Институт
- Сешанбе, 10 Октябр 2023
НБО-и Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон
Пешрафти давлат, рушди мунтазами иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамбастагии қавӣ дорад. Тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ ба неруи барқ ва сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи фавқуллода зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 10 Октябр 2023
Ифротгароии динӣ – зуҳуроти номатлуби ҷомеа
Гаравиши баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ на танҳо мушкилии ҷидии Тоҷикистон, балки зуҳуроти номатлубу нигаронкунандаи тамоми ҷаҳони муосир мебошад. Ифротгароии динӣ ё ба истилоҳ “экстремизми динӣ” яке аз намудҳои ниҳоят хатарноки ифротгароӣ мебошад, ки дар натиҷа шахс ба хурофоти динӣ аз ҳад зиёд дода шуда, таълимоти диниро сатҳӣ ва бо фаҳмиши рӯякӣ аз худ менамояд. Дар як муддати муайян шахс ин гуна фаҳмишу ақидаи динии худро дар амал татбиқ кардан хоста, ба фазои радикализми динӣ (тундравии динӣ) шомил мегардад. Минбаъд агар амалҳои ифротгароёнаи шахс пешгирӣ карда нашаванд, баҳри паҳн намудани ақидаҳои хурофотии хеш даст ба таҳдиду куштори одамон мезанад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 10 Октябр 2023
Дар қаламрави фалсафа ва сиёсат
Дар китоби академик К.Олимов мақолаҳои муаллиф, ки дар солҳои гуногун оид ба масъалаҳои фалсафа, илм, методология, андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии шоирони мутафаккир, сиёсат, замон ва шахсият таълиф гардадаанд, ҷамъоварӣ шудаанд. Барои муҳаққиқони соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, адабиёт, фарҳанг ва тамоми дӯстдорони илму ҳикмат пешбинӣ гардидааст.
Муфассал ...