Сарфарозгардонии Пешвои миллат бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ 12.05.2026
12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд.

“Тору мор гардидани Германи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмардони тоҷик дар врсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фурудмеорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда меорем ”