Сиёсатшиносӣ. Дастури таълимию методӣ доир ба иҷрои машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона
- Чоршанбе, Май 05 2021
- Навидҳо
Дар моҳи майи соли 2021 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби “Сиёсатшиносӣ. Дастури таълимию методӣ доир ба иҷрои машғулиятҳои амалӣ ва корҳои мустақилона”, ки муаллифаш Муродов Субҳон, номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ мебошад, ба нашр расид.
Дастури таълимӣ-методӣ доир ба иҷрои машғулиятиҳои амалӣ ва корҳои мустақилона аз фанни сиёсатшиносӣ барои низоми кредитии таҳсилот,ҳамчун маводи ёрирасон барои магистрон тибқи талаботи стандарти давлатӣ ва нақшаи таълимии фан омода шудааст. Истифодаи ин дастури таълимӣ- методӣ барои донишҷӯён ҷиҳати иҷрои машғулиятҳои амалӣ ва КМДРО аз фанни сиёсатшиносӣ судманд аст.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Мактуби иттилоотӣ
- О таджикско – туркменских двусторонних отношениях на современном этапе.
- Союзничество - наивысший уровень межгосударственных отношений
- Межрелигиозная и внутри-религиозная толерантность в таджикистанском обществе (исторические и теоретические аспекты, реалии и освящение в СМИ)
- Роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон (дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)