Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми муҳаққиқони ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифати ҳуқуқӣ» ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, соли «Маърифати ҳуқуқӣ» ва 85-солагии академик Фозил Тоҳиров
Конференсияро бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни ифтитоҳ бахшида доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳи тоҷикон хотир расон намуда кайд намуданд: “Давоми даҳсолаи баъд аз соҳибистиқлол гаштани кишвар вазъият ҳамоно вазнин ва хатарнок боқӣ мемонд. Дар чунин шароит Пешвои миллат мисли шамъчароѓе роҳи миллатро равшан мекард ва ба суи мақсад пеш мебурд.
