casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Паёми Президент – доктринаи нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ

   Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун анъанаи таҷрибаи нави давлатдорӣ аз тарафи аҳли ҷомеа бо мароқ ва эътибори хоса пазируфта мешавад. Зеро ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа ва сохторҳои таркибии он, дар шаклу мазмуни гуногун ифода ёфта, роҳҳои такмили муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди онҳо муайян карда шудааст. Ҳар як фарди ихтисосманд дар Паёми Президенти ҶТ соли 2021 оид ба самтҳои гуногуни мукаммалгардонии фаъолияти касбии худ нуктаҳои ҷолиби диққатро пайдо мекунад. Муфассал ...

Бардоштҳои маънавӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи бунёди  давлати миллӣ

   Оғоз. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва таҳоҷуми иттилоотӣ, дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо роҳ боз шуда, ҳусну қубҳи арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо, ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии халқҳо зарар дида истодааст. Ҷаҳонишавӣ дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба аслҳои ахлоқию ҳуқуқии мо ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиямон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба аслҳои мафкуравии ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил меёбад. Муфассал ...

Академик А. Баҳоваддинов аз дидгоҳи муҳаққиқони тоҷик

 Таърихи тамаддуни ҳар як миллат бо фарҳангу суннат ва чеҳраҳои тобони хеш зинда аст ва ин чеҳраҳо ҳувияту фарҳанги суннатӣ-миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуну рушди миллатро барои насли имрӯзаву баъдина ҳифз намудаанд. Бузургону донишмандони машҳури миллати тоҷик ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллои Рудакӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абуяқуби Сиҷистонӣ, Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Насириддуни Тусӣ, Фаридаддуни Аттор, Ҷалолуддини Давонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Аҳлии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Ҳаким Сафо ва дигарон бо осори гаронбаҳои илмӣ-тиббӣ, илмӣ-кайҳонӣ (астрологӣ), фалсафӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, иҷтимоӣ-табиӣ, психиологӣ (равоншиносӣ) ва ғайраҳо машҳуранд, ки тариқи заҳматҳои олимону муҳаққиқони шинохтаи тоҷик то имрӯз ба хонандаи муосир муаррифӣ шудаанд ва шуда истодаанд.

Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia