casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”

 
       Санаи 28 май соли равон  дар Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаи ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик”-ро баргузор гардид. Дар кори семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор , мудири кафедраи фалсафаи АМИТ Мирзоев Ғ. маърӯза намуданд.
Қайд карда шуд, ки ташаккули ҷаҳонбинии пешрафта ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фазои маънавии ҷамъият имрӯз аз талаботҳои ҷиддии давр ба шумор меравад. Барои кишварҳои тозаистиқлол, махсусан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон низ, ки дар ҷодаи мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳанд, дар баробари ҳаллу фасли масоили гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва ғайра инчунин, ташаккулу рушд додани ҷаҳонбинии илмии муосир ва тафаккури мантиқиву эҷодӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро ҳар гуна ҷомеа танҳо ба он андозае метавонад рушду пешравӣ дошта бошад, ки сатҳ ва зарфияти андешаву тасаввуроти аъзоёни он қарор доранд. Бо таъкиди яке аз назарияпардозони либерализми аврупоӣ – файласуф Ҷон Локк (1632–1702) “мо ҳамон тавре зиндагӣ мекунем, ки андеша мекунем”. Инкишоф ва пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии дорои ҷаҳонбинии илмӣ дар шароити ҷомеаи суннатии шарқӣ бошад, ки дар он дидгоҳҳо ва муқаррароти динӣ мавқеи устувор доранд, маъмулан бо шеваи ҳамвору мулоим ва бемушкилоту осонӣ амалӣ намешавад. Низоми анъанавии дар тӯли садсолаҳо ташаккулёфтаи муносибатҳои иҷтимоӣ, ки меъёрҳои арзишию маърифатии гузашта ҳанӯз ҳам нақши муайян доранд, бо арзишҳо ва меъёрҳои ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии замони муосир тадриҷан ва марҳила ба марҳила метавонанд таҳаввулу бо ҳам мутобиқ шаванд.
        Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин, ки тайи се соли охир ба таҳқиқиқи мавзуи “Давлати дунявӣ ва муносибати он ба масъалаи озодии виҷдон ва фарҳанги маънавии ҷомеа” машғул мебошад, дар зерсамти муносибати давлати дунявӣ бо дин ва муҳити маънавии ҷомеа, инчунин ба таҳлили вижагиҳои ташаккулёбӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмиву дунявӣ дар муқобили тафаккури диниву эътиқодӣ, омилҳои монеасози ҷаҳонбинии илмӣ, моҳият ва хусусияти бархурди таълимоти диниву мазҳабӣ бо тафаккури илмӣ, афзоиши хурофот, моҳияти давлати дунявӣ, муносибати он бо фарҳанги динӣ, ҷойгоҳи дин дар фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо сару кор дорад.
Дар мавриди хусусият ва моҳияти ҷаҳонбинии илмӣ дар фазои маънавии ҷомеа зикр намудан лозим аст, ки имрӯз дар баробари ин истилоҳ мафҳумҳои дигар, аз қабили “ҷаҳонбинии илимиву дунявӣ”, “андешаи дунявӣ” ва ғайраҳо низ истифода мешаванд. Инчунин, наздик ба ин маъно мафҳумҳое аз зумраи “тафаккури илмиву дунявӣ”, “тафаккури ақлонӣ”, “тафаккури мантиқӣ”, “тафаккури техникӣ” ва ғайраҳо низ мавриди истифода қарор доранд. Гарчанде мафҳуми “тафаккур” аз мафҳуми “ҷаҳонбинӣ” дар лексикони илмӣ фарқ дорад ва мо поинтар дар ин масъала таваққуф хоҳем кард, боз ин истилоҳот дар адабиёти илмӣ ва бадеӣ васеъ гардиш доранд.
 
Муфассал ...

Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмиллалӣ

     31 майи соли равон дар толори калони Раёсати  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
 
     Дар конфренсия бо сухани ифтитоҳи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Қ.Х. Хушвахтзода баромад намуданд. Дар рафти конфренсия директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода., Маҳмудзода М.А., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, академики АМИТ: дар мавзуи «Санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак»., Раҷабов С.Р., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор: дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ»., Бобоҷонзода И., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор: дар мавзуи «Мавқеи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»., Холинова М.М., номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент: дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар оила»., Саидзода М.Ш., номзади илмҳои ҳуқуқ: дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами васояту парастории кӯдакон: таърих ва имрӯз» маърӯза намуданд.
 
Муфассал ...

ИЛМ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

     Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли љорї баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон њамаљониба тањлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояњои давлатдории миллї ва инкишофи њаёти ҷамъиятию сиёсї ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инљо мехостем танњо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем. Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia