Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулёбии институти президентӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон
- Панҷшанбе, Ноя 14 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Баъди аз байн рафтани давлати Шуравӣ, 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар таърихи миллати тоҷик оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақили миллӣ заминаи сиёсиро фароҳам овард.
Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост омад. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шурӯъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном "ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Дар тӯли таърих басо марҳилаҳое шудаанд, ки барои наҷоти халқе, қавме ва ё миллате зарурати пешво ва сарвари дурандешу соҳибтадбир пеш омадааст. Чунин зарурат ва озмоишро таърих аввали солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати куҳанбунёди мо ҳам раво дид. Марҳилае буд, ки миллати мо дар вартаи нобудӣ, пошхӯрӣ ва Тоҷикистони азизи мо дар ҳолати тақсимшавӣ, давлати навбунёди мо дар вазъияти барҳамхӯрӣ қарор дошт. Дар чунин марҳилаи тақдирсоз таърих барои миллати мо шахси тавонову ҷасур ва дурбину дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд, ки тақозои сарнавишти наҷотхоҳи миллати мо буд.
Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Зеро он Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон-сарвари нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, шахсияти бузурги давлатсоз, адолатпарвар, сулҳовару сулҳофар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва ба барқарор намудани институтҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон замина гузошт.
Сардори давлати навтаъсиси тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ба миллату давлат ёд карда, қотеона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат доданд, ки Ватани аҷдодиамонро обод, давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун қарор медиҳанд.
Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибихтиёр шакли нави давлатдорие, заруриятро талаб мекард, ки бархурди чунин манфиатҳо бошад. Барои эҷоди он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки шакли давлатдории моро муайян намояд ва он ҳам бошад, қабл аз ҳама, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.
Аз ҳамон рӯзи аввали ба вазифаи олии давлатӣ-Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама ба халқ сулҳ овардан, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин намудан буд. Дигар ин ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд.
Ии чунин маънӣ дошт, ки барои Тоҷикистон танҳо роҳи демократию дунявӣ, ки бештар хоси ҷомеаҳои пешрафта ва мутамаддин мебошад, мувофиқ аст.
Бинобар ин ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳо дар гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия ду лоиҳа яке бо номи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳои мардум 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Дар Конститутсияи аз ҷониби халқи Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҷаноби олӣ ба таври райпурсӣ қабулшуда мансаби Президенти таъсис дода шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳамин рӯзи қабули Конститутсия аз тарафи халқи Тоҷикистон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар давлатҳои ҷаҳон шаклҳои гуногуни идораи давлатӣ мавҷуданд, аз қабили намуди парлумонӣ, парлумонӣ-президентӣ ё нимпрезидентӣ-омехта, ҳокимияти монархӣ, ниҳоди президентӣ ва ғайр. Бояд қайд намуд, ки идораи давлатӣ дар намуди ниҳоди президентӣ, ба рушди давлати ҳуқуқбунёду демократи ва дунявӣ равона карда шуда, ба фаъолияти мунтазами рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва робитаи он ба ҷомеаи муосири мутамаддин мусоидат менамояд.
Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти институтҳои давлатию-сиёсии кишварҳои демократӣ мебошад. Ин пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идоракунӣ, такмили ва таҳкими механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд. Маҳз ҷорӣ кардани институти президентӣ дар Тоҷикистон боис ба рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ-идораи сиёсат, иқтисод ва дигар соҳаҳо гардид.
Идораи президентӣ имконият медиҳад, ки сарвари давлат ба ҳама сохторҳои давлатӣ таъсири якхела расонад ва дар пайдо намудани мавқеи худ дар низоми ҳокимияти давлатӣ нақши асосӣ гузорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари давлатҳо Президент нақши ҳалкунанда дошта, таърихи беш аз дусадсола дорад ва имрӯз дар зиёда аз 130 давлати ҷаҳон савари давлат ҳамчун Президент номгузорӣ мешавад.
Дар арсаи давлатдории ҷаҳонӣ бори аввал мансаби президентӣ чун мансаби давлатӣ дар Штатҳои Мутаҳидаи Амрико соли 1787 ҳангоми қабули Конститутсияи ин кишвар таъсис дода шуд ва аввалин Президент ходими давлатии амрикоӣ падар-асосгузори Штатҳои Мутаҳидаи Амрико Ҷорҷ Вашингтон мебошад ва асосгузори ниҳоди амрикоии президентӣ дар солҳои 1789-1797 ба ҳисоб меравад.
Дар таҷрибаи давлатдории Франсия ва Федератсияи Россия низ ниҳоди президентӣ комёбӣ ба ҳисоб рафта, дар самти идоракунии ҳокимияти давлатӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони муосир идораи давлатӣ дар намуди ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ ба шумор меравад.
Чуноне дар боло қайд гардид, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакли президентии идоракунии ҳокимияти давлатиро интихоб намуд, ки дар конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ муайян карда шуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.
Мутобиқи талаботи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, муратабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Ба салоҳияти Президенти кишвар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар дохили кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардан, таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳо, муайян намудани низоми пулӣ, таъсис намудани Шӯрои амният таъин ва аз вазифа озод намудани судяҳои суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳои иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, дохил мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассиса таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвари давлати тоҷикон инхоб шуданашон, ки давраи барои халқи Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат ниҳоят мушкил буд, ҷанги шаҳрвандӣ нооромиҳо дар ҷомеа қарор дошт ва мардум гурезаю саргардон буда, муҳтоҷи як пора нон буданд, хиради пайғамбарона намуда, гуфта буданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Тамоми хираду қуввваи худро барои ба даст омадани сулҳи бебозгашт Пешвои муаззами миллат сарф карданд ва оқибат 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ байни Ҳукумат ва Мухолифин ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшид, ки ин сулҳест, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Пешвои миллат барои нигаҳ доштани сулҳу оромии на танҳо кишвари хеш, балки минтақа ва ҷаҳон пешсаф мебошанд.
Халқи Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи роҳбари хирадманди худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби саноат, роҳҳои нақлиётӣ, Неругоҳҳо, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва даҳҳо боғчаю варзишгоҳҳо, осишгоҳу санаторияҳ шуда, ҳазорҳо гектар боғҳо бунёд, миллионҳо метри мурабаа манзил соха шудаанд ва дигар корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Артиши миллӣ, мақомотҳои қудратӣ ва дигар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Пешравиҳои зикршуда дар соҳаҳои, хоҷагии халқ ва саноат ва дигар соҳаҳо барои зиндагии хубу ором ва амнияти мардуми азизи Тоҷикистон равона карда шудааст, ки ин ҳама инқилоб ба ҳисоб меравад.
Ин ҳама амалҳои созандаю эҳёгари миллат ва давлатсоз будани Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро то ба имрӯз сарбаландона ва бомувафаққият ба иҷро расонида, барои ободию амнияти мардуми азизи Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд ва барои хизматҳои шоён ва пурмасъул ба мукофоти олии давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида, аз 25 декабри соли 2015 ба унвони олии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат» мушарраф шуданд.
Оқилият, бузургӣ, дурандешӣ, хислатҳои пағамбаронаи Пешвои муаззами миллат, дар давоми давлатдории мо собит сохтанд, ки шакли интихобнамудаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иидоракунии давлатӣ дар шакли ниҳоди президентӣ беҳтарин шакли идораи давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо сарварии Асосгузори Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи давлати ҳуқуқбунёд асос гузошта, фаъолияти мунтазами рукнҳои ҳокимияти давлатиро таъмин намуда, ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷониби давлатҳои ҷаҳони эътироф гардидани Тоҷикистон, дар ташкилотҳои байнамилалӣ соҳиби обрую эътибор гирифтани давлати мо, дар хориҷи кишвар ҳимоя кардани манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони мамлакат мусоидат намуд ва ҷорӣ гардидани ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳо гардид.
Аз ин рӯ, рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Зеро аз ҳамин рӯз, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо пешниҳоди Асосгузори Ваҳдати миллӣ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, сулҳу салоҳ, амният дар саросари Тоҷикистон таъмин гардида, ободкорию созандагӣ, давлатсозӣ ва пешравӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои давлатдории тоҷикон таъмин гардид.
Мо хизматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамоем ва ҳамеша бо Пешвои муаззам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастем.
Рӯзи Иди Президентро барои ҳамаи халқи Тоҷикистон муборакбод менамоем.
Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн
Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Қодирзода Тоҳир Қамар
ходими пешбарӣ илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. БаҳоваддиновиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи дараҷаи олии тахассусӣ,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, E-mail: t_ This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» дар вилояти Хатлон
- Ёде аз устоди файласуфони муосири тоҷик
- Флаг в космосе
- Парчами миллии Тоҷикистон: таърих ва моҳияти он ҳамчун рамзи давлатӣ
- БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ