casino malaysia
casino malaysia
Роғун - корзори фидокориҳо ва ҳаёту мамот

wrapper

Инак, чархаҳои аввалини Роғун ба чархидан шурӯъ мекунад. Барқи гаронбаҳои деринтизори он ба рагу пайи кишвар нерӯи тоза эҳдо намуд. Нерӯ барои ҷаҳидан ва барои иҷрои он ҳадафҳои бузурге, ки мо дар оянда барои хеш тарҳрезӣ кардаем. Дар ҳақиқат, ин даврони таърихӣ, аёми шодию нишот ва сарбаландии мост.
Воқеаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда аз хотири насли имрӯз ба зудӣ фаромӯш намешаванд ва таъсири онҳо давраҳои баъдӣ низ ба ҳаёти мо нақши шуми хешро боқӣ гузоштааст. Ҷанг, бесарусомонӣ дар иқтисод, камбуди барқ. Вақте бо гузашти хамагӣ ду-се соат чароғҳо то ба шабонарӯзи дигар комилан хомӯш мешуданд, вақте шабонгоҳон тамоми кӯчаю хиёбонҳо, хонаю маҳаллаҳо дар шаҳру деҳот ба коми зулмат фурӯ мерафтанд, гӯё ҳаёт дар ин фосилаҳо қатъ мешуд, набзи зиндагӣ аз задан мемонд. Ҳамасола тирамоху зимистон мардуми мо дар ҳамин аҳвол буданд. Корхонаҳои саноатӣ фаъодият намекарданд, тамоми бахшҳои рӯзгор, ки корашон вобастаи барқ буд, ҳолати шадиди бӯҳрониро аз cap мегузаронданд. Мо ҳамон шабу рӯзҳо амиқан дарк кардем, дар таҷрибаи худ дидем, ки барқ воқеан ҳам нони иқтисод, нерӯ барои пойдорӣ ва зистан будааст.
Шумо ба умқи воқеоту рӯйдодҳои ҷаҳон таҳаммул кунед. Қӯшиши ба даст овардани манбаъҳои нерӯ, ҳатто сабаби ҷангу мухолифатҳои байнидавлатӣ гардидааст. Реша ҳамаи он ҷангу забткориҳое, ки давоми асрҳои XIX ва XX воқеъ шудаанд, сари масьалаи тасарруфи манбаъҳои нерӯ қарор гирифтааст. Дар асри мо низ ин талош аз назарҳо пинҳон нест, гарчанде бо ниқобу баҳонаҳои мухталиф рӯйпӯш мешавад. Чаро маҳз Ироқ ҳадафи ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифт? Чаро Либия? Магар ғайри ин давлатҳо, дар дунё дигар режимҳои мустабид набуданд? Иттиҳоди Аврупо наздиктарин ёру ёвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Дар ҷодаи байналмилалӣ маъмулан ҳама икдомоти ИМА-ро ҷонибдорию пайравӣ мекунад. Аммо ба лиҳози нерӯ, ба хусус газ вобастаи воридот аз Русия аст. Ҳамин вобастагӣ вайро маҷбур месозад, ки дар муносибат бо ин давлат эҳтиёткор бошад ва дар тачдиди равобит гоҳе аз хати кашидаи Амрико cap бипечад. Эхтиёҷ ба нерӯ Ҷопонро водор мекунад, ки танкерҳои нафткашаш мудом, шабу рӯз дар ҳаракат бошанд ва ба хотире, ки иқтисоди мутараққиаш аз чархидан бознаистад, бетанаффус аз он сӯи қитъа барояш маводи сӯхт бикашонанд.
Ҳамин тавр, дар шароити имрӯза давлатҳое, ки аз манбаъҳои нерӯ танқисӣ надоранд, чи об бошаду чӣ нафту газ ва чй нерӯи ҳастаӣ, барои пешрафт ва бунёди як иқтисоди модерну муосир соҳиб ба заминаи қавӣ ҳастанд. Онҳо дар фароҳам овардани зиндагии серу пур ва осудаҳолонаи шаҳрвандонашон имкониятҳои бештар доранд.
Хушбахтона, мо аз ҳеҷ манбаи нерӯ бенасиб нестем. Ҳам об, ҳам захираҳои фаровони нафту газ дар қаъри заминамон дорем, ки дар сурати мавриди истифода қарор гирифтанашон боис ба таҳаввулоти инқилобӣ дар ҳаёти кишвар хоҳанд шуд, ҳам уран, хам офтоби пурсаховат, хам шамол-хулоса мо дар рӯйи ганҷ хобидаем.
Аммо махсусан захираҳои нерӯи обиамон дар ҷаҳон нодир ва беҳисобанд. Об, бархилофи нафту газ ва дигар манбаъҳои нерӯ, ҳаворо олуда намесозад, бинобар ҳамин, энергетикаи обиро «энергетикаи сабз» гуфтаанду рушди он ба саломатии инсон ва рӯзгори осудаҳолонаи сокинони сайёра хатар эҷод намекунад. Бартариҳои дигари нерӯи обӣ дар арзон афтидан ва таҷдидшаванда будани манбаъҳои он аст.
Ба ҳамин тариқа, кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои истиқлолият расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи хеш қарор дода, тамоми қувваю имконотро, пеш аз хама, ба рушди энергетикаи обӣ равона намуд.
Ба миён гузошта шудани чаҳор ҳадафи стратегии рушд аз ҷониби Пешвои миллат дар солҳои аввали соҳибистиқлолию дар саргаҳи он қарор до дани истиқлолияти энергетикӣ танҳо бо тақозои зарурати ҳаётии он рӯзҳо набуд, гарчанде барои пур кардани танқисии барқ атрофи аз Қазоқистону Туркманистон интиқол додани он гуфтугӯҳое ба вуќўъ пайваста буданд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар асл ҳам ҳадафи стратеги буд, барои он, ки заминаи рушди оянда пайдо шавад, то он нақшаву ҳадафҳоеро, ки имрӯз дорем, бо дилпурӣ матраҳ карда тавонем. Вагарна, имрӯз дар бероҳа мемондем. Ана, ҳамин аст яке аз нишонаҳои айнии хирадмандии бузурги Пешвои миллатамон.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, рушди иқтисодии кишвар ба ҳамин самт равона хоҳад шуд, яъне, пешрафти афзалиятноки саноату инноватсия, технологияҳои муосир. То охири давраи муайяншуда ҳиссаи саноат дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо рақами аз ҳама бештарро ташкил хоҳад дод.
Тоҷикистон - кишвари саноатӣ. Тоҷикистони индустриалй. Замоне ин фикрро мо, ҳатто дар сарамон ҳам ҷой намедодем. Бо кишварҳои пешрафта сабқат карданро хобу хаёл медонистем. Вале саноатикунонии Тоҷикистон аллакай дар нақшаҳои наздикамон шаклу шамоили воқеӣ гирифтааст, ки албатта, натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи иқтисодию иҷтимоии Сарвари давлатамон зимни солҳои сипаришуда мебошад.
Ҷиҳати ба ин мақсадхои бузург ноил гардидан мо бояд энергетикаи обиамонро собитқадамона рушд диҳем, ки барояш, тавре дар боло ишора рафт, имкониятҳои нодир дорем. Дар Тоҷикистон 985 рӯд ҷорист, ки дарозии умумиашон 28500 километрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми тавоноии энергетикӣ дар онҳо солона 527 миллиард киловатт/соат аст, ки ҳоло ҳиссаи ночизе аз ин иқтидор (10 дарсад ҳам не) мавриди истифода қарор дорад. Дар Осиёи Марказй 26,4 дарсади тавоноиҳои обии нерӯ ба Қиргизистон, 14,5 дарсад ба Ӯзбекистон, 4,3 дарсад ба Туркманистон ва 56 дарсади боқимонда ба Тоҷикистон мансубанд. Аз ин ҷиҳат мамлакати мо дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳинд ва Канада ҷои ҳаштумро мегирад. Бо ҳисоби ҳар нафар сокин бошад, дуюм ва бо масоҳат якум дар сайёра ҳастем.
Ҳоло 16 дарсади нерӯро дар ҷаҳон иншооти обӣ тавлид мекунанд, ки Чин, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Австрия, Зеландияи Нав, Швейтсария, Венесуэла аз ин ҷиҳат пешсафанд.
Бунёди нахустин нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон соли 1936 сурат гирифт ва он дар рӯди Варзоб, «Варзоб-1» буд. То соли 1952 дар маҷрои ин рӯд боз ду нерӯгоҳи дигар-«Варзоб-2» ва «Варзоб-3» ба истифода дода шуданд. Соли 1956 дар Қайроққум нерӯгоҳи «Дӯстии халқҳо» огоз ба кор кард. Соли 1972 нерӯгоҳи азими «Норак» тавлиди барқро шуруъ намуд, ки иқтидораш 2 ҳазору 600 мегаватт аст. Соли 1985 нерӯгоҳи «Бойғозӣ» бо иқтидори 600 мегаватт ба истифода дода шуд.
Давоми 70 соли Шӯравӣ мо ба истифодаи ҳамин қадар тавоноиҳои энергетикаи обиамон муваффақ гардидему баъди истиқлолият аз сабаби канда шудани робитаҳои иқтисодии миёни ҷумҳуриҳо бо танқисии шадиди нерӯи барқ, дар айёми камшавиҳои зимистонаи оби дарёҳо рӯ ба рӯ омадем.
Вазъияти ба миёномада роҳбарияти кишвар, Президента мамлакатамон, сиёсатмадори окилу фидокор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки бунёди нерӯгоҳҳои навбатии обӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз вазифаҳои умдаи давлату ҷомеаамон қарор бидиҳанд.
Муддати зиёде нагузаштааст, вале мо илова ба иншооти мавҷуда, аллакай нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1»-ро бо иқтидори 670 мегаватт, «Сангтӯда-2»-ро бо иқтидори 220 мегаватт дорем, маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт бунёд, нерӯгоҳҳои «Норак»-у «Дӯстии халқҳо»-ро тачдид карда истодаем. Зимни солҳои соҳибистиқлолӣ бобати бунёди зерсохтори шабакахои барқ низ хеле корҳои бузург анҷом до да шудаанду дар минтақаҳои гуногун боз 300 нерӯгоҳи хурди барқӣ оғоз ба кор кардаанд. Умуман, беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳҳои нав ба кор пардохтаанд, ки ин андак нест. Ҳоло истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар мо 55 миллион квт/с- ро ташкил медиҳад.
Акнун бунёди хати баландшиддати барқи «CASA-1000» шурўъ шудааст, ки нерӯи барзиёди тобистонаи барқро дар Қирғизистону Тоҷикистон (бештар Тоҷикистон) ба Покистону Афгонистон интиқол медиҳад.
Нерӯи барқ метавонад муҳимтарин моли содиротии мо гардад, ба шарте суръати сохтмони нерӯгоҳҳои обиро суст накунем, балки ривоҷи бештарашон диҳем, ин корро ба як унсури калидии иқтисодамон мубаддал созем. Аз ин ба рушди саноаг. дигар бахшҳои иқтисод зиёне намёрасид, чун имкониятҳо фаровонанд. Тоҷикистони ҷанубӣ бо рӯдҳои Вахшу Панҷ 62 дарсади захираҳои гидроэнергетикиро дар хеш гунҷоиш додааст. Бадахшон-27 дарсад, шимоли кишвар-11 дарсад.
Дар маҷрои Вахш ба ҷуз иншооти маълум, боз бунёди нерӯгоҳҳои Сичарог (420 ҳазор квт/с), Шӯроб (900 ҳазор квт/с) дар назар дошта шудааст. Дар маҷрои Панҷ 14 нерӯгоҳ, ки иқтидорашон аз 300 ҳазор то 5,3 миллион квт/с хоҳад буд, бунёд мегардад: Панҷи Поён (1,1 млн. квт/с), Кӯкча (800 ҳазор квт/с), Маскав (800 квт/с), Чумар (2 миллион квт/с), Даштиҷум (5,3 миллион квт/с), Қалъаи Хум (1,5 миллион квт/с). Туган (2 миллион квт/с), Рӯшон (3,1 миллион квт/с). Танҳо нерӯгоҳи Даштиҷум дар сурати сохта шуданаш солона 19 миллиард киловатт/ соат барқ, тавлид карда, талаботи кишварро қариб пурра қонеъ месозад. Ҳоло ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод-2». «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод», «Себзор» корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.
Пас, бубинед, модоме мо ин қадар имкониятҳо дорем, чаро онҳоро истифода накунем, чаро нерӯро, ки дар ҷаҳон ба ин хад арзиши гарон дорад, манбаи асосии содиротамон қарор надиҳем?!
Нерӯгоҳи Рогун бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард квт/с барк, тавлид хоҳад кард. Шаш чархаи он ҳар як 600 мегаватт иқтидор доранд. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хохад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин нерӯгоҳ дар минтақа калонтарин мешавад.
Бунёди он солҳои шӯравӣ огоз шуда буд. Аммо пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрат сохтмон қатъ гардид, ҷанги дохилӣ бошад, корҳои анҷомшударо қариб пурра аз байн бурд.
Бинобар ҳамин, бо талошҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалй Раҳмон баъди истиқлолёбӣ дар Роғун корҳои барқарорсозӣ шурӯъ гардиданд. Қатъи назар аз ҳама мушкилоти сангини иқтисодӣ, монеаҳои сунъии эҷодшуда, кор дар ин ҷо ҳамеша идома дошт. Сохтмон арсаи нангу номуси миллӣ эълон гардид. Мардум даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки алорағми мушкилиҳо мегуфт, агар лозим шавад, мо Роғунро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол карданд ва қувваю нерӯяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона сохтанд.
Ба аҳамияти муҳими нерӯгоҳ дар ҳаёти кишвар Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд ва ана, яке аз ин таъкидҳо: «Рушди устувори иқтисодиёт, ободии Ватан, сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум ва ниҳоят, истиќлолияти воқеии Точикистонро бе бунёди нерӯгоҳи Роғун таъмин кардан амри маҳол аст. Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро таъмин месозад».
Акнун, ки дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҳазорон нафар бетонрезон, кафшергарон, васлгарон, ронандагони мошину булдозерҳои иуриқтидор, лоиҳакашҳо ва намояндагони даҳҳо касбу кори дигар ин ормони миллии мо ба самар расидаасту чархаи навбатии нерӯгоҳ тавлиди барқро оғоз хоҳанд кард, мо ифодаи амалии он ҳама ҷахду талошҳо ва даъватҳои Пешвои миллатамонро барьало шоҳид гардида истодаем.
Роғунро тамоми Тоҷикистон месозад. Дар ин иншооти азим зиёда аз 15 ҳазор нафар одам кор мекунад, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. Роғун ҷоест, ки дар он ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешаванд. Мо, бешубҳа, шоҳиди ба дунё омадани наслҳои комилан нави шаҳрвандонамон ҳастем. Насле бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ, худшиносу худогоҳ, бо мавқеи фаъоли ҳаётӣ. Шуморо намедонам, вале ҳангоме ман гоҳо тавассути телевизион муҳокимарониҳои бунёдкорони оддии Роғунро мешунавам, аз онҳо ҳаловат мебарам. Чӣ қадар суханрониҳои оқилона, андешарониҳои дуруст, бе ягон коғаз ва талқине аз берун.
Роғун барои даҳҳо сохтмонҳои дигари мо мактаби касбу ҳунар, мактаби таҷриба мешавад.
 
 
Мирзошоҳрух Асрорӣ – номзади илмҳои фалсафа,
сарходими илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia