Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегирад:
- Заминаҳо, қонуниятҳо ва тамоюлҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ
- Мавқеъ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ
- Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ
- Ҳолат ва рушди механизмҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ташаккул ва инкишофи системаи сиёсии ҷомеаи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ
- Ваҳдати миллӣ, ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун заминаи рушди давлатдории миллӣ
- Тавсеаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи принсипи “сиёсати дарҳои боз”
Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (фармати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ. Андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад.
Муҳлати қабули мақолаҳо то 31- июли соли 2021.
Нишона барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ ИФСҲ АМИТ ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 33.
Телефонҳо барои иртибот: 221-56-89, 933 83 83 04,
Почтаи электронӣ: mavzuna.khasanova.90@mail.ru