casino malaysia
casino malaysia
Паём ҳамчун маншаи барномаи амал барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм

wrapper

  Новобаста аз вазъи кунунӣ ва мушкилоте дигаре, ки имрӯз ҷаҳон бо он рӯбарӯ гардидааст, ҳанӯз ҳам масъалаи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ масъалаи доғи рӯз боқӣ монда ва боиси нигаронии инсоният мебошад. Дар иртибот ба ин масъала дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар ироа гардид, банди махсусе пешбинӣ шуда буд, ки метавонад ҳамчун маншаи барнома барои амал ва мубориза бо ин вабои аср хизмат кунад. Дар Паём таъкид шуд, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст». Терроризми байналмилалӣ имрӯзҳо ҳамчун душмани бераҳму шафқат ҳамаи меъёрҳои ахлоқиро зери по карда, аз ягон намуди аҳшоният рӯй гардонидани нест. Дар роҳи амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

  Мутаассифона, чанде пеш як гуруҳ аз аъзои созмони террористии давлати ба ном исломӣ дар ҳудуди ҷумҳурии азизамон ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карданд ва дар натиҷа ин амали ваҳшиёнаю бераҳмонаи онҳо боиси марги сарбозон ва талафоти ҷонии инсонҳо гардид. Ин амал аз он ҳушдор медиҳад, ки ҳанӯз ҳам хавфу хатари чунин созмонҳо аз байн нарафтааст ва нафароне аз ҷамъият пайдо мешаванд, ки фиреби чунин созмону ташкилотҳоро хӯрда, ба роҳи хато мераванд, хиёнат ба Ватану миллати худ мекунанд ва боиси нооромуву даҳшатангезӣ мегарданд. Бо дарназардошти ин вазъ Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сохтору мақомоти марбута бояд садди устуворе дар муқобили ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ бошанд ва барои ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намудани ҷавонон, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани онҳо мусоидат карда, чораҳои саривақтӣ ва мунтазам андешанд.
  Барои самаранок мубориза бурдан бо терроризму экстремизм, ба даст омадани ҳадафҳои дар боло зикршуда зарурати боз ҳам бештар ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар ин самт дар Паём таъкид гардид. Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад. Бинобар ин, барои такмили ин қонун бояд тасмим гирифта шавад ва дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои олимони ҳуқуқшинос ва диншиноси Академияи миллии илмҳо зарур шуморида мешавад. Вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ дар ин самт бо олимони соҳа бояд ҳамкорӣ намоянд.
  Яке аз сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, ки дар Паём Президент аз он низ ёдовар шуданд. Дар ин росто боиси ташвиш афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, навъҳои синтетикӣ (сунъӣ) ва кимиёвии он мебошад, ки чандин ҳолатҳои дастгир шудани чунин нашъаҷаллобонро ҳамагон шоҳид буданд. Барои пешгирии чунин намудҳои нави ҷинояткорӣ ва роҳҳои маблағгузории терроризму ифротгароӣ ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазорати корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд, инчунин ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
  Дар ҳамин банди Паём аз омили коррупсия, ришваву фасод, ки ба таври мустақим ё ғайримустақим метавонад барои рушду густариши ифротгароӣ ва минбаъд терроризму тундгароӣ замина муҳайё кунад, низ ёдоварӣ шуд. Коррупсия дар баробари пайомадҳои манфии гуногун пеш аз ҳама «метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад», ки ин ҳам як омили хеле муҳим дар ташаккули ақидаҳои ифротӣ низ ҳаст. Ин амал ҳамчун масъалаи доғи ҷомеа ҳанӯз ҳам, новобаста аз он ки дар кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд, ҷой дорад ва фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест. Интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон бояд мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот бошад. Амалӣ гардидани ин нуктаҳои муҳими Паём низ воситаи хубе барои пешрафти кишвар, пешгирӣ аз амалҳои номатлуби шаҳрвандон, даст задани онҳо ба ҳар гуна рафторҳои ношоиста, таҳкими боварӣ ба давлат мебошад.
  Дар самти мубориза бо терроризму экстремизм вобаста ба вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳим аст. Дар баробари ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсии хизматчиёни Қуваҳои мусаллаҳ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии онҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паём таъкид шуд, ки: «роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».
  Рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақа низ ҷузъи мантиқии барномаи ҳамаҷонибаи мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризмро дар бар гирифта яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазъи Афғонистон барои амният ва субот дар минтақа аҳамияти хос дорад. Бинобар ин, таъкиди доимии роҳбарияти сиёсии кишвар, махсусан Президент бар он аст, ки «қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд». Кишвари мо доимо ҷонибдори сулҳ дар Афғонистон буд ва барои амалӣ шудани ин орзую умеди мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
  Робитаҳо бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ низ дар самти мубориза бо падидаҳои номатлуб, боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давлати мо афзалияти хосеро доро мебошанд. Барои идомаи чунин робитаҳои ба тарафайн судманд шароит фароҳам аст ва давлат ҳамкории худро эълон намудааст. Дар робита ба ин, «имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст». Баргузории як қатор чорабиниҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он дар Тоҷикистон гувоҳи талошҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумати мо дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ мебошанд.
  Хулоса, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври мукаммал масоили мубориза бо терроризм ва экстремизмро баррасӣ намуда, як қатор вазифаҳои мушаххасро назди масъулони соҳа, давлат ва мардум ба миён гузошт, ки огоҳона ва оқилона дар амал татбиқ намудани онҳо барои коҳиши ин падидаҳо хеле муфид ва саривақтӣ ҳастанд.

Виркан Музаффарпур,
ходими калони илмии Шуъбаи масоили фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia