casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Проблемаҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва бандубасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта

  Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеша гирифта, дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, дар як вақт ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, таъмин менамояд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд (м.1,5,14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Давлат зиёда аз 35 моддаи Конститутсияро ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида, танҳо дар 4 ҳолат уҳдадориҳоро (дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд, м.42; ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст, м.43; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст, м.44; супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист, м.45) пешбинӣ намудааст, ки яке аз онҳо риоя Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баъзе аз ҳолатҳо бошад шаҳрвандон даст ба ҷиноят ва хусусан, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта мезананд. Муфассал ...

Позиция Республики Таджикистан в противодействии религиозному экстремизму и международному терроризму

  Под таким названием 6 октября 2023 в здании Центра письменного наследия Президиума Национальной Академии наук Таджикистана (далее - НАНТ) состоялась Республиканская научно-теоретическая конференция.
Конференция была приурочена в рамках выполнения Указа Президента Республики Таджикистан № 187 от 1 июня 2021 года «О Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021 – 2025 годы». Как известно основой для принятия данной Стратегии послужило Послание Президента Республики Таджикистан от 26 января 2021 года «Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан». Принимая во внимание завершение срока действия первой аналогичной Стратегии на 2016 – 2020 годы, Президентом Республики Таджикистан в указанном Послании было дано поручение разработать очередную национальную Стратегию на последующий пятилетний срок.   Муфассал ...

Фазилатҳои истиқлоли давлатӣ

   Истиқлоли давлатӣ соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва мустақилона ба роҳ мондани муносибату ҳамкориҳо дар муносибатҳои хориҷиро ифода менамояд. Дар натиҷаи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлат ба сифати субъекти муносибатҳои байналхалқӣ шинохта шуда, миллат соҳиби ҳуқуқи худмуайянкунӣ мегардад. Соҳибистиқлол будан дар муносибатҳои байналхалқӣ маънои эътироф гардидан аз ҷониби дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳуқуқ пайдо намудан дар пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва нақш гузоштан дар ҳалли масъалаҳои глобалиро дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ давлат дар арсаи байналмилалӣ мақсаду манфиатҳои қонунии шаҳрвандони худро ҳимоя ва татбиқ менамояд. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia