шукуфоии  ҷамъият хидмат мекунад, дарёфта, онро чун тавлиди рӯзи неку фараҳбахшанда эҳсос намуда,  онро ба ҳайси ҷашни солинавӣ расман дар қаламрави давлат густариш бахшида,  маъмул  сохтанд. Муфассал ...
Хондан 728 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Тарбия ва ташаккули шуури солими динии ҷавонон дар шароити имрӯзаи маънавию мафкуравии кишвар тақозои замон аст

 (Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
Чи фоли неке буд, ки Пешвои Миллат ҳам дар Паёми худ ва ҳам дар ҷаласаи васеи пас аз паём ва ҳам ахиран дар вохӯрии охири худ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва рӯҳониён ба муносибати оѓози моҳи шарифи Рамазон суханро аз масъалаи зарурати тарбияи мафкуравию маънавии афроди миллат махсусан ҷавонон оѓоз карда, дар мавриди камбудиҳои мавҷуд дар ин росто дар соҳаи маориф муфассал сухан гуфтанд.
Масъалагузории Ҷаноби Олӣ оид ба тарбия ва ташаккули шуури солими динии ҷавонон айнан ҳамон тавр аст, ки шароити имрӯзаи маънавию мафкуравии кишвар тақозо мекунад.
Ин матлабро, ки масъалаи усулии модели консепсияи дунявияти Пешво мебошад, мо солҳо пеш дар мақолот ва ҷузвияи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёда кардани модели нави давлати дунявӣ» / Набзи замон. № 3.МТС/ ва аз ҷумла, дар монографияи «Фалсафаи Қуръон» бо илҳом аз фармудаҳои Пешво чунин баён карда будем: Муфассал ...
Хондан 440 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар масири хирад ва маърифат

         Истиқлолияти сиёсӣ хушбахтии миллат аст. Агар дарахти боровару тановарро обу ғизо рушду тарақи диҳад Истиқлолияти сиёсиро Истиқлолияти таффакару шаҳрвандон таъмин мекунад.
Моҳияти “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат” дар баробари дигар масъалаҳо ҳамин Истиқлолияти тафакурро ҳам фаро мегирад.
Ҳақиқате ки аз сари мо гузашт ин аст, ки то даврони Истиқлолият хештанншиносии миллат гуё дар як чорчубаи арзу тулаш маҳдуд ба сар мебурд, яъне миллат имконияти воқеъии шинохтани фарҳанги худ, бузургони фарҳанги худ, бузургоне ки дар сатҳи ҷаҳонӣ тамаддунсозони дараҷаи яки башарият шинохта шудаанд имконият надоштаанд. Муфассал ...
Хондан 224 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

 
  9 марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот доир намуда, дар он аз Қуръони маҷид иқтибосҳо оварда, суханҳои панду насиҳат гуфтанд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳикмати парҳезгории рўзадорӣ танҳо дар тарки хурдану ошомидан нест, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим барои анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб мешавад. Муфассал ...
Хондан 341 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia