Шоназар Шоисматуллоев - поягузори сотсиологияи тоҷик ба синни мубораку пурбаракати 75-солагӣ расид.
- Панҷшанбе, Фев 18 2021
- Навидҳо
Ҳайати ходимони илмӣ ва кормандони Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мудири Шуъбаи сотсиология, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор,узви вобасти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Шоназар Шоисматуллоевро бо ҷашни фархунда – 75-умин солгарди зодрӯзашон табрику таҳният намуда, ба ӯ комёбиҳои нав ба нави илмию эҷодӣ, саломатӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзумандаст.
Табрикномаи устод Шерзот Абдуллоевро,ки ба зодрӯзи Шоназар Шоисматуллоев бахшида шудааст, ба хонандаи муҳтарам пешниҳод мекунем:
ОЛИМОНИ ВОҚЕИИ ХУДРО БИШНОСЕД!
Шерзот Абдуллоев, номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи масоили фалсафии дини
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоводдинови АМИТ
Поягузори мактаби ҷомеашиносӣ-сотсиологияи тоҷик, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳназар Шоисматуллоев ба синни мубораку пурбаракати 75-солагӣ расид. Ин ҷашни бошукӯҳро ба ӯ ва аҳли хонаводааш ва дӯстону рафиқон ва ҳамкоронаш табрику таҳният мегӯем ва дар ин мақола оид ба мақоми илми ҷомеашиносӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ва саҳми профессор Ш.Шоисматуллоев дар равнақу рушди он дар Тоҷикистон ибрози ақида хоҳам кард.
Ҷомеашиносиро илми муосир - зодаи асри ХХ-уми Ғарб мешуморанд. Аммо бо вуҷуди ин ҷомеашинос-сотсиологи амрикоӣ Ҷорҷ Риттсер дар китоби калонҳаҷми маъруфаш «Назарияҳои ҷомеашиносии муосир» аз байни файласуфон ва муаррихони то асри XVIII, чи ғарбӣ ва чи шарқӣ танҳо дар бораи як нафар ҳамчун маъруфтарин поягузори илми ҷомеашиносӣ то асри XVIII, маълумоти шарҳиҳолӣ додааст, ки он ҳам Ибни Халдуни (1332-1406) мебошад. Иловатан инро низ бояд бигӯям, ки ҳамин мақомро Ҷорҷ Риттсер метавонист ба ҳамдиёри мо Абурайҳони Берунӣ (973-1048) диҳад, ки ӯ низ дар замони худ, ҳанӯз қабл аз Ибни Халдун ба як қатор масоили ҷомеашиносӣ ва мардумшиносӣ даст зада буд, ки дар Аврупо ба чунин масъалаҳо баъди асри XVIII машғул шуданд.
Шоҳназар Шоисматуллоевро метавон воқеан вориси Ибни Халдун, Абурайҳони Берунӣ ва аксар аз ин Огюст Конти тоҷик номид. Ибни Халдуни мо низ замоне ба дунболи илми ҷомеашиносӣ рафт, ки ин илм натанҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надошт, балки дар Шуравии собиқ, низ пайравони он ангуштшумор буданд.
Ҳанӯз соли 1974 дар Тошканд ин ҷониб аввалин бор дар курси такмили ихтисоси муаллимони донишгоҳ як давр ҷаласаи суханронӣ оид ба ҷомеашиносии муосирро шунида будам ва дар хотирам як муқоисаи он устоди ҷомеашинос нақш бастааст, ки гуфта буд: “Дар Амрико аз рӯи миқдори олимон сотсиологҳо дар радифи аввал қарор доранд ва аммо мутаассифона дар шуравии мо олимони таърихи ҳизби коммунист, таърихшиносон ва филологҳо ба навбат ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд. Сотсиологҳо бошинд охирин рақами ин ҷадвалро”. Аксар аз ин ман метавонам биафзоям, ки тамаддуни навини иттилоотӣ низ аз солҳои 50-уми асри гузашта, аз замоне ки дар истеҳсолоти амрикоӣ миқдори кормандони “сафедгиребонон”- мутахассисони фаннӣ, аз ҷумла ҷомеашиносон, аз миқдори коргарони оддӣ бештар шуданд ва компютер ба истеҳсолот роҳ ёфт, оғоз гардидааст. Ин аст ки Амрико дар соҳаи илму иқтисодиёт мақоми аввалро дар ҷаҳон касб кард ва баръакс аз ҳамин солҳо оғози таназзули иқтисодию иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ шуруъ шуда буд. Парадокс- боварнакарданӣ дар он аст, ки Карл Маркс дар сотсиологияи ғарбӣ ҳамчун яке аз асосгузорони ин илм шинохта шуда буд ва ҳаст, аммо дар шуравии собиқ, ки бештар аз ҳама худро пайрави марксизм мешумориданд ин илм рондашудаи дарбор буд.
Ин маълумот ҷиҳати он буд, ки хонандагони гиромӣ он асару нақше, ки Шоҳназар Шоисматуллоев дар илми тоҷик гузоштааст эҳсос кунанд ва мақоми илми ҷомеашиносиро дар ҷомеаи муосири тоҷик бидонанд.
Дар даврони шуравӣ аксарият дунболи он илмҳое мерафтанд, ки зуд ва ба роҳатӣ метавон ному мақом пайдо кард. Он ҳам илмҳои ҳизбӣ буданд. Аммо Шоҳназар Шоисматуллоев на аз зумраи он муҳаққиқоне мебошад, ки дар фикри зуд номи олимӣ баровардан ва ҷоҳу мақом касб кардан буда бошад. Ӯ то расидан ба ин мақом роҳи дуру дарози пурфарозу нишеб ва бомашшақатеро тай кардааст. Имрӯзҳо мақоми илму олим дар ҷомеаи мо коста шудааст, мутаассифона ба сафи олимон олимнамоҳо зиёд шудаанд, баъзеҳо гумон мекунанд, ки олим шудан мисли он ки ин олимнамоҳо шудаанд, кори мушкиле нест. Аз ин рӯ мақолоте, ки ба ин ё он санае аз ҳаёти олимон бахшида мешаванд, на фақат ҳисоботи хушку холӣ, балки бояд пеш аз ҳама вазифаи тарбиявӣ ва роҳнамоиро низ нисбат ба олимони ҷавон дошта бошанд,.
Аввалан, олимони насли Шоҳназар Шоисматуллоев аз он олимоне ҳастанд, ки дар марказҳои илмии онрӯзаи шуравӣ таҳсилу таҳқиқи чандинсолаи илмӣ кардаанд. Ҳарчанд имрӯзҳо воситаҳои навини ба даст овардани иттилоот, масалан интернет зиёд шудааст, аммо ман фикр мекунам, ҳеҷ яке аз ин воситаҳо бо он таҷрибае, ки дар гузашта буд, баробар шуда наметавонад. Олимони ҳамнасли устод Шоҳназар Шоисматуллоев ва худи ӯ солҳо чангу ғубори китобҳои китобхонаҳои Москаву Ленинград, Тошканд ва ғайраро ба ҳам зада, шабу рӯз кор карданд, то дурри мақсудро ба даст оваранд.
Ш.Шоисматуллоев низ бештар аз даҳ соли умри худро дар мусофират ва дар чунин шароит сипарӣ кардааст, то аввал рисолаи номзадӣ (як сол таҷрибаомузӣ ва се сол аспирантура)-ро дар Москва ва қариб ҳафт соли дигар пеш аз дифои рисолаи докторӣ боз дар Москва сипарӣ кунад.
Доираи таҳқиқоти илмии профессор Шоҳназар Шоисматуллоев хеле васеъ аст, ӯ дар баробари таҳқиқотҳои амалии рӯзмарра чун муайян намудани раванди ҷогузиншавии муносибатҳои бозорӣ, роҳҳои барҳамзадани камбизоатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои демократӣ дар ҷумҳурӣ ба пажӯҳиши масоили соф назарии ҷомеашиносӣ чун масъалаҳои худмуайянкунӣ ва ҷустуҷӯҳои тахассусӣ ва иҷтимоии ҷавонон, омилҳо ва навъҳои зуроварӣ нисбат ба занон, омӯзиши таҳаввулот дар раванди таъйини рафтори иҷтимоии ҷавонон ва гурӯҳҳои хурди иҷтимоиро пеш мебарад.
Ҷомеашиносӣ мисли қисмати ташхиси тиббӣ дар табобати бемор бояд вазъи ҳар як узви баданаи ҷомеаро ташхис диҳад, то нусхаи дармони он тибқи он таъйин гардад. Ин аст, ки таваҷҷӯҳи доктор Шоҳназар Шоисматуллоевро масъалаҳое, ки бо воридшавии фаъоли ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ пеш меояд ҷалб гардидааст.
Ба қалами ӯ беш аз 150 китобу мақолаҳои илмӣ- оммавӣ, аз он ҷумла 10 китобу рисолаи илмӣ тааллуқ дорад. Баъд аз дарёфти унвони илмии доктори илмҳои сотсиологӣ чор китоби ӯ бо номҳои зерин: “Тоҷикистон дар оинаи меросият ва ивазшавии наслҳо” (“Ирфон”. 2006, ба забони русӣ ), Душанбе “Зуроварӣ нисбат ба занон: гузашта ва имрӯз” (Душанбе, 2005, ба забони русӣ) “Занон ва маводи мухаддир” (Душанбе,2002, ба забони русӣ), “Таълими духтарон” (Душанбе.2002, бо забони русӣ) ба табъ расидааст.
Профессор Ш.Шоисматуллоев дар китоби “Зуроварӣ нисбат ба занон:гузашта ва имрӯз” беҳтарин кори таҳқиқоти оид ба вазъи зан дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ва заминаҳои таърихии зуроварӣ нисбат ба занон, омилҳои иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи онро анҷом додааст. Таваҷҷӯҳи Ш.Шоисматуллоев ба масъалаи зинон бе сабаб нест. Оила дар ҷомеа аввалин ҳуҷайраи ҷамъиятро ташкил медиҳад. Чигунагии мавқеи зан дар оила ва ҷомеа гарави асосии рушд ва ё таназзули он ҷомеа аст. Профессор Шоҳназар Шоисматуллоев тамоми ин солҳо корҳои илмиро бо кори таълиму тарбия якҷо пеш бурда ва мебарад. Ӯ муддати тулонӣ дар Донишгоҳи санъат ва ҳоло дар Донишгоҳи славянӣ дар кафедраи фалсафа ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон адои вазифа мекунад. Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии ӯ зиёда аз 20 нафар аспиранту унвонҷӯ ва 4 доктори илм рисолаи номзадӣ ва докторӣ аз сотсиология дифоъ кардаанд ва як чанд нафар аспирант ва докторанти дигар дар ин соҳа машғули ҷустуҷӯи илмӣ мебошанд.
Мақоми илмии олим он вақт баланд аст, ки ӯро берун аз марзу бумаш бишносанд. Ғайр аз он ки Шоҳназар Шоисматуллоев ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам докториашро дар яке аз муассисаҳои обрӯманди Россия -Институти сотсиология дар ш.Москва дифо кардааст, шабакаи робитию ҳамкории васеъ бо доираҳои илмии кишварҳои дигар низ дорад. Ин аст, ки профессор Шоҳназар Шоисматуллоевро натанҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ балки берун аз он низ хуб мешиносанд. Ӯ бо ҷомеашиносони кишварҳои Эстония, Латвия, Литва, Белорус, Украина, Молдавия, Казоқистон ва Россия ҳамкорҳои наздик дорад ва дар ҷамъомадҳои илмию амалии зиёде, ки дар ин ҷумҳуриҳо баргузор шуданд, иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ кардааст.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳназар Шоисматуллоев дар баробари ин ҳама фаъолият дар корҳои маъмурӣ низ аз солҳои 70-уми асри гузашта то имрӯз дар вазифаи котиби илмӣ ва ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва мудири Шӯъбаи сотсиология Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ кор карда ва мекунад. Дар ин ҷабҳа низ ӯ ҳамчун шахси кордон ва дар муносибат бо одамон ҳалиму дилёб шӯҳрат дорад. Оромӣ, ҷиддият, вазифашиносӣ ва масъулиятшиносӣ хислатҳои як роҳбари хуб аст, ки доктори илмҳои сотсиологӣ Шоҳназар Шоисматуллоев аз ин ҳама бархурдор мебошад.
Агар ба назар гирем, ки солҳои кӯдакӣ ва ҷавонии устод Шоҳназар Шоисматуллоев ба солҳои вазнинтарини баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, баъди соли 1946 рост меояд ва он ҳам дар деҳоти кӯҳистонӣ метавон тасаввур кард, ки расидан ба ин мақоми баланди илмӣ чи андоза мушкилу душвор буд. Аммо Шоҳназар Шоисматуллоев ба лутфи Парвардигори Ҷону Хирад ҳанӯз тоза дар авҷу камоли эҷодиёти илмӣ ва коркарди барномаҳои таҳқиқу пажӯҳишҳои нав ба нав мебошад. Ҳар вақт ки ба утоқи кории ӯ медароям, ӯро ҳамеша машғулу ғарқи кори таълифу мутолиа мебинам. Орзӯмандам, ки Парвардигор ба ин марди хоксори меҳнатӣ зиндагии бобаракат ва умри дучандон иноят фармояд, то тамоми барномаҳои худро амалӣ ва дар хизмати Ватану Миллат саҳми бештаре гузошта бошад.