casino malaysia
casino malaysia
Умре дар хидмати фалсафаи тоҷик

wrapper

Шарипов Абдуғафор 16 сентябри соли 1945 дар деҳаи Ҷорди ноҳияи Қалъаи Хуми (ҳоло ноҳияи Дарвоз)-и ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз соли 1952 то соли 1959 дар мактаби ҳафтослаи № 7 ба номи Ҷ.Ҷабаев ва аз соли 1959 то соли 1962 дар интернати назди мактаби миёнаи № 1-и шаҳраки Қалъаи Хум таҳсилро идома додааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1962 ба Факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1967 хатм намудааст.
Баъди хатми Донишгоҳ паз аз сӯҳбату санҷиш фаъолияти кориро дар шуъбаи КМ ИҶКЛ (ЛКСМ) ба ҳайси лектор фаъолияти кориашонро оғоз намудаанд. Соли 1970 ба аспирантураи Шуъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон дохил шуда, баъди якунимсоли таҳсил бемор шудаанд ва ноилоҷ таҳсилро қатъ намуда, муддате чанд дар мактаби № 77 ш.Душанбе аз фанни таърих дарс гуфтаанд.
Аз аввали соли 1974 ба идораи навтаъсиси Энсиклопедияи советии тоҷик бо пешниҳоди устод Ғафор Ашуроф ба редаксияи фалсафа ва ҳуқуқ ба кор шуруъ кардаанд. Чор ҷилди аввали ЭСТ бо иштироку кори эшон аз чоп баромад, бисёр мақолаҳои ҷилдҳои баъдина омодаи чоп буданд. Барои кори пурмаҳсул ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ (с.1978) ва чанд даъфа сазовори сипосномаҳо гаштаанд. Ба иловаи таҳрир, тарҷума ва таҳияи мақолаҳо барои ҷилдҳои мухталифи ЭСТ беш аз 20 мақолаашон дар ҷилдҳои ЭСТ чоп шудааст.
Аввали соли 1980, дар арафаи ҷашни 1000 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино фаъолиятро дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудаанд. Дар таҳия, таҳриру тасҳехи Осори мунтахаби мутафаккир иштироки фаъолона доштаанд. Соли 2002 дар якҷоягӣ бо А.Муҳаммадхоҷаев мақолоти солҳои 1990 таълифшудаи кормандони шуъбаи мазкурро ҷамъоварӣ, таҳия ва таҳрир намуда, бо номи «Баррасиҳо аз таърихи фалсафаи тоҷикук форс» ба чоп расондаанд. Дар ин ҷилд 4 мақолаи эшон («Ҳикмати ақлонии Кашфи Буруҷардӣ», «Мутафаккири сайёҳ Зайнулобуддини Шервонӣ», «Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Ҳозиқ», «Тараққии ҷомеа аз диди Малкумхон») низ чоп шудаанд. Дар ҳамин давра мақолаҳои «Муносибати Абубакри Розӣ ба дин», «Нигоҳе ба фалсафаи аҳди Сосониён», «Муборизаи идеявии замони Борбад» (ҳарсе ба забони русӣ), «Масоили ватанпарварӣ дар таълифоти Мирзо Сироҷи Ҳаким», «Чанд сухан аз мантиқи Ибни Сино», «Пири ҳакимон», «Машриқзамин (дар бораи Бузургмеҳри Бахтакон) ва ғайра дар маҷаллаю рӯзномаҳо дастраси хонандагон гаштанд. Муҳаррири масъули ҷилдҳои 2 ва 4-и «Асарҳои мунтахаб»-и Ибни Сино будаанд. Дар якҷоягӣ бо М.Диноршоев ҷилди «Осори мунтахаби фалсафӣ» (ба забони русӣ)-и Ибни Синоро таҳриру тасҳех намуда, соли 1980 дар Маскав чоп намудаанд. Охири солҳои 1980-1990-и асри гузашта дар якҷоягӣ бо М.Диноршоев ва К.Олимов лоиҳаи мукамали «Таърихи фалсафаи тоҷик аз қадим то ибтидои асри ХХ»-ро таҳия намудаанд ва бо саъю кӯшиши академик К.Олимов 3 ҷилди «Таърихи фалсафаи тоҷик» (ба забони русӣ) аз чоп баромад. Дар ин ҷилдҳо устод таҳияю таҳрири маводу мақолотро ба ӯҳда доштаанд ва ин нашр дар берун аз ҷумҳурӣ (Россия, ШМА) сазовори баҳои баланд гашт. Ҳамин тавр солҳои 2011-2021 «Таърихи фалсафаи тоҷик» ба забони тоҷикӣ дар 5 ҷилд (Ҳафт китоб) аввалин тадқиқоти мукамал дастраси мутахассисон ва доираи васеи хонандагон  гардид. Дар ин китоби 5 ҷилда беш аз 10 мақолаи устод ба чоп расидааст ва дар як вақт муҳаррири ин “Осор” мебошанд.
Соли 2005 бахшида ба 1025-солагии мутафаккири бузурги тоҷик, файласуф, табибу адиби маъруф Абуалӣ ибни Сино конфронси ҷумҳуриявӣ гузашт ва ба ҳамин муносибат бо пешниҳод ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ, таҳия, тарҷумаю таҳрир ва нашри тамоми осори дастраси Ибни Сино ба забони русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Устод Шарипов Абдуғаффор котиби масъули табъу нашри «Осори» Ибни Сино таъин шуданд. Бо кӯшиши ҳамаҷонибаи кормандони Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ тарҷума ва таҳияи “Осор”-и Шайхурраис идома дорад. Устод, аксари рисолаҳои тарҷумашудаи ҷилдҳоро (ба забони тоҷикӣ ва русӣ) хонда, таҳрир кардаанд. Муҳарири масъули ҷилдҳои 4 ва 6 Осори Ибни Сино ва ҳаммуаллифи мақолаи муқаддимавии ҷилди 6 Осор «Мантиқи «Шифо» зинаи нави инкишофи илми мантиқ» (ба забони тоҷикӣ ва русӣ) мебошанд.
Ҳар чанд устод худ рисолаҳои илмӣ ҳимоя накарда бошанд ҳам, аммо солҳои кор дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ баъзе рисолаҳои докторию номзадии муҳаққ хонда таҳриру тасҳеҳ намудаанд ва имрӯз онҳо соҳиби диплому унвонҳои илмианд.
Дар рафти тайёрӣ ба ҷашни бузургдошти Носири Хусрав (с.2003) ва Хоҷа Аҳрор (с.2006) якҷоя бо профессор А.Муҳаммадхоҷаев ба ин таълифот муқаддима навишта, таҳрир ва масъулияти чопи осори ин мутафаккиронро ба ӯҳда доштанд. Солҳои кор дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ таълифоти зиёди устодон ва ҳамкасбонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳрир ва барои чоп омода намудаанд. Дар ин шумор китобҳои  Ғ.Ашуров «Фалсафаи замони Сомониён» (Душанбе, 2006, ба забони русӣ),  Методология ва назарияи ваҳдати миллӣ  (Душанбе, 2007, ба забони тоҷикӣ), А.Шамолов «Аҳвол, осор ва афкори Имоми Аъзам» (Душанбе, 2009, ба забони тоҷикӣ), М.Диноршоев “Суннатҳои ақлонӣ дар ислом”, тарҷумаи “Зод-ул-мусофирин” (соли 2010, ба забони русӣ), “Асосҳои фалсафаи исломӣ”, И.Шарипов «Ташаккули давлатдории тоҷик» (Душанбе, 2013, ба забони русӣ), Н.Сайфуллоев «Мантиқ» (Душанбе, 2013, ба забони тоҷикӣ), М.Раҳимов «Фалсафаи инсон» (Душанбе, 2018, ба забони русӣ), Х.Шарифов «Масъалаҳои назарии наср дар мероси тоҷику форс» (Душанбе, 2020), “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, А.Маҳмадов «Инсон, ҷомеа, воқеият» (Душанбе, 1918), ва ғайраро номбар кардан мумкин аст.
Аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ устоди азиз, дорои тамоми хислатҳо буда, барои мо шогирдон як мактаберо мемонанд, ки дар доираи фалсафа ва таърихи он мисли эшон донишмандон каманд.
Имрӯзҳо устоди азиз, паи пажӯҳиши фалсафаи асри ХХ ва давраи истиқлол, инчунин, тарҷума, таҳрир ва табъи қисматҳои боқимондаи Осори Шайхурраис Ибни Сино мебошанд. Мо ба устод дар кору пажӯҳишҳои илмиашон барор мехоҳем:
Ҷуз ин дуот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
 
Рамазониён Аҳтам
Маҳмадуллоева Насиба

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia