Институт
- Панҷшанбе, 02 Ноябр 2023
Ташаббусҳои аҳамияти глобалидоштаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати муваффақ ва пурсамар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалӣ дошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд.
Муфассал ...- Панҷшанбе, 02 Ноябр 2023
Натурфилософия Абу Райхана Бируни
Автор монографии опирается на оригинальные работы Абу Райхана Бируни, переведенные на русском, английском, персидском и таджикском языках. В ней обобщены материалы отечественных и зарубежных исследователей, а также интернет-ресурсы.
Книга предназначена для научного использования магистрантами, докторантами Рh-D-по специальности, аспирантами и докторантами, исследователями истории таджикской философии.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 02 Ноябр 2023
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – далели ҳамраъйии миллат
Мусаллам аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) конститутсия қабул гардидааст. Агар чор конститутсияи аввал замони шӯравӣ ва аз ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирон замони истиқлол ва тариқи раъйпурсии умуммихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода мекунад. Мавриди зикр аст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин давлатмард тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, вазъияти муташанниҷи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.
Муфассал ...