casino malaysia
casino malaysia
Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ ва нақши ӯ дар рушди фалсафаи муосири тоҷик

wrapper

Осимӣ Муҳаммад Сайфиддинович - 01.09.1920 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, таърихи 15.08.1996 дар шаҳри Душанбе чашм аз олам пӯшидааст. Файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1971), профессор (1971), узви вобастаи Академияи илмҳои шӯравӣ (1974), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии шуравии  сотсиалистии Тоҷикистон (1965), Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон (1978) ва аз соли 1945 аъзои ҳизби коммунист буд.

Солҳои 1934-1937 дар фабрикаи коргарии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соли 1941 шуъбаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоии шаҳри Самарқандро хатм намуда, дар солҳои ҶБВ муддати шаш сол дар сафи артиши шуравӣ хидмат кардааст (1941-1946).

Солҳои 1946-1952 дар Донишкадаи давлати омӯзгории Ленинобод (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров) дар вазифаҳои гуногун: муаллими калон, мудири кафедраи физика, муовини ректори донишкада оид ба корҳои илмию таълимӣ кор кардааст. Солҳои 1952-1955 аспирант (унвонҷӯ)-и илмҳои иҷтимоии Академияи назди Кумитаи марказии ҳизби коммунист буд. Солҳои 1956-1962 ба ҳайси ректори Донишкадаи техникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ) ифои вазифа намудааст. Аз моҳи феврал то ноябри соли 1962 вазири маорифи Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1962-1965 ба ҳайси раиси Кумитаи назорати ҳизбии давлатӣ, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва муовини раиси Шурои вазирони Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 1965-1988 Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон буд. Аз соли 1968 аъзои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1989 то дами вопасини ҳаёт вазифаи  раиси Анҷумани робитаҳои фарҳангии форсизабонони ҷаҳонро ба уҳда дошт.

 Самти фаъолияти илмии муҳаққиқ гуногунпаҳлу буда, бавижа доир  ба масоили фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафаи марксистиву ленинӣ, таърихи илм ва таърихи фарҳангу адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёди илмӣ ва таҳқиқотҳои бунёдӣ таълиф кардааст. Хусусан, ӯ баъзе мушкилоти фалсафии физикаи муосирро дар заминаи омӯзиши таърихи такомули мафҳуми материя (ҷисм-истилоҳи фалсафӣ) таҳқиқ кардааст.

Файласуф дар таълифоти худ тавъам бо таҳқиқи қонунҳои рушди таърихи фалсафа, раванди ташаккул ва такомули афкори илмию фалсафии халқҳои шарқро таҳлилу баррасӣ намуда, натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ба даст овардааст. Аз ҷумла, бо далелҳои илмӣ собит кард, ки дар Шарқ мактаби атомистикаи материалистӣ вуҷуд доштааст ва равобити фарҳангии байни халқҳои Шарқу Ғарб аз қадим оғоз гардида, марҳила ба марҳила таҳаввул ёфтааст. Илова бар ин, М.Осимӣ масоилеро мавриди таҳқиқ қарор дода, ки ба алоқаи илму ҷамъият, илму истеҳсолот, мақоми таърихии баъзе бузургони илму адаби форсу тоҷик, методологияи танқиди антикоммунизм (муқобили коммунизм) ва «советология (шуравишиносӣ) марбутанд.

Ҷанбаи дигари фаъолияти илмӣ-таълимии донишманди воқеъназарро тарҷума ва таҳияи китобҳои дарсӣ доир ба фанҳои риёзию табиӣ, илмҳои фалсафӣ дар бар гирифта, бо ин васила дар таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо китобҳои дарсии соҳавӣ, ташаккулу таҳаввули истилоҳоти илмӣ ба забони тоҷикӣ саҳми бузург гузоштааст.

Устод М.Осимӣ пуштибони фарҳанги миллӣ, суханварону донишмандони тоҷик,  ҳимоятгари арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи ҳукмронии идеологияи шӯравӣ маҳсуб меёфтанд. Маҳз ба ташаббуси бевоситаи мавсуф  муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар замони шуравӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе қомат рост кард. Ҳол он ки сарвари онвақтаи шуравӣ Л.И.Бережнев бо кӯшиши роҳбарони онвақтаи ӯзбекистонӣ Ибни Синоро «фарзанди бузурги халқи ӯзбек» эълон карда буд.

 М.Осимӣ охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Дар баробари машѓул шудан ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ, инчунин М.Осимӣ аз зумраи сиёсатмадорони варзидаи давраи шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ба сифати вакили анҷумани XXIV, XXV ва XXVI ҳизби коммунистии шуравӣ, вакили Шурои олии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати 6), вакили Шурои олии шӯравӣ (даъватҳои 7-11), аъзои Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон (аз соли 1962) барои рушди кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти илму маорифи ҷумҳурӣ хизмати шоёне намуданд. Баъдан, хизматҳои мондагори М.Осимӣ ба эътибор гирифта шуда, бо 2 нишони Ленин, 2 нишони Байрақи сурхи меҳнат, нишони Инқилоби Октябр, нишони Ҷанги Ватанӣ, нишони «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», медал ва Ифтихорномаи Шурои олии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Соли 1980 ба мукофоти байналмилалии Ҷавоҳирлол Неҳру сазовор шудааст.

Рӯзи 29.07.1996 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби душманони пастфитрати миллат, хиёнатпешагони заҳҳоксиришт ба таври фоҷиавӣ кушта шуд, вале номи неки ӯ абадзинда аст, дар лавҳи хотираҳо боқӣ мемонад. Корҳои мондагораш рӯшаникунандаи як саҳифаи таърихи миллат маҳсуб меёбанд. Соли 1997 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ин абармард гузоштани номи Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон худ аз чеҳраи мондагори замони муосири миллат будани Муҳаммад Осимӣ гувоҳӣ медиҳад.

Таълифоти муаллиф «Нахустдорулфунуни мо. - Сталинобод, 1961»; «Материя ва тасвири физикии олам”. - Д., 1966; «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ”. - Д.,1970; «Амир Хусрави Деҳлавӣ”. - Д., 1976; «Исследование этнической истории древней Центральной Азии в советской науке”.-Д.,1977; «Материализми диалектикӣ”; “Материализми таърихӣ” ва ғайра  арзиши баланди илмиро доро буда, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули тафаккури фалсафӣ нақши бориз гузоштанд ва имрӯз низ мегузоранд.

Ҳамзамон, ин дастовардҳои арзишманд имрӯз барои зина ба зина ташаккул ёфтани донишҳои фалсафӣ ва рушд кардани мактаби фалсафаи муосири тоҷик ба сифати манбаи муътамад хизмат менамоянд. Чунки китобҳои фалсафии таълифкардаи ӯ мазмунан ва мантиқан бо далелҳои эътимоднок асоснокшуда, бо забони фаҳмо ва равон навишташуда мебошанд.

 

            Самиев Бобоҷон - и.в. мудири шуъбаи фалсафаи

фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

        ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia