СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САҲМИ АБУНАСРИ ФОРОБӢ ДАР ИЛМ ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОН»
16 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон», бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ “АҲАМИЯТИ ТАРҶУМА ВА НАШРИ ОСОРИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ЗАБОН”
Дар таърихи 1 октябри соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси Маркази синошиносӣ бахшида ба Рӯзи забон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти тарҷума ва нашри осори Абу Алӣ ибни Сино дар рушди забон” баргузор гардид.
ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛИЯТ
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба устод Саломиён Муҳаммаддовуд, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати фавти #ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.
Дар санаи 17 сентябри соли 2024 аз тарафи шуъбаҳои сиёсатшиносӣ ва масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созм
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д. дода шуд. Устод Маҳмадизода Н.Д. нисбати ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай бар зидди мубориза ба экстремизм ва терроризм сухан ронда иброз намуданд, ки чунин ҳамкориҳо дар шароити пуртазодди ҷаҳони муосир муҳим ва рузмарраанд. Дар поёни суханронии хеш ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хостанд.
Сипас модератори семинар д.и.ф., профессор Зиёи Х.М. суханро ба баромадкунандаи аввали семинар, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ. пешниҳод намуданд.
Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 17 сентябри соли равон бо иштироки магистрон ва докторантони PhD - и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ доир гардид.
