Институт
- Чоршанбе, 05 Июн 2024
Ҳифзи ҳуқуқҳои кудак дар оила.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Муфассал ...
- Душанбе, 03 Июн 2024
Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ - тақозои замон (Андешаҳо атрофи мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо аҳли илм ва маорифи мамлакат)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз бурду бохти аҳли зиёи кишвар сухан ронда, дар бораи қонеъкунанда набудани нишондиҳандаҳо дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро алоҳида таъкид намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд: «вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест». Ва афзуданд: «Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем».
Мо шукрона мекунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ аст. Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист ба узвияти даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, ЭКО, МВФ, МБРР ва ѓ.) пазируфта шавад. Cохторҳои сиёсати хориҷӣ, қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои хориҷии Тоҷикистон бахри иҷрои ин вазифахо ба нафъи кишвар, бахусус ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои афзоиши сармоягузории хориҷӣ ба мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ниёз доранд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои номувофиқатӣ, мухолифат дар миёни қонунҳои кишвар ва асноди байналмилалии эътирофнамудаи давлатамон яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи қонунгузорӣ мебошад. Ба ин масъала борҳо дар суханронихои Президенти ҶТ ишора шуда буд. Илова бар ин, зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Азбаски мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ дар Конститутсия ҶТ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Ҳалли ин масъала низ ба дӯши мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ гузошта шуда аст.
Парлумони касбӣ ҳар як меъёри баналмилалиро мӯшикофона таҳлил намуда, сипас ба низоми ҳуқуқии кишвар роҳ додани онро иҷозат медиҳад. Зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд манфиатҳои миллию давлатӣ ба инобат гирифта шаванд. Қабл аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу таърихӣ хуб омӯхта шавад. Инчунин оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад, то уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор нагардад. Барои анҷоми бомуваффақияти ин вазифаҳо низ тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷумлаи вакилони мардумӣ зарур аст
Роҳи ҳалли ин вазифаи муҳим танҳо таъсис додани шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чӣ дар даврони шуравӣ ва чӣ даврони истиқлолият шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надошт. Сарфи назар аз кӯшишҳои бисёркаратаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ иҷозаи кушодани шурои диссертатсионӣ аз ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ: ҳуқуқи аврупоиро надод ва то имрӯз чунин шуро дар мамлакат вуҷуд надорад. Набудани чунин шуро ба он оварда расонд, ки аспирантон ва унвонҷӯёни соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ баъди омода кардани рисолаҳои худ озими Федератсияи Русия шуда, дар муассисаҳои илмии он (Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия, Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати ФР, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи федералии Қазон ва диг.) худро вобаста намуда, маблаѓи зиёд барои ҳимояи рисолаҳои хеш, роҳкиро ва будубошу зиндагӣ пардохт намуда, баъд ба ҳимояи корҳои илмии худ муяссар мешуданд.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки мақсад аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаҳое мебошад, ки камбуди ин гуна мутахассисон барои кишвар ҳис карда мешавад. Инчунин таъсиси КОА ба хотире буд, ки муҳаққиқон имкони ҳимояи диссертатсияҳояшонро дар дохили ҷумҳурӣ дошта бошанд. Мо умедворем, ки баъди ин суханронии таърихии Пешвои муаззами миллат чунин шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз тарафи КОА иҷозат дода хоҳад шуд ва дар кӯтоҳтарин муддат камбуди мутахассисон дар ин соҳа аз байн бурда хоҳад шуд.
Дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат Пешвои муаззами миллат дуруст қайд намуданд, ки «як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад».
Дар шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси ходимони илмӣ барои магистрон ва докторантони PhD китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз ҳуқуқи байналмилалӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ омода карда шудаанд. Умед аст, ки унвонҷӯёну аспирантон, магистрону докторантони PhD дар соли нави таҳсили 2024-2025 бо ин китобҳои нав дониши худро такмил дода, камбудиҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат зикршуда бо тадбирҳои муассир аз ҷониби масъулини муассисаҳои илмию таълимӣ аз байн бурда хоҳанд шуд.
Мо Сарвари муҳтарами давлатамонро бовар мекунонем, ки олимону донишмандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаи хеш дар рушду пешрафти давлатамон саҳми бештар мегузоранд ва рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои
ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддинови АМИТ
- Душанбе, 03 Июн 2024
Нақши илм дар рушди ҳаётӣ ҷомеа (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон ин пайванд намудани имл бо истеҳсолот аст. Ичунин ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мубрамияти дониши илмӣ дар он зоҳир мешавад, ки воқеиятҳоеро, ки одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хеш бархӯрд мекунанд, тавсиф ва шарҳ диҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи ниҳоии он баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад. Аз замони атиқа то ҳол олимон сармояи зеҳнии ҷомеа буда, дар рушди зеҳнӣ ҷомеа нақши бориз доранд.
Пешвои миллат дар авввали суханронии худ дар бораи ҷойгоҳи илм дар замони истиқлол суханрони намуда, чунин иброз намуданд, ки «мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хидмате анҷом додааст. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд». Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм баҳисоб меравад. Даврои истиқлоли давлатӣ шароити мусоҳидро фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо намоянд, ва мо барои ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардидем.
Яке аз заминаҳои асоси пайдоиши илм ташаккул ёфтани ҷомеаи нав, ки имконияти ҷудо кардани меҳнати ақлониро аз низоми умумии тақсимоти меҳнат ба шакли мустақили фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад, ки заминаи эҷодро дар замони муосир ба миён овард. Пешвои миллат вобаста ба тарақиётӣ илм дар ҷаҳони муосир чун ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки «кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд».
Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил, назорат ва самтгарои менамояд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсоли бевосита, ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.
Яке аз дастовардҳои илми муосир ин зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳар чанд худи ӯ маҳсули зеҳни инсон буда, ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Пешвои миллат зеҳни сунъиро яке падидаи нав дар илми муосир дониста, чун қайд намуданд, ки «истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад». Пас аҳли илми кишварро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат имрӯз самараи соҳаи илм, ки дар замони истиқлол ба даст омадааст аз аҳли он талаб дорад: «Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад». Пешвои миллат ба олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам итминон намуданд, ки бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.
Ин мулоқот нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои миллат дар роҳи комёбиҳои нави илми камари ҳиммат баста анъанаи илмофарини гузаштагони худро дар замони кунуни ба ҷаҳониён нишон медиҳанд.
Қурбоншоев И. Мудири Шуъбаи
масалаҳои фалсафии дини Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ