casino malaysia
casino malaysia
Танзими ҳуқуқии масъалаҳои забон дар қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

         Масъалаи забон яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳими ҳаёти сиёсиву фарҳангии давлатҳо дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Вобаста ба мафҳум ва аҳамияти забон дар адабиётҳо ақидаҳои гуногун мавҷуд мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо — тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад» [16].   
Олими рус Д.Петров чунин меҳисобад, ки «Забон ин низоми  шифоҳии ифодаи фикрӣ мебошад, ки  дорои сохти муайяни садоӣ ва грамматикӣ буда, ҳамчун воситаи муошират дар ҷомеаи инсонӣ хизмат мекунад» [14].  
Офаридаев Н.  бар чунин ақида аст, ки «Забон  падидаи фарҳанги миллист, ки  маҳз тавассути он  миллат ҳувияти хешро  таҳким бахшида, муаррифӣ месозад  ва  онро  ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат  мебошад. Ба сифати падидаи  (феномени)   фарҳанги  миллӣ забон на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои    равонию  маърифатӣ  ва маънавии  халқро низ инъикос менамояд.  Дар  забони ҳар як миллат  равоншинохтии ҳамон миллат   акси худро  ёфтаааст.  Аз  ин рӯ  забон бузургтарин  ёдгории маданӣ ва  маънавии миллат  мебошад. Маҳз  таввасути забон  дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон  ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар, аз  як  қарн ба қарни дигар  интиқол ёфта, дастраси  башарият  мегарданд» [12].
Нуриддин Парвин ва Рамазон Файзов чунин меҳисобанд, ки  «Сиёсати забонии давлат дар таҳия ва татбиқи сиёсати берунии он, таъсири он ба муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани имиҷи давлат, эътибори он дар ҷаҳон, боло рафтани боварӣ ба он ва алоқаҳои тамаддунии он саҳми бузург дорад» [13].
Ба ақидаи мо забон на танҳо воситаи муоширати байни одамон, балки ҳамчун воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, танзими ҳуқуқии худро дар қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки забони тоҷикӣ қадимтарин забони дунё ба ҳисоб рафта, он ҳамчун забони коргузории расмӣ асрҳои аср истифода гардида то ба имрӯз расидааст. Забони тоҷикӣ то ба ҳайати Россияи подшоҳӣ ва баъдан ба ҳайати ИҶШС дохил шудани Тоҷикистон забони коргузории давлати ва муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мерафт. Зимни ворид шудани ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба ҳайати ИҶШС масъалаи забон дар якчанд санадҳо танзими худро ёфтанд. Масалан, чи тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Русия (болшевикҳо) аз 4 июни соли 1924 «Дар бораи тақсимоти миллии Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ» қарор қабул намуд. Дар ин замина ҶШС Ӯзбекистону  Туркманистон ташкил гардида, қарор оиди дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекситон таъсис додани Вилояти мухтори тоҷикон қабул гардид [15]. Вале соли 1924 Тоҷикистон на ба ҳайси вилояти мухтор, балки ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфта, зарурати ба танзим даровардани масъалаи забони коргузорӣ ба вуҷуд омад. Бо ин мақсад дар  Қарори Кумитаи инқилобии  Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (минбаъд ҶМШС Тоҷикистон) «Дар бораи интиқол додани коргузорӣ ба забонҳои маҳаллӣ» аз 18 декабри соли 1925 дарҷ гардидааст, ки «Забони давлатии  ҶМШС Тоҷикистон забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ пазируфта шавад» [8].
28 апрели соли 1929 дар анҷумани 2-юми Шуроҳои  ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон  бо назардошти Конститутсияи ҶШС Ӯзбекистон ва Конститутсияи ИҶШС қабул гардид.
         Мавриди тазаккур аст, ки аввалин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон мавриди  амал қарор нагирифт, зеро  дар анҷумани III Шуроҳои Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1929 Эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дохил шудан ба ҳайати ИҶШС  қабул карда шуд [1,68]. Ба ҳар ҳол дар Конститутсияи  ҶМШС Тоҷикистон  аз 28 апрели соли 1929, дарҷ гардида буд, ки «Декретҳо, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон  бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба нашр мерасанд»[4,302].
       Дар банди 18 Конститутсияи  ҶШС Тоҷикистон  аз 25 феврали соли 1931  вобаста ба масъалаҳои забон дарҷ гардида буд, ки «забони миллатҳои дар ҳудуди  ҶШС Тоҷикистон иқоматдошта (тоҷикӣ, ӯзбекӣ русӣ, туркменӣ, қирғизӣ ва ҳ.) баробарҳуқуқ мебошанд. Бо назардошти бештар будани аҳолии миллати  тоҷик дар ҶШС Тоҷикистон, забони тоҷикӣ ҳамчун забони бартариятдошта дар коргузории байни муассисаҳову ташкилотҳои давлатӣ, касбӣ ва ҷамъиятӣ эълон карда мешавад»[5,367]. Мавриди тазаккур аст, ки ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз 25 феврали соли 1931 тағйиру иловаҳо 16 январи  соли 1935 ворид карда шуд. Тибқи тағйиру иловаҳои ба конститутсияи соли 1931 воридкардашуда бандҳо аз байн рафта, ба ҷои онҳо моддаҳо ворид карда шуд. Ба ғайр аз ин, дар моддаи  20 санади мазкур забони тамоми аҳолии дар ҷумҳурӣ иқоматкунанда  баробарҳуқуқ муқаррар гардида, ба ҳар миллат ҳуқуқи озодона муроҷиат кардан ба забони модарии худ кафолат дода шудааст. Дар моддаи 21  мушаххас гардидааст, ки «Ба нашр расидани  санадҳои муҳимми қонунгузорӣ бо забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ сурат мегирад»[9, 398]. Бо ҳамин монанд дар моддаи 30  Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и   ҶШС Тоҷикистон  аз 1 марти соли 1937 дарҷ гардидааст, ки «Қонунҳои аз ҷониби Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул гардида бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба нашр расонида мешаванд»[6, 444].
         Мавриди тазаккур аст, ки бо Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонун аз 21 майи соли 1940 «Дар бораи гузариш аз ҳуруфи тоҷикии лотиниасос ба алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи хати русӣ» қабул гардид, ки аз 1 сентябри соли 1940 пурра ҷорӣ шуд [3, 469]. Тибқи қарори мазкур алифбои нави тоҷикӣ дар заминаи хати русӣ тасдиқ гардида, ҳамчун хати таълимӣ минбаъд истифода шуда, то айни ҳол мавриди истифода қарор дорад.
         Дар охирин Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и   ҶШС Тоҷикистон  аз 14 апрели  соли 1978, ки дар ҳайати ИҶШС қабулшуда,  дарҷ гардидааст, ки «Қонунҳои ҶШС Тоҷикистон ва дигар санадҳои  Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ... ба нашр расонида мешаванд»[7, 660].
     Аз таҳлили меъёрҳои конститутсияҳои қабулгардида бармеояд, ки дар онҳо асосан сухан дар бораи забони қонун ва интишори он меравад. Ҳамзамон забони тоҷикӣ дар коргузорӣ ва муошират ба забонҳои ӯзбекиву русӣ баробарвазн муқаррар гардидааст.
     Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX кӯшишу таклифҳо ҷиҳати ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ба вуҷуд омада, мақолаву баромадҳо дар ин бора бештар ба чашм мерасид. Бо мақсади танзими муносибати мазкур бори нахуст, қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон аз 4 ноябри 1988, № 127 «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд. Ҷиҳати дар сатҳи қонун ба танзим даровардани масъалаи забони тоҷикӣ, 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули қонун «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ (№ 142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян карда буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад» [11].
         Дар моддаи 1 Қонуни мазкур дарҷ гардида буд, ки «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Ҳамзамон тибқи Қонуни мазкур забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни халқҳои ИҶШС дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона амал мекунад [10]. Тибқи Қонуни мазкур коргузории тамоми мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, инчунин кори анҷумани ҷаласаҳои онҳо бо забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамзамон истифодаи забони миллатҳои дигар, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд маҳдуд нагардида буд (моддаи 7). Ҳамзамон бинобар дар санаи 22 июли соли 1989 қабул гардидани Қонуни мазкур ҳар сол  ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардид.
         Мавриди зикр аст, ки Қонуни забони ҶШС Тоҷикистон то андозае муносибати ҷамъиятиро дар самти муқаррар намудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ба танзим дароварда, заминаи мусоидро барои дар коргузории расмӣ татбиқ намудани онро гузошт.
         Ба ҳамагон маълум аст, ки 9 сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, кишварамон субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ гардид. Дар тамоми қонунгузорӣ ва номгузорӣ  калимаи  «ҶШС Тоҷикистон» ба «Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуд, ки ин тағйирот ба Қонуни забони ҶШС Тоҷикистон низ татбиқ гардид.
         Мавриди тазаккур аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол барои танзими маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар тамоми соҳаҳо, инчунин ҷиҳати эъмори низоми қонунгузории мамлакат, бояд конститутсияи худро қабул намояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.  Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар гардид.
         Бо ба эътидол омадани вазъи ҷамъятиву сиёсӣ дар мамлакат, пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар самти забон ва коргузории расмӣ зарурати қабули қонуни нав дар самти забони давлатӣ ба миён омад. Бо ин мақсад 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, қонуни қаблӣ аз 22 июли соли 1989 аз эътибор соқит дониста шуд. Тибқи меъёрҳои Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад; Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд; мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд; забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ва ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад (моддаи 5).
Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма, коргузории  ташкилотҳо,  номгузории ташкилот, маҳалҳои аҳолишин, қоғазҳои қимматнок, муҳру бланкаҳо ва дигарон ба забони давлатӣ сурат гирад.
         Чи тавре ки дар боло қайд гардид, Қонуни мазкур бо дарназардошти пешрафти ҷомеа ва пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ қабул гардидааст. Яке аз навовариҳои асосӣ дар Қонуни мазкур ин танзими масъалаи истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад (моддаи 22). Ба ғайр аз ин фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад (моддаи 23).
     Мавриди зикр аст, ки дар мустаҳкам ва ташаккули забони давлатӣ дар коргузории расмӣ ва татбиқи он дар тамоми ҷанбаҳои идоракунии давлатӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ мебозад. Тавре, ки Пешвои миллат иброз доштанд: «Дар баробари ин, ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, вусъат бахшидан ба фазои амали он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар низоми давлатдорӣ, асоси сиёсати давлатии мо буд ва мемонад. Ин як амри таърих, шарти истиқлолияти давлатӣ ва тақозои ҳувияти миллии мо мебошад» [2].
Бо дастгирии Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ дар қонунгузорӣ меъёрҳои мушаххас ва ҳатмӣ қабул карда шуд. Чунончи,  дар моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994 оварда шудааст, ки «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад...». Айнан бо ҳамин мазмун дар моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 25 июли соли 2005 (моддаи 53); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (моддаи 26)  ва дигар қонунҳо меъёр муқаррар гардидааст.
Бояд илова намуд, ки бо  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар  санаи  2 августи соли 2011, минбаъд,  5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
         Дар баробари муввафақиятҳо дар самти танзими масъалаҳои забони давлатӣ дар ин ҷода мушкилот низ ба чашм мерасад. Масалан дар моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 июли соли 2016  оварда шудааст, ки «Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд». Дар қисми 3 моддаи мазкур муқаррар гардидааст, ки «Агар  шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ матни саҳеҳ надошта бошанд, яке аз матнҳои саҳеҳи онҳо бо забони баимзорасида, инчунин тарҷумаи шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ дар маҷмӯаи «Бюллетени шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мегарданд».
        Таҷриба нишон медиҳад, ки дар масъалаи тарҷумаи  шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ мушкилот ҷой дошта, на ҳама вақт меъёри мазкур иҷро мегардад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти мушкилоти ҷойдошта вазорату идораҳои масъулро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудии мазкур чораҳои муассир андешанд.
         Ҳамин тавр, масъалаи аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим даровардани забони давлатӣ дар нимаи дуюми соли 80 асри ХХ пайдо шуда, бо эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, бо пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ин самт мукаммал гардонида шудааст.
Адабиёт:
  1. Диноршоев А.М. Формирование идей прав человека в Конституции Таджикской АССР 1929 г. // Конституционное и муниципальное право. - 2014. - № 6. - С.68.
  2. Дустзода Ҳ.Ҷ. Бақобахшандаи миллат забон аст! Сомонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL:https://philol.tnu.tj/tj/ba-obahshandai-millat-zabon-ast/ (санаи муроҷиат 2 октябри соли 2024).
  3. Закон от 21 мая 1940 года «О переводе таджикской письменности с латинизированного на новый таджикский алфавит на основе русской графики» / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019. – С.469
  4. Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929, банди 16. / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе,2019.- С.302.
  5. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз 25 феврали соли 1931 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. - Душанбе, 2019. - С.367
  6. Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и ҶШС Тоҷикистон аз 14 марти соли 1937/ Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе, 2019.- С.444.
  7. Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978, моддаи 104 / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. -Душанбе, 2019.- С.660.
  8. Қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи интиқол додани коргузорӣ ба забонҳои маҳаллӣ» аз 18 декабри соли 1925. / Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. - Душанбе, 2019. – С.219-220.
  9. Қонуни асосӣ (Конститутсияи) ҶШС Тоҷикистон аз 16 январи  соли 1935/ Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.) / Сост. Ф.Т.Тохиров. - Душанбе, 2019. - С.398
  10. Қонуни забони ҶШС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989, моддаи 2. Манбаъ: Бойгонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. Назарзода С. ва Шодиев Р.А. Истиқлол ва забони давлатӣ. Сомонаи Донишгохи миллии Тоҷикистон. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://zoa.tnu.tj/tj/isti-lol-va-zaboni-davlat/ (санаи муроҷиат 30 сентябри соли 2024).
  12. Назрӣ Офаридаев. Забони  давлатӣ – омили таҳкимбахши ваҳдати миллӣ. Сомонаи Институти илмҳои гуманитарии  ба номи   академик Б. Искандарови  АМИТ. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ:URL:https://ign.tj/navidhoi-imi/maqolaho/item/599-zaboni-davlat-omili-ta-kibakhshi-va-dati-mill. html (санаи муроҷиат 30 сентябри соли 2024.
  13. Нуриддин Парвин, Файзов Рамазон. Забон ҳамчун василаи сиёсат ва дипломатия дар асри XXI. Сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://new.kgu.tj/tj/news/420 (санаи муроҷиат 30 сентябри соли 2024.
  14. Петров Дмитрий. Что такое язык — развернутое определение, признаки, функции и свойства языка. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://ktonanovenkogo.ru/voprosy-i-otvety/yazyk-chto-ehto-takoe-i-kakovy-funkcii-yazyka.html (санаи муроҷиат 30 сентябри соли 2024)
  15. Постановление Оргбюро ЦК РКП(б) от 4 июня 1924 г.
    «О национальном размежевании среднеазиатских республик» // Постановления II сессии Всероссийского Центрального Исполнительного Комитета XI созыва. - Москва: Издание ВЦИК, 1924. - С. 206.
  16. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4 октябри соли 2019. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: https://khovar.tj/2019/10/suhanronii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-ba-munosibati-r-zi-zaboni-davlatii-um-urii-to-ikiston/ (санаи муроҷиат 30 сентябри соли 2024)
 
Ходими калони илмии Шӯъбаи
ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
номзади илмҳои  ҳуқуқшиносӣ        Идизода Ф.Ф. 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia