ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ КОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ
Имрӯз (25.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳӯриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баргузор гардид. Дар ҷаласа Хушвахтзода Қ.Х. таассуроти аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардоштаашро ба иштирокдорони ҷаласа иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни болозикр ва ҷалби тамоми кормандони АМИТ ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа оид ба баргузории озмун фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд. Зимни суханронӣ профессор Хушвахтзода Қ.Х. иброз дошт, ки ҳамасола тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” роҳандозӣ гардида, баргузории ин озмунҳо ба зиммаи ниҳодҳои илмии кишвар вогузор карда мешавад. Дар ибтидо зикр гардид, ки баргузории озмуни ҷумҳӯриявӣ "Илм фурӯғи маърифат" тибқи салоҳдиди Пешвои муаззами миллат ба зиммаи АМИТ гузошта шудааст. Дар робита ба ин ҳайати кориро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур кӯшиш ба харҷ диҳанд.
