casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Терроризм ва хатари он дар шароити муосир

       Дар шароити муосир шаклҳои фаъолияти террористӣ ҳар чи бештар мураккаб гардида, дар муқовимат бо арзишҳои умумиинсонӣ қарор гирифтаанд. Ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои охир, таркишҳои мухталиф дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ҳаёти иҷтимоии кишварҳои рӯ ба инкишофро новобаста аз сатҳи режими демократӣ ва эътиқодашон фаро мегирад. Махсусан, бо тағйирёбии босуръати тамоюли ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои амниятии ғайри анъанавӣ марзҳои амнияти миллиро убур намуда, ба масъалаи суботи фаромиллӣ табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини амнияти миллӣ сохторҳои дахлдори давлатӣ барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ чорабиниҳои зиддитеррористиро ба роҳ монданд. Зеро дар шароити муосир ба ѓайр аз таҳдидҳои анъанавии сиёсӣ, ҳарбӣ, дипломатӣ, инчунин таҳдидҳои ѓайрианъанавии амниятӣ, ба мисли ҳамлаҳои террористӣ, амнияти иқтисодӣ, офатҳои табиӣ, бемориҳои сироятӣ, норасоии ғизо, оби ошомиданӣ ва ғайра ба мушкилоти глобалӣ табдил шудааст. Муфассал ...

Нашри китоби армуғонии “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”

            Рӯзҳои 7-8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти шоир ва мутафаккири машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) доир мегардад. Ба ин муносибат дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ китоби армуғонӣ бо номи “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр гардида, ба иштирокчиёни Конфронси мазкур тақдим мегардад.

         Дар китоб маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва осори Мавлоно, зодгоҳ ва мансубияти этникии ӯ дода шуда, намунаи ашъори дилангези шоир бо забонҳои тоҷикию англисӣ оварда шудааст.
 

 

Муфассал ...

Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ монография бо номи "Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон
(маводи таҳлилӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ) аз чоп баромад. Дар маводи таҳлилӣ натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар масъалаҳои ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобилӣ экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки охири соли 2023 ва аввали соли 2024 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факлтети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, инъикос гардидаанд.
Маводи таҳлилии натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ барои истифода ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистрон, докторантони Ph.D, муҳаққиқони ҷавон, мутахассисони касбӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод карда мешавад.
Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia