casino malaysia
casino malaysia
Мавлоно ва Рӯдакӣ

wrapper

Поягузори адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дар ҳақиқат ҳам дар саргаҳи назми мардуми мо қарор дорад ва аз чашмаи шеъри оламгири ӯ анқариб тамоми намояндагони адабиётамон об хӯрдаанд. Ин маъниро дар мисоли таҳлили қиёсии баъзе ашъори Рӯдакӣ ва орифи мутасаввиф Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (1207-1273), ки дар мадди аввал аз ҷиҳати фосилаи замонӣ ва мансубияти ҷаҳоншинохтӣ каме аз ҳамдигар дур ба назар мерасанд, метавон ба таври мушаххас собит кард ва дар ин мавзӯъ қаблан муҳаққиқони тоҷик баъзе фикру андешаҳои худро иброз дошта буданд. Аз ҷумла, як мақолаи номзади илми филология К. Саидолимов, ки дар арафаи таҷлили 800-солагии зодрӯзи Мавлонои Румӣ ба чоп расида буд, қобили таъкиди махсус аст. Муаллифи мазкур ду назираи Мавлоноро бар ғазали машҳури Рӯдакӣ «Бӯи ҷуи Мӯлиён ояд ҳаме», ки бо матлаъҳои зайл шурӯъ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода буд:
Бӯи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Ва:
Табъ чизе нав ба нав хоҳад ҳаме,
Чизи нав, навроҳбар хоҳад ҳаме.
Адабиётшинос К. Саидолимов дар асоси ин ашъори Рӯдакию Мавлоно оид ба хусусиятҳои бадеии назми ин ду нобиға, мӯҳтавои таълимоти онҳо ва масъалаҳои дигари ба он марбута баъзе хулосабардориҳо намуда буд, ки ҳамагӣ пояи устувори илмӣ доштанд. Вале ногуфта намонад, ки ба ҷуз ин ду ғазал метавон дар бораи пайравиҳои дигари Мавлоно ба назми Одамушшуаро ҳам ибрози назар кард ва дар чанд сухани поин ба баъзе паҳлӯҳои ин мавзӯъ равшанӣ андохта шуда, нисбати ғазали машҳури фавқуззикри Рӯдакӣ низ чанд ақидае баён гардидааст.Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳалқаи адабие ҳаёт ба сар бурда ва эҷод кардааст, ки намояндагони зиёдро муттаҳид месохт. Аз зумраи онҳо метавон шоири шаҳир ва дӯсти ӯ Абулҳусайни Муродиро (даврони ҳаёташ: асри Х) ном бурд. Абулҳусайн Муҳаммад ибни Муҳаммад, ки бо номи Муродӣ ё  Муродии Бухороӣ машҳур аст, аз шоирони бонуфузи асри Х тоҷику форс буда, дар замони ҳукмронии Сомониён умр ба сар бурдааст. Аз осори ӯ ҳамагӣ ду байт дар забони тоҷикӣ ва нӯҳ байт дар забони арабӣ боқӣ мондааст. Аз ҷумла:
Аз ҳашаму ганҷ чӣ фарёду суд,
Марг кунад бар сари ту тохтан .
Нисбати фавти ин шоири тавоно Одамушшуаро марсияе сурудааст, ки он аз ҷиҳати хусусиятҳои бадеӣ ва истифодаи санъатҳои шеърӣ, ба шаҳодати адабиётшиноси шинохтаи тоҷик А. Сатторзода, аз зумраи беҳтарин чакидаҳои хомаи устод ҳисоб мешавад:
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боз дод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малаке рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фусурд.
Шона набуд ӯ, ки ба мӯйе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фушурд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Қолаби хокӣ сӯйи хоке фиганд,
Ҷону хирад сӯи самовот бурд.
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.
Соф буд омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Дар сафар афтанд ба ҳам, ай азиз,
Марвазию розию румию курд,
Хонаи худ боз равад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтойи бурд?..
Хомӯш кун чун нуқат, эро малак,
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд.
Боиси таъкид аст, ки маҳз ҳамин бадеияти волои марсияи Рӯдакӣ асоси он шудааст, ки шоир ва мутафаккири амиқназари тоҷик Мавлонои Румӣ дар қатори ғазали «Бӯи ҷуи Мӯлиён ояд ҳаме» бар он низ назира навиштааст. Ногуфта намонад, ки пайравӣ бар марсияи Рӯдакӣ дар фавти Муродӣ дар «Девони кабир»-и Мавлоно ду бор мушоҳида мегардад. Бори аввал, чуноне ки мураттибони девони ӯ ҳам қайд кардаанд, Мавлоно ин марсияро ба орият гирифтааст. Дар он Румии мутасаввиф мисраи аввали шеъри Рӯдакиро каме тағйир дода, дар марги пири маънавии худ Саноии Ғазнавӣ (1079/1080-1140/1141), ки ҳанӯз зиёда аз ним аср қаблан фавтида буд, марсия сурудааст:
Гуфт касе: - «Хоҷа Саноӣ бимурд»,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.
Ҳамчунин Мавлоно мисраҳои 8, 16 ва 17-уми марсияи Рӯдакиро ҷузъан тағйир дода, дар марги пири худ гуфтааст, ки чунин садо медиҳанд:
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки заминаш фушурд…
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ
Муғлата гӯем ба ҷонон супурд.
Соф даромехт ба дурдии май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Мисраъҳои 3, 4, 5 ва 6-ум ва ҳамчунин мисраъҳои 9-ум ва 10-уми шеъри поягузори адабиёти классики тоҷикро Мавлоно ба пуррагӣ партофта ё худ ҳазф кардааст. Сабаби ин шояд дар мувофиқат накардани тимсолҳои шеърии Рӯдакӣ ба ҷаҳонбинии сӯфиёнаи Мавлоно бошад, зеро агар аз як тараф ҷонро ҳамчун падар ва танро чун модар шумурдани устод акси таълимоти сӯфия бошад, аз тарафи дигар инсон аз нигоҳи тасаввуф на «они малак», чуноне ки Рӯдакӣ мефармояд, балки, агар шартан бигӯем, «они Ҳақ» аст. Мисраъҳои боқимондаи шеъри мазкури Мавлоно ҳама такрори бетағйири суханони Рӯдакист (вале дар баъзе манбаъҳо ҳусни мақтаи ин ғазал низ оварда шудааст: «Шамс магӯ, мафхари табрезиён, Ҳар кӣ бимурд аз ду ҷаҳон ӯ намурд» ). Ба ҳамин сабаб ин ғазалро, ки дар «Девони кабир» даставвал дар шакли зикршуда омадааст, назира шумурдан чандон дуруст нест ва шояд маҳз ба ҳамин сабабҳо онро мураттибони девон ҳам «ориятӣ» донистаанд. Ба ақидаи мо бошад ин шеър шояд як китобати қаблии Мавлоно, «сиёҳнависи» ӯ барои минбаъд назира навиштан ба марсия буда, мураттибон саҳван онро ба «Девони кабир» дохил кардаанд. Ин маъниро чанд сафҳа поинтар дар девони мазкур омадани ғазали дуюми Мавлоно дар марги Саноӣ, ки комилан ҷавобгӯи қавонини назира буда, пайравӣ ба ҳамон марсияи Рӯдакист, собит месозад.Чуноне ки маълум аст, таълимоти Румӣ беш аз ҳама таҳти таъсири таълимоти тасаввуф ва тариқатҳои ҷудогонаи тасаввуфӣ қарор доштааст. Бархурд бо таъсироти маълуми мутафаккири фавқуззикр Саноӣ ва донишмандони дигари мутасаввиф, аз қабили Фаридуддини Аттор (1119-1230) дар осори Мавлоно ва мавлавиёни дигар аз ин дарак медиҳад. Худи Мавлоно, ба шаҳодати Аҳмади Афлокӣ, гуфтааст: «Ҳар кӣ ба суханони Аттор машғул шавад, аз суханони Ҳаким Саноӣ мустафид шавад ва ба фаҳми каломи мо расад ва ҳар кӣ суханони Саноиро ба ҷид мутолиа орад, бар сирри суханони мо воқиф шавад» . Аз ҷумла, таъсири «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ба «Маснавӣ» хеле назаррас буда, андешаҳои ирфонӣ ва ривоятҳои мардумӣ дар ҳар ду асар мавқеи муҳим доранд. Ин таъсир махсусан дар масъалаи зидҳо, таъвили Қуръон, чор унсур, ташаккул ва таҳаввули инсон, инкор ҳамчун принсипи ҳастӣ, инкишоф дар табиат, тафаккури мантиқӣ, зиддияти маърифати ҳиссӣ ва ақлонӣ,  баробарии динҳо ва ғайра бештар аст. Ба ҳамин тариқ, марсияи Мавлоно дар сӯгвории Саноӣ дар чунин шаклу муҳтавост:
Гуфт касе: «Хоҷа Саноӣ бимурд»,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.
Қолаби хокӣ ба замин боз дод,
Рӯҳи табиӣ ба фалак во супурд.
Моҳи вуҷудаш зи ғуборе бираст,
Оби Ҳаёташ бадар омад зи дуд.
Партави хуршед ҷудо шуд зи тан,
Ҳар чӣ зи хуршед ҷудо шуд, фусурд.
Софии ангур ба майхона рафт,
Чун–к аҷал хӯшаи танро фушурд.
Шуд ҳамагӣ ҷон масали офтоб,
Ҷоншударо мурда набояд шумурд.
Мағзи ту нағз аст, магар пӯст мурд,
Мағз намирад, магараш дӯст бурд.
Пӯст биҳил, даст дар он мағз зан,
Ё бишунав қиссаи он турку курд.
Курд пайи дуздии анбони турк
Хирқа бипӯшиду сару мӯ сутурд .
Дар ин шакл ғазали Мавлоно, аввалан, чуноне ки болотар қайд шуд, назираи комил аст ва дар он танҳо мисраи дуюми шеъри Рӯдакӣ айнан омадааст. Сониян, дар асоси таҳлили қиёсии ин ғазал бо марсияи Рӯдакӣ метавон дар бораи баъзе умумият ва фарқиятҳои ашъори ин ду шоир сухан кард. Аз ҷумла, дар баёни «ҷони гиромӣ» ва «колбади тира» аз ҷониби Рӯдакӣ ва «рӯҳи табиӣ» ва «қолаби хокӣ» аз тарафи Мавлоно ва дар истифода аз тимсолҳои «об» аз ҷониби шоири аввал ва «оби ҳаёт» аз тарафи шоири сонӣ ҳамоҳангии анқариб пурраи маънавӣ байни ҳар ду ба назар мерасад. Ба само рафтани ҷон ва аз тан ҷудо шудани партави хуршед ва софии дурди май ва софии ангӯр ҳам дар баёни Рӯдакию Мавлоно тахминан ҳаммаънии якдигаранд.
Дар марсияи Рӯдакӣ аз «марвазӣ, розӣ, румӣ ва курд» ёд мешавад, Мавлонои Румӣ аз муҳити қавмию фарҳангии ба худ наздиктар – «турку курд» сухан мегӯяд. Ҷиҳати комилан фарқкунандаи ин шеъри Мавлоно аз марсияи Рӯдакӣ бошад, дар он зуҳур меёбад, ки ин мутафаккири мутасаввиф дар асоси таълимоти маъмули сӯфия инсони комил - «ҷоншуда» ва рӯҳи инсонӣ – «мағз»-ро намиранда ҳисобидааст.Умуман таҳлили қиёсии пайравии Мавлоно ба марсияи Рӯдакӣ дар фавти Муродӣ собит месозад, ки поягузори адабиёти форсу тоҷик агарчӣ аз ҷиҳати ақидатӣ ба ин намояндаи тасаввуф таъсири бевосита надорад, вале аз ҷиҳати бадеият ва санъати шеърӣ ба ӯ ва даҳҳо намояндагони дигари амсоли ӯ аз аҳли сӯфия таъсири назаррас гузоштааст. Як ғазали дигари Мавлоно низ, ки бешак таҳти таъсири марсияи фавқуззикри Рӯдакӣ қарор дорад, ин маъниро комилан собит месозад. Ин ғазал ҳам шартан назира буда, агарчӣ аз ҷиҳати муҳтаво аз ғазали марсияи Оламушшуаро нисбатан дур аст, вале тимсолу образҳои шеърии бар он қарин хеле зиёд дорад:
Шаҳр пур шуд, лӯлиёни ақлдузд,
Ҳам бидуздад, ҳам бихоҳад дастмузд.
Ҳар кӣ битвонад нигаҳ дорад хирад,
Ман натонистам, маро боре бибурд.
Гирди ман мегашт як лӯлӣ парер,
Ҳамчунонам бурд, куллӣ курду мурд.
Кард лӯлӣ дасти худ дар хуни ман,
Хуни ман дар дасти он лӯлӣ фусурд.
То ки май шуд хуни ман ангурвор,
Солҳо ангури дилро мефушурд.
Курд дидам, к-ӯ кунад дуздиву лек
Курди моро бин, чӣ ӯ дуздид курд.
Кай гумон дорад, ки ӯ дуздӣ кунад,
Хоса шаҳ сӯфӣ шуд, омад мӯ сутурд.
Дузди хунӣ бин, ки ҳар касро, ки кушт,
Хизру Илёсе шуду ҳаргиз намурд.
Рахт бурду бахт дод, он гаҳ чӣ бахт
Сим бурду домани пурзар шумурд!
Дардҳову дурдҳоро соф кард,
Пеши ӯ оред ҳар ҷо ҳаст дурд.
Ин ҷаҳон чашм асту ӯ чун мардумак,
Танг меояд ҷаҳон з-ин марди хурд.
Боз рашки Ҳақ даҳонам қуфл кард,
Шуд калиду қуфлро ҷойе супурд .
Мавлоно, чуноне ки дар ибтидо қайд намудем, дар пайравӣ ба ғазали машҳури Рӯдакӣ («Бӯи ҷуи Мӯлиён ояд ҳаме») низ ду шеър эҷод кардааст. Шеъри аввали ӯро, ки баъд аз матлаъ чунин идома меёбад, метавон танҳо шартан назира номид:
…Сирри нав хоҳӣ, ки то хандон шавад,
Сар ду гӯши сиршунав хоҳад ҳаме.
Ҷони покон толиби кони зар аст,
Ҷони ҳайвон коҳу ҷав хоҳад ҳаме.
Гуфта мастон: Соқиё, ҳал мин мазид,
Соқӣ аз мастон гарав хоҳад ҳаме.
Рав ба сар чун сел то баҳри ҳаёт,
Чун кану кон обҷӯ хоҳад ҳаме.
Шеъри дуюми Мавлоно бошад, ба пуррагӣ назира аст ва баъзе абёти он, ки дар чунин шакл садо медиҳанд, ин маъниро собит месозанд:
Аз нисори ҷавҳари ёрам маро
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хор зор,
Нармтар аз парниён ояд ҳаме.
Чуноне ки аз ин абёт ва матлаъи ғазал маълум мегардад, таъбирҳои Рӯдакӣ «бӯи ҷӯйи Мӯлиён», «рег» - «парниён», «хинги моро то миён» аз ҷониби Мавлоно дар шакли «бӯи ёри меҳрубон», «хор» - «парниён», «оби дарё то миён» истифода шудаанд. Вале идомаи ғазали Мавлоно комилан дар мавзӯъҳои сӯфиёна буда, моҳияти асосии таълимоти тасаввуфии ин мутафаккирро инъикос кардааст. Аз ин рӯ мавзӯи ишқ, дӯст, ломакону бенишон ва амсоли он дар саропои ин назира мавқеи асосӣ дошта, бо мавзӯи дар марсияи Рӯдакӣ мунъакисшуда иртиботи камтаре дорад:
Аз чунин наҷҷор, яъне, ишқи ӯ,
Нардбони осмон ояд ҳаме…
З-он дару деворҳои кӯи дӯст,
Ошиқонро бӯи ҷон ояд ҳаме…
Ҳар кӣ мирад пеши ҳусни рӯи дӯст,
Нобимурда дар ҷинон ояд ҳаме…
Ин ҳама рамз асту мақсуд ин бувад,
К-он ҷаҳон андар ҷаҳон ояд ҳаме.
Ҳамчу рӯған дар миёни ҷони шир,
Ломакон андар макон ояд ҳаме.
Ҳамчу ақл андар миёни хуну пӯст,
Бенишон андар нишон ояд ҳаме.
В-аз варои ишқи он кас шарҳ нест,
Ҷуз ҳамин гуфтан, ки он ояд ҳаме…
Дар асоси таҳлили марсияи Рӯдакӣ дар фавти Муродӣ ва назираи Мавлоно бар шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» ҳамчунин метавон ба як нуктаи дигаре дар бораи матлаъи ин ғазали охирӣ низ равшанӣ андохт. Чуноне ки маълум аст, баъзе адабиётшиносон баҳсҳо намуда, собит карданӣ мешаванд, ки ғазали Рӯдакӣ мантиқан бояд бо таъбири «боди ҷӯи Мӯлиён» шурӯъ гашта бошад, на «бӯи ҷӯи Мӯлиён», зеро, ба ақидаи онҳо, ҷӯй ба маънии мусбаташ бод дорад, на ин ки бӯй. Шояд аз ҷиҳати хӯрдагирӣ ба маънӣ ин амр то андозае дуруст бошад, вале дар ҳақиқати ҳол ин шеърро Рӯдакӣ чӣ гуна сурудааст, масъалаи дигар аст. Агар аз ҷониби Мавлоно анқариб ҳаштсад сол муқаддам ба шакли «бӯи» хондани оғози ин мисраъ (Мавлоно, чуноне ки мебинем, дар назираи худ ду дафъа «бӯй» гуфтааст: «бӯи боғу гулситон», «бӯи ёри меҳрубон») як далел бар он бошад, ки худ Рӯдакӣ ҳам «бӯи ҷӯи…» гуфтааст, далели дигаре истифода аз ҳамоҳангии калимаҳои «бӯй» ва «ҷӯй» паиҳам, дар дохили як ибора аз ҷониби Одамушшуаро бармеояд. Оғози марсия дар фавти Муродӣ («мурд Муродӣ») ҳам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бо чунин ибораҳои ҳамоҳангу ҳамқофия шурӯъ кардани ашъор барои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хос буда аст.
Боиси тазаккур аст, ки донишманди машҳури эронӣ Саиди Нафисӣ дар қатори марсияи фавқуззикр ва ғазал дар васфи Мӯлиён, ҳамчунин дар бораи се ғазали дигари Мавлоно дар пайравии ашъору абёти Рӯдакӣ сухан гуфтааст, ки инҳоянд: «Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд», «Маро ақиқи ту бошад, шакар чӣ суд кунад?» ва «Ҳама ҷамоли ту бинам, чу чашм боз кунам».
Ба ҳамин тариқ, дар асоси қиёси ашъори Мавлоно бо абёти боқимондаи Рӯдакӣ метавон бори дигар таъкид кард, ки устод на танҳо шеъри классикии тоҷику форсро асос гузошт, балки дар таърихи ҳазору яксаду панҷоҳсолаи сабки хуросонии ин назми оламгир чунон таъсироти бузурге гузошт, ки то ҳол ҳам онро метавон дар эҷодиёти шоирони намояндаи мактабҳои гуногуни фикрию бадеӣ мушоҳида кард. Ҳама ин гувоҳи равшани бегазандии эҷодиёти Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин ҷаҳони «оин-ш гирдгардон» аст.
 
 
Хуршед Зиёӣ доктори илмҳои фалсафа,
профессор, муовини директори 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia