Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофот
- Ҷумъа, Май 27 2022
- Навидҳо
Дар моҳи апрели соли 2022 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Иброҳимов Солеҳҷон таҳти унвони “Ҳуқуқи мукофотдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: расмиёти маъмурӣ марбут ба мукофот ” ба нашр расид.
Монографияи мазкур ба ҳуқуқи мукофтдиҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, қисми мурофиавӣ-расмиётии пешбурди фаъолияти мақомоти давлатӣ марбут ба мукофотдиҳӣ дар бар мегирад.
Китоби зикргардида барои истифода дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ,бахусус ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Молодые управленцы достойно служат таджикскому народу
- Ҳамкории байналмилалӣ-ҳуқуқии давлатҳо дар соҳаи об дар партави амалишавии консепсияи рушди устувор
- Ҳуқуқ ҳамчун арзиш ва арзишҳо дар ҳуқуқ: ҷанбаи назарӣ ва ҳуқуқӣ
- Рушди қонунгузории хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ
- Теоретические основы укрепления законности в Республике Таджикистан