МЕҲРГОН ҲАМЧУН ҶАШНИ МИЛЛИИ АҶДОДӢ БА ХУРОФОТ ВА Ё ДИНУ ИДЕОЛОГИЯ ПАЙВАСТАГӢ НАДОРАД
(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)
Файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик С.Х.Раҳимов барҳақ қайд дошта, ки “ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд”. Ба андешаи донишманди эронӣ Меҳрдод Баҳор бошад, ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги таҳҷойӣ буд.
