Skip to main content
Озмунҳо

ИШТИРОКЧИЁНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРИИ ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

Имсол соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми саросари ҷумҳурӣ миёни тамоми табақаҳои ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” роҳандозӣ карда мешавад. Иқдомҳову талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи босубботи миллату давлат аст.

Озмунҳо

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

30 октябри соли равон дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Озмунҳо

НАЗОРАТИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

Имрӯз (22.10.2024) президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷараёни даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", аз номинатсияи химия, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст боздид намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар илм ва маориф баргузор меградад.

Озмунҳо

ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

13 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло – муовини аввали вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Озмунҳо

ВОХУРӢ БО ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

01 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштирокчиён ва ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Озмунҳо

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ КОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ

Имрӯз (25.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳӯриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид. Дар ҷаласа Хушвахтзода Қ.Х. таассуроти аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштаашро ба иштирокдорони ҷаласа иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни болозикр ва ҷалби тамоми кормандони АМИТ ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас доданд.

Subscribe to Озмунҳо
3123123