ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО РӮНАМОИИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР ТАРҶУМАИ АРАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.


08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.
01 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштирокчиён ва ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш нагашта, ҳамеша дар ёдҳо боқӣ мемонад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми тамоми олам гардидааст. Ин бузургон бо таҳлилу баррасиҳои амиқи худ дар соҳаҳои алоҳидаи илм саҳми сазовор гузоштаанд. Охири асри XX ва аввали асри XXl низ дорои чунин бузургон ва абармардони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз (25.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳӯриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид. Дар ҷаласа Хушвахтзода Қ.Х. таассуроти аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштаашро ба иштирокдорони ҷаласа иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни болозикр ва ҷалби тамоми кормандони АМИТ ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас доданд.
Дар бораи фаъолияти олими муътабар Суҳроб Шарипов бисёр навиштаанд. Зеро номбурда дар дилхоҳ мақоме, ки фаъолият дошт, худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон дода буд. Ӯ баробари ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул будан, роҳу равиши фаъолиятро бо назардошти пешрафти ҷомеа ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маҷрои нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад.
19 январи соли 2023 аз даргузашти муҳаққиқ ва сиёсатмадори тоҷик шодравон Суҳроб Ибронович Шарипов 8 сипарӣ мегардад. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи пурфайзи худ доктори илмҳои сиёсӣ Суҳроб Шарипов дар рушди афкори фалсафӣ-иҷтимоӣ дар фазои илмиии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, мероси илмии ӯ барои рушди минбаъдаи илмҳои ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва фалсафа заминаи бунёдӣ маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарипов яке аз аввалин муҳаққиқоне дар Тоҷикистон аст,ки ба масъалаҳои мубрами фалсафаи сиёсӣ машғул гардида, монография ва мақолҳои илмӣ эҷод намудааст.
Таърихи тамаддуни ҳар як миллат бо фарҳангу суннат ва чеҳраҳои тобони хеш зинда аст ва ин чеҳраҳо ҳувияту фарҳанги суннатӣ-миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуну рушди миллатро барои насли имрӯзаву баъдина ҳифз намудаанд.
Давлат чист? Чаро бидуни қудрат созвораи иҷтимоӣ тақвият намеёбад? Ё худ барои чӣ мубаллиғини Шӯравӣ бо мафҳуми “геополитика” ошно набуданд? Барои посух ёфтан ба суолҳои матраҳшуда осори илмии яке аз уламои ватанӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии дастаҷамъона, генерал-майори милитсия, собиқ Раиси Академияи ВКД ҶТ ва айни замон сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоирро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Мо дар ин мақолаи хеш ҳадаф гузоштем, чанд сухане дар бораи фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ-суннатии ҳамкори муҳтарамамон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳазратқулов Муҳаммадқул нависем.