Хусусиятҳои татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ:таҳлили фалсафӣ-сиёсӣ
- Панҷшанбе, Май 26 2022
- Навидҳо
Дар моҳи майи соли 2022 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби унвонҷӯи институт Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ таҳти унвони “Хусусиятҳои татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ:таҳлили фалсафӣ-сиёсӣ” ба нашр расид.
Дар монографияи мазкур масъалаҳои татбиқи сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳқиқ гардидаанд. Муаллиф дар пажӯҳиши худ ба шаклҳо ва воситаҳои татбиқи сиёсати ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ, раванди ташаккули сиёсати ҷавонон дар кишварҳои пасошӯравӣ, роҳҳои такмил ва дурнамои сиёсати ҷавонон дар шароити муосир диққати бештар додааст. Ҳамчунин дар монографияи мазкур нақш ва мақоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷаҳонбинии фалсафӣ-сиёсии ҷавонон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Договор о дружбе, добрососедстве и сотрудничеству – реальный шаг к интеграции
- Кароматулло Олимов: «Донишмандон таълимоти офтобмарказиро бузургтарин кашфиёти Берунӣ хондаанд»
- ШОЕВ НЕЪМАТҶОН СУЛТОНОВИЧ
- Таъмини манофеи ҳар шахс ва ҷомеа аз ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ вобаста аст
- БОБОХОНОВА НИЛУФАР ЗИЁРАТШОЕВНА