casino malaysia
casino malaysia
Ҳикмати Наврӯз ва ҳувияти миллӣ

wrapper

         Ҷашни Наврӯз яке аз пояҳои асосии фарҳанги ориёӣ ва таҷассумкунандаи анъанаҳо дар муносибатҳои  иҷтимоӣ мебошад, ки аз аҳди қадим  то ба имрӯз  ба мо, тоҷикон, ҳамчун  мерос расидааст. Он ҳанӯз дар аҳди ҳукмронии Пешдодиён Наврӯз аз тарафи шоҳони Ҳахоманишӣ ҳамчун ҷашни соли нав расман шинохта шуда буд. Маълум аст, ки Наврӯз - 21-уми марти мелодӣ,  таърихан, чун ҷашни миллии пешвозгири Соли нав  дар байни мардуми Шарқ ва Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур гаштааст.
Агар мо ба сарчашмаҳои таърихӣ рӯй оварем, маълум мекунем, ки Наврӯз ҳатто пеш аз подшоҳони аввал ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ, адолат бар бадӣ, рамзи покӣ ва озодиҳои маънавӣ ҷашн гирифта мешуд. Аммо, ба ақидаи мо, шоҳони ориёӣ ҳикмати Наврӯзро, ки ба нуру рӯшноӣ ва адолату шукуфоии  ҷамъият хидмат мекунад, дарёфта, онро чун тавлиди рӯзи неку фараҳбахшанда эҳсос намуда,  онро ба ҳайси ҷашни солинавӣ расман дар қаламрави давлат густариш бахшида,  маъмул  сохтанд.
         «Наврӯз» - калимаи   форсӣ буда, маънои  «рӯзи нав»-ро ифода мекунад. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ба он ишора мекунад, ки Ҷамшед рӯзеро дарёфт, ки Офтоб баъди 365 шабонарӯз ба рубъи аввали Ҳамал боз бармегардад. Дар ин вақт рӯзи нав тавлид мешавад, ки онро Наврӯз ном ниҳоданд. Ҷамшед тақвими офтобӣ сохта, рӯзи нахустини бозгашти офтобро ҷашн гирифт.[1] Боз овардаанд, ки   Шоҳ Ҷамшед мардум ва олимони хирадмандро даъват намуда, пурсид: «Чӣ тавр қувват доред? Гуфтанд: «Барои одилона ва ба некӣ хидмат кардан ба мардум!». Баъд аз ин, Шоҳ Ҷамшед, ки тантанаи адолатро дар кишвар эълон кард, гуфт: «Аз ҳамин рӯз баъд шумо дар маслиҳат ва амал танҳо ба адолат такя кунед!».
Наврӯз пас аз сармои зимистона саҳифаи наверо дар рӯзгори мардум кушода,  ба онҳо аз фарорасии фасли баҳор ва аз рӯи  тақвими шамсӣ, расидани  соли навро муждагонӣ  медиҳад: «Чу ояд ба сӯи ҳамал  офтоб, ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб».
Аҷдодони мо мушоҳида кардаанд, ки бо тавлиди рӯзи нав нури Офтоб равшантару рӯз аз рӯз гармтару гиромитар  гашта, табиат бо тамоми ҳастиаш мешукуфад. Чунончи, адиби асри XI Абулфараҷи Рунӣ Наврӯзро «ҷашни фархундаи фарвардин» номида, расидани онро чунин тавсиф мекунад:    
Наврӯзи  ҷавон кард бадал пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Ҷун табъи  ҷавонони  ҷаҳондӯст ҷаҳонро[2].
  Таҳқиқу пажӯҳиши бисёрсолаи олимони ватанӣ ва хориҷӣ нишон дод, ки  Ҷашни Наврӯз аслан, анъанаи миллии мардуми ориёӣ ва баъзе халқҳои турктабори Шарқ мебошад ва он ҳеҷ алоқае ба дини ислом надорад.[3]
Ҳикмати Наврӯз дар он аст, ки вай нафақат аз расидани Рӯзи Нав хабар медиҳад. Балки он бо муждаи бедорӣ ва эҳёи табиат, ба худи ҳаёти инсон ва бедории шууру муносибатҳои неку созанда намудан ишора мекунад. Он, инчунин, ба  покизагии маънавию ҷисмонӣ оростан ва раҳоӣ ёфтан аз гуноҳҳою бадиҳои содиршуда, воқеан, ба мавҷудияти он ҳадду ҳудуде ишора мекунад, ки оламиёнро бар нигориши  олами ботинию зоҳирии хеш ва худшиносӣ, таваҷҷӯҳ кардан бар офаридаҳои муҳити иҷтимоии худ водор сохта, онҳоро дар роҳи ҳамнавоӣ  пайдо кардан бо коиноту табиат ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, он анъанаҳои наврӯзӣ, ки дар раванди  таҷлили ҷашни Наврӯз аз ниёгонамон ба мо мерос омадаанд, қабзае аз дурри ҳикматанд, ба мисли гулгардонӣ, гулафшонӣ, обпошӣ, оташпарак, зиёфатҳо бо ғизоҳои хоса ва ғ. Ҳар яке аз ин амалҳо як мазмуни олиеро ифода мекунад.
  Масалан, маросими гулгардонӣ бо дасти бачагон – ин рамзи мададҷӯӣ аз табиат аст. Ба андешаи мо, ин шакли  ифодаи мададҷӯӣ ҳангоми доду гирифти  гулҳои баҳорӣ – бойчечак, сияҳгӯш, лолаарӯсак ва монанди инҳо, ки бо таронаву байтҳои дилнишин иҷро мегарданд, ифода меёбад. Аз дасти баҷаҳо гулҳоро гирифта шах мегӯяд: “Оҳ гули гулҳо, вазниниҳои маро бигиру сабукиҳои худро ба ман деҳ!”.  Маросими обпошӣ бо якдигар ва паридан аз болои  гулхан (оташпарӣ) низ рамзи покӣ ва тозагӣ ёфтанро дар назар дорад.
 Ҷолибтарин анъанаҳои наврӯзӣ, ки ҷанбаи иҷтимоӣ доранд, ин аз гуноҳҳои якдигар гузаштану  кӯмак ба мискинону оилаҳои камбизоат, тоза кардани хонаю манзилҳо, гулгашт сохтани кӯчаҳо, дарахтшинонӣ мебошанд, ки одамонро ба риояи покизагии маънавию ҷисмонӣ, низаҳдории тандурустӣ, пешбарии тарзи ҳаёти солим ва   хушнигаҳдории муҳити табиӣ ва ободию амнияти мамлакат мерасонанд.
Иди Наврӯз на танҳо тантанаи  хуршедии тавлиди Рӯзи Нав -ғалабаи Нур бар Зулмот, балки ҷашни меҳру муҳаббатафзо, ҷашни созишгарию оштӣ аст, ки  ҳувияту ягонагии  насли инсониро  тақозо намуда, ҳамаро ба ваҳдату баҳамбинӣ, ба дастҷамъӣ ва ҳамраъй будан даъват мекунад. Ин ҳикмати Наврӯз, ки дар одоту анъанаҳои рангини наврӯзӣ таҷассум ёфтааст, яке аз қадимтарин суннати пурарзиши мардуми ориёнажод ва турктабор ба шумор меравад. Ин ҳикмат аз таҷрибаи  рӯзгор ва  донишҳои нисбат ба оламу табиат доштаи  аҷдодонамон реша гирифта, он дар оростани хону зиёфатҳои хоса - “ҳафт сину” ”ҳафт шин”, “ҳафт нун”, инчунин, дар тарзи пухтупази хӯрокиҳои муфид, пурғизову лаззатбахш ифода гаштааст.  
Масалан, мувофиқи тадқиқотҳои солҳои охири олимон, бо истеъмоли сумалак (суманак), ки аз шираи гандум бо усули хоса тайёр карда мешавад, он заҳру хилтҳои зарароваре, ки дар давоми сол дар хуну узвҳои бадани одам ҷамъ мешаванд, ба таври табиӣ бароварда шуда, ба одамон болидагии рӯҳию мавзунии равонӣ, қувваю нерӯи тозаи ҷисмонӣ мебахшад. Бинобар ин суманакро ҳар сол дар ҳамин айёми наврӯзӣ, ки организми инсон аз моддаҳои заҳрнок  ва хилтҳо пур шуда,  ба тоза шудан омода аст, истеъмол мекунанд.
Чи тавре ки сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, аз қадимулайём аҷдодонамон нафақат гандум, балки якчанд навъи дигари  ғаладонаро низ ба об мегузоштанд, то ки мусоидати табиат ва таъсири муҳити табиӣ бар  ҳосилнокии кадоме аз ин ғаллаҳо сари вақт огоҳӣ ёбанд. Яъне, кадоме аз навъи ғалладона тезтар сабз шавад, табиати имсола ба  рустану рӯёнидани ҳамон навъ ғалла  мусоидат хоҳад кард.
Тавассути ин амал аҷдодонамон ба рӯёнидани ин ё он навъи ғалладона шурӯъ мекарданд. Ҳамин тариқ, ниёгонамон   бо ҳамоҳангӣ бо табиат аз зуҳуроти  харобиовари иҷтимоӣ - гуруснагию камтавонӣ, носолимию нохушиҳои табиию иҷтимоӣ наҷот меёфтанд.
Ин намунаҳо бархе аз ҳикматҳои Наврӯз мебошанд, ки, воқеан, одамонро аз равобити мустаҳками одаму оламу табиат огоҳ намуда, мардумонро ба зиндагӣ омода сохта,онҳоро ба риояи қонуну қонуниятҳои табиию иҷтимоӣ, таҷрибардорӣ ва некӯаҳволӣ тавассути ваҳдату ягонагӣ ва муносибатҳои созанда даъват мекунанд. Дар анъанаҳои Ҷашни наврӯзӣ на танҳо тарзи ҳаёти иҷтимоии ниёгонамон  ҷолибу рангин намоиш  меёбанд, балки дар он зеҳну  шуури закӣ, дониши муфиду зиндагисоз, меҳнати дастҷамъона, ки дар ташкили рӯзгори солим ва тарбияи  ҳуввияти миллӣ омили муҳиманд, инъикос меёбанд. Ба тавассути Ҷашни Наврӯз асрҳои аср оини заминдорӣ ва анъанаҳои суннатии ниёгон аз насл ба насл гузашта, дар ҳаёти иҷтимоии мардум нафақат чун дастури кишоварзӣ, балки чун ҳуҷҷати эъломияи сулҳу ваҳдат хизмат мекунад.
Наврӯз худ ҳикмати бузурги ниёгон аст, ки дар такя ба донишу таҷрибаи пешиниён оиди шинохти оламу табиат ва мавқею вазифаи инсон оиди саривақт истифода намудани  файзу эҳсони табиат ва фасли баҳор, тарзу усули коркарди  дурусти заминро омӯхт. Ҳикмати амалии Наврӯз дар он аст, ки    он дар баробари тарзу усули коркарди замину ташкили кишоварзӣ ва рӯзгори мардум аз қадим то имрӯз як қатор оини рафтору муносибатҳоеро офарид, ки он то имрӯз дар фарҳанги миллии тоҷикон ва дигар қавми ориёӣ, инчунин,  турктаборон нигоҳ  дошта шуда, мардумонро ба  дастҷамъӣ, баҳамбинӣ, риояти қонунҳои табиат, меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунанд.
Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯзӣ чун ҷашни бузург дар фарҳанги миллии  мардумони шарқии ориёӣ ва турктабор ва басе кишварҳои ғарб истеҳком ёфта,  ҳар соли равон чун ҷашни миллии аксарияти мардуми Шарқ шинохта шуда,  васеъ истифода мешаванд. 
    Ҷашни Наврӯз яке аз пояҳои  асосии фарҳанги ориёӣ мебошад, ки ҳамасол 21-уми марти мелодӣ истиқбол мешавад. Он танҳо бо шарофати насими бозсозӣ (солҳои 80ғуми асри гузашта) ва ѓаюрии як зумра таҳқиқгарону олимони ватанӣ ва  хориҷӣ аз лиҳози идҳои динӣ  бароварда шуда,  кунун бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷашни миллӣ  эълон гардид. Ин амри роҳбарони  ҷумҳурӣ орзуи   деринаи мардуми тоҷик буд, ки имрӯз дар шароити истиқлолияти давлатӣ вазъиятро  комилан тағйир додааст ва бо иқрори донишмандони дохилию хориҷӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо он азамату шаҳомати беандоза, дар сатҳи давлатӣ танҳо дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид.     
Дар эҳё намудан ва ба ҷашни Наврӯз додани мақоми байналмилалӣ, бешубҳа, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Ташаббускорию баромадҳои Ҷаноби олӣ дар Васоити ахбори умуми байналмиллалӣ, аз он ҷумла, дар шабакаи Евронюс, хеле мушаххас, пурмуҳтаво, пурмазмун ва бодалел буд, ки бар сарони давлатҳои Созмони Милали мутаҳид писанд омад.
30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз тарафи созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба «Рӯйхати пешниҳодшавандаи мероси фарҳангии инсоният» дохил карда шуд, ки дар он 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шудааст. Дар он чунин оварда шудааст: “Наврӯз дар Балкан, Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва дигар манотиқ тӯли 3000 сол таҷлил мешавад, ки ба арзишҳои сулҳу ҳамбастагӣ байни наслҳо ва оилаҳо, инчунин оштӣ ва ҳамсоягии некро ташвиқ мекунад. Азбаски Наврӯз гуногунрангии фарҳангӣ ва дӯстии байни халқҳо ва ҷомеаҳои гуногунро тарғиб мекунад, таҷлили он ба дастури ЮНЕСКО мувофиқ аст”[4].
Хушбахтона аз соли 2011 то ба имрӯз таҷлили ҷашни Наврӯз чун  Иди байналмилалӣ шинохта шуда, бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногуни дунё баргузор мегардад.Ин падидаи иҷтимоӣ бори дигар аз ҷаҳонӣ будану умумибашарӣ шудани ҷашну ҳикмату  шукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дарак медиҳад. Ин унсур дар соли 2016 тавассути ибтикори муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон васеъ густариш дода шуд.
Ҳикмати бузургу бошукуҳу пурнақши Ҷашни Наврӯзи фирӯзу хуҷастапай дар он аст, ки он бо мурури замон ва бо таҷрибаи ғанӣ ва созандаи хеш ба дилу дида, шууру вуҷуди мардумони бофаросату солимақли  дунё роҳ ёфта, аз шинохти  ҳудуди қувои табиӣ ва нерӯи инсонӣ ва ҳувияти қавмҳои ориёӣ ва турктабор бар эҷоди ҳувияти байналмиллалӣ пардохта, бар Ҷашни ботантанаи Нур бар Зулмот, Некӣ бар Бадӣ табдил гашта, бар ҷаҳониён аз зарурияту афзалияти Сулҳу Ваҳдатро, ки аз шукӯҳу қудрати ақлу  нерӯи бузурги  инсонӣ сол ба сол хотиррасон менамояд, тамоми аҳли башарро  ба муроқибат кардан аз  якдигар ва Ҷаҳон тавассути густариши муносибатҳои инсонпарварона ва ғамхорона талқину ташвиқ менамояд.
 
Н.Орифҷонова,
номзади илмҳои фалсафа,
дотсент, корманди  калони  илмии
шӯъбаи фалсафаи   иҷтимоии ИФСҲ
ба номи Баҳовтдинови АМИТ
 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia